ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

ҲУКМИ ҚАТЛИ БОБАКИ ЗАНҶОНӢ БЕКОР ШУД. МАГАР Ӯ 2 МИЛЛИАРД ЕВРО ҚАРЗАШРО БА ЭРОН БАРГАРДОНД?

Додгоҳи Эрон ҳукми қатли миллиардери эронӣ Бобаки Занҷониро бекор ва ба ҷои ин ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст. Занҷонӣ аз соли 2013 ба ин сӯ, инак беш аз 10 сол боз дар ҳабс қарор дорад ва вакили ӯ гуфтааст, азбаски Занҷонӣ алакай беш аз нисфи ҳукми навашро алакай адо кардааст, метавонад барои раҳоии пеш аз муҳлат дархост бидиҳад.

Бобаки Занҷонӣ, ки як вақтҳо яке аз муҳраҳои калидӣ дар фурӯши нафти Эрон ба шумор мерафт, дар солҳои президентии Маҳмуд Аҳмадинажод дар расонаҳои Эрон ба унвони сарватмандтарин эронӣ дар ҷаҳон ёд мешуд. Худи Занҷонӣ мегуфт, ки ӯ дар вақташ дар дохил ва хориҷ аз Эрон соҳиби 62 ширкати мухталиф буд.   Занҷонӣ дар поёни соли 2013 дастгир ва соли 2016 бо ҷурми фасод ба қатл маҳкум шуд.

Асғар Ҷаҳонгир, сухангӯи додгоҳи Эрон дар нишасти матбуотӣ бо ишора ба “ҳамкорӣ”-и Занҷонӣ  дар солҳои зиндонӣ буданаш гуфт, баъди ба Эрон баргардонидани дороиҳо ва пардохти қарзҳо дархости ӯ барои афв ба додгоҳи Теҳрон пешниҳод шуд.

“Бо тасвиби раиси қувваи қазоия ва созишнома ҳукми эъдоми Занҷонӣ лағв шуд ва ба 20 соли зиндон тағйир ёфт”, – гуфтааст Асғар Ҷаҳонгир.

Расул Кӯҳпоя, вакили дифои Бобаки Занҷонӣ гуфт, бо назардошти он ки муваккилаш беш аз 10 сол боз дар зиндон аст, тибқи қонуну муқаррарот,  Занҷонӣ “имкони аз озодии шартӣ истифода бурданро дорад, зеро мӯҳлати зиндонаш тамом шудааст”.

Дар бораи ҳаҷми пулҳои ба Эрон баргардонидашуда чизе то ҳол гуфта нашудааст.  Мақомоти Эрон қаблан мегуфтанд, ки Занҷонӣ беш аз 2 миллиард евро аз пулҳои фурӯши нафтро ба давлат барнагардонда, ба истилоҳ “аз они худ кардааст”. Дар Теҳрон аз ҷумла бар ин буданд, ки Занҷонӣ миллиардҳои рабудаашро дар Тоҷикистон ё тавассути бонкҳои ин кишвар пинҳон кардааст. Душанбе инро ҳамеша рад мекард.

Чандин сол боз мақомоти эронӣ батакрор мегуфтанд, ки Занҷонӣ танҳо як шонси раҳоӣ аз ҳалқаи дорро дорад, ки агар ҳама пулҳои дуздидаашро баргардонад.

Чархиш дар парвандаи Занҷонӣ моҳи феврали соли 2024 ба мушоҳида расид. Он вақт чанд мақоми баландпояи эронӣ хабар доданд, ки дороиҳо ва амволи Занҷонӣ ба Эрон баргардонда шуд. Аз ҷумла Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжеӣ, раиси қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи 20 феврали соли 2024 аз шиносоии дороиҳо ва амволи Бобак Занҷонӣ дар хориҷ аз Эрон ва интиқоли ин сарватҳо ба Теҳрон хабар дод. Ин мансабдори баландмақоми эронӣ нагуфта, ки ин дороиҳои Занҷонӣ дар кадом кишварҳо шиносоӣ ва ба чӣ шакл: бо пули нақд ва ё тавассути бонкҳои ин кишварҳо ба Эрон фиристода шудаанд? Дар ҳоле ки бонкҳои Ҷумҳурии исломии Эрон таҳти таҳрим қарор дошта, интиқоли чунин маблағҳои ҳангуфт ба Эрон амре хеле муҳол аст.

Алӣ Баҳодурӣ, сухангӯи давлати Эрон низ дар бораи кишваре, ки ин маблағҳоро ба Эрон интиқол додааст, ҷузъиёте ироа накард ва танҳо гуфт, ки “дороиҳои арзии мутааллиқ ба Бобак Занҷонӣ таҳти мудирияти хазинаи давлат масраф хоҳад шуд”.

Номи Бобак Занҷонӣ дар матбуоти тоҷик замоне роҳ ёфт, ки ӯ дар Тоҷикистон маблағгузории ҳангуфте карда, чандин ширкати бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳиро таъсис дод. Аз ҷумла “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ва ғайраҳоро ба Бобак Занҷонӣ нисбат медоданд.

Худи Занҷонӣ ҳам дар додгоҳи Эрон баёнот дода буд, ки гӯё як дастгоҳи махсуси сабти гуфтугӯҳои телефонҳои мобилиро, ки арзиши хеле гарон дорад, муваққатан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон додааст. Гуфта мешуд, ки он вақт чунин дастгоҳро ҳатто Русия надошт.

Аммо баъди боздошти Занҷонӣ, мақомоти Тоҷикистон дар ин кишвар сармояву пул доштани ӯро рад кард. Аз ҷумла Қодир Қосим, ​​раиси вақти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон соли 2015 бо таъкид ба ин ки “Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон моликият надорад”, изҳор дошт, “ин тоҷири эронӣ ҳеҷ гоҳ ба иқтисоди кишвари мо сармоягузорӣ накардааст ва ӯ дар ифтитоҳи терминали Asian Express  дар Душанбе танҳо ба унвони як меҳмони фахрӣ иштирок кардааст”.

 Раиси вақти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов низ ҳамон соли 2015 гуфт, беш азӣ 2 миллиард евро пуле, ки ҷониби Эрон иддао дорад, аз будҷаи Тоҷикистон бештар аст ва “факти интиқоли чунин маблағро пинҳон кардан душвор аст, агар он воқеан сурат гирифта бошад. Мо на як бору ду бор изҳор кардаем ва бори дигар изҳор менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ин маблағҳо рабте надорад”. Ба гуфтаи Ширинов,  ин мавзӯъро ӯ дар дидор бо раҳбарони Бонки марказии Эрон низ матраҳ кард ва “онҳо мутмаин шуданд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба қазияи Бобаки Занҷонӣ рабте надорад”.

Шариф Раҳимзода, раиси вақти кумитаи будҷа ва молияи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва пеш аз он раиси Бонки миллӣ ҳам гуфт, “агар манзур ҷониби Эрон саҳмгузории Бобак Занҷонӣ дар ширкати “Asian Еxpress” бошад, пас дар миёни муассисони ин ширкат исми Занҷонӣ аслан вуҷуд надорад”. Ҳолдинги “Kont-group” низ аз тоҷири зиндонишуда фосила гирифт ва гуфт, ки Занҷонӣ ҳанӯз дар соли 2013 тамоми 100% саҳмияҳои ин ҳолдингро гӯё ба як шаҳрванди Туркия фурӯхтааст.

Дар паи моҷарои пулҳои Занҷонӣ ва ҳамзамон бо рӯ задани қазияи ҳамагӣ се моҳ баъди манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба як анҷуман дар Теҳрон даъват шудани раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Эрон ба таври боварнакарданӣ сард шуд. Тоҷикистон дар шабакаҳои телевизионии худ филми “мустанад”-еро бо 4 забон пахш намуд, ки дар он Ҷумҳурии исломии Эрон ба куштори чеҳраҳои шинохтаи ҷомеа тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳам мешуд. Ҳамчунин қариб ҳамаи донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар Эрон таҳсил мекарданд, маҷбуран ба Тоҷикистон баргардонида, баъзе аз он донишҷӯёнро бо ҷурми “ҷосусӣ” аз 5 то 15 сол равонаи зиндон карданд.

Занҷонӣ соли 1974 дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон таваллуд шудааст. Ӯ  санаи 25-уми декабри соли 2013 ва 6-уми марти соли 2016 бо ҷурми “фасод фи-аларз” ба қатл маҳкум шуд. Вале пас аз 2 рӯзи судури ҳукми қатли Занҷонӣ, раҳбари қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломӣ гуфт, ки “агар оғои Занҷонӣ бо ниҳодҳои қазоия ҳамкорӣ кунад, ин амр дар ҳукмаш таъсиргузор хоҳад шуд”. Баъдан ӯ маънои “ҳамкорӣ”-ро шарҳ дода гуфта буд, ки “ҳар замоне, ки мо пулро дар ҳисоби бонкиамон дидем, мегӯем, ки Бобак Занҷонӣ ҳамкорӣ кардааст”.

Инки иҷрои ҳукми қатли Занҷонӣ инак 8 сол тӯл кашид, баёнгари ин аст, ки дар Теҳрон ин ҳама сол умедвор будаанд, ки билохира Занҷонӣ аз ақл кор мегирад ва пулҳоро бармегардонад. Хабари баргардонидани дороиҳои Занҷонӣ ва лағви ҳукми қатли ӯ нишон медиҳад, ки ин умеди мақомоти Эрон билохира бароварда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button