ВидеоМуҳоҷиронСиёсат

ТАЪҶИЛӢ! ТОҶИКИСТОН АЗ ШАҲРВАНДОНАШ ХОСТ, МУВАҚҚАТАН БА РУСИЯ САФАР НАКУНАНД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар охирин соатҳои шаби 27 апрели соли 2024 бо нашри як тавсияи таъҷилӣ аз шаҳрвандони ин кишвар хост, ки муваққатан аз сафарҳои “бе зарурат” ба Русия  тавассути ҳама гуна воситаҳои нақлиёт худдорӣ кунанд.

 «Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат мувақаттан худдорӣ намоянд», – гуфта мешавад дар баёнияи кӯтоҳи идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар таърихи равобити дипломатии Тоҷикистону Русия ин бори аввал аст, ки Душанбе дар робита ба шароити шаҳрвандонаш нисбат ба Маскав чунин бархӯрди шадид нишон медиҳад.

Дар бораи сабабҳои чунин иқдом  то ҳол ягон шарҳи расмӣ нашр нашудааст, вале коршиносон бар инанд, ки ин қадами Душанбе баёнгари хеле сард шудани муносибатҳо байни ду кишварест, ки дар тӯли беш аз 30 сол нафақат шарики стратегӣ, балки иттифоқчӣ дониста мешуданд.

Ин тавсияи бесобиқа ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо дархости худдорӣ аз сафарҳои “безарурат” ба Русия ва он ҳам “тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт”  дар пайи гузоришҳои расида дар бораи алакай чанд шабонарӯз боз дармондани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русия бо Қазоқистон ва ҳамчунин дар дастикам фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав аст.  Шаҳрвандони тоҷик мегӯянд, танҳо тоҷикҳоро бидуни тафтиши мӯшикофона ба қаламрави Русия роҳ надода истодаанд. Ба гуфтаи онҳо, пеш аз убури марз аз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳатто телефонашро гирифта, дарунашро мекобанд, ки оё соҳибаш ба сомонаҳову каналҳои ифротӣ низ сар зада, барномаҳову мавъизаҳои гуруҳҳои ифротиро тамошо ё гӯш мекард ё не?

Рӯзи 26 апрели соли 2024 ҳатто сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро дар робита ба ин масъала ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват кардаанд ва, дар баробари масоили рушди равобити ду кишвар бо ӯ “зимни мулоқот ҳамчунин мушкилиҳое, ки бо онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Федератсияи Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт”.

“ Ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуд”, – гуфта мешуд дар иттилоияи вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Вале рӯзи 27 апрел Вадим Коженов, раҳбарои Федератсияи муҳоҷирони Русия иддао кард, ки аз номи муҳоҷирон дар бораи поймол шудани ҳуқуқи онҳо ягон шикоят ба дасти ин созмон нарасидааст.

Тафтишҳои мӯшикофонаи маҳз шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Русия бо Қазоқистон ва ҳамчунин дар дастикам фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав рӯзи 22 апрели соли 2024, дуруст як моҳ баъди ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки 145 кушта ба ҷо гузошт, ҷорӣ гардид. Масъулияти он ҳамларо созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт, вале мақомоти Русия талош доранд, ки Украинаро низ дар ин ҳамлаи хунин айбдор кунанд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла дастикам 19 нафар дастгир шудаанд, ки 17 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 нафаре, ки мақомоти Русия омилони асосии ҳамла мешуморанд, аз Тоҷикистонанд.

Нозирони умур  мавриди таваҷҷуҳи вижаи мақомоти Русия қарор гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистонро маҳз ба ҳамин бастагӣ медиҳанд, ки мутаассифона, вақтҳои охир, зодагони Тоҷикистон ба як нирӯи зарбазани созмони террористии ДОИШ табдил ёфтааст ва эмиссарҳои ДОИШ аз тоҷикҳо дар анҷоми ҳамлаҳои дар кишварҳои гуногун хеле зиёд истифода бурда истодаанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи март, ҳанӯз то ҳамлаи хунини “Крокус” аз он изҳори ташвиш карда буд, к и дар 3 соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 кишвари ҷаҳон даст ба амалҳои террористӣ задаанд. Бо 4 омили ҳамлаи Красногорск ин рақами бе ин ҳам мудҳиш ба 28 нафар расид.

Дар пайи ҳамлаи террористӣ дар Маскав ва як силсила чунин ҳамлаҳо дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Афғонистону Эрону Туркия ва ҳатто қасди ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои Аврупо аз сӯи зодагони Тоҷикистон муносибат ба шаҳрвандони тоҷик дар бисёр кишварҳо тағйир ёфт.

Чандин зодаи Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо бо иттиҳоми иртибот бо созмонҳои террористӣ дастгир шуда, ахиран як гуруҳи тоҷикҳоро ба Гурҷистон роҳ надоданд. Туркия бошад аз 20 апрел барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз нав виза ҷорӣ кард.

Дар Русия низ дар пайи ҳамлаи “Крокус” даъватҳо барои ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон ва маҳдудиятҳои дигар барои муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла дигар ба онҳо надодани шаҳрвандии русӣ,  баландтар садо дода истодаанд.

Қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Русия дар айни авҷи мавсими нави муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия шадидтар карда шуд.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Онҳо ҳар сол ба Ватан чанд миллиард доллар пул мефиристанд, ки як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳои тоҷик ва як омили муҳими таъмини пешрафти иқтисод ва савдо дар ин кишвар дониста мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button