ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ТАҲДИДИ ТО 432 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМАИ 3 СОКИНИ ХАТЛОН БАРОИ САЙДИ 150 ШИРМОҲӢ (АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 30 апрели соли 2024 аз боздошти 3 нафаре хабар дод, ки дар давраи тухмгузории моҳиён даст ба шикори ширмоҳӣ задаанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз талафот ва камшавии саршумори моҳиён сайди ин ҷонварон дар Тоҷикистон дар давраи тухмгузориашон кирдори ғайриқонунӣ эътироф гардида,  барои он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Бино ба гузориши РВКД Хатлон, ахиран аз ҷониби кормандони милитсия дар баробари тартиб додани чанд санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамчунин як ҳолати ҷиноятӣ низ ошкор гардид, ки ин кирдори хилофи қонун сабаби дар асоси моддаи 230-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани содиркунандагони он гардид.

Гуфта мешавад, кормандони милитсия дар ҳудуди деҳаи Полвонтӯғайи ноҳияи Қубодиён 3 сокини вилоятро барои сайди ғайриқонунии моҳӣ дастгир карданд. Инҳо:

  1. Юсупов Абдусалом, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Кӯшониён;
  2. Холов Боймаҳмад соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Кӯшониён;
  3. Маҳмадқулов Аслиддин соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Қубодиён мебошанд.

Худи дастгиршудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи милитсия, онҳо  аз рӯи маслиҳати пешакӣ ғайриқонунӣ ба шикори моҳӣ машғул шуда, аз дохили дарёи Вахш дар  ҳудуди ноҳияи Қубодиён бо истифода аз шасти худсози барқӣ (электроудочка) 150 адад ширмоҳиро бо вазни 21 кг сайд карда, ба табиат зарар расонидаанд.

Милитсия гуфт, чунин амалҳои харобиовар ба захира ва афзоиши моҳӣ таъсири манфӣ расонида, саршумори онро ба нобудшавӣ мерасонад. “Шикори ғайриқонунии моҳӣ бо тӯр, маводи кимиёвӣ ва аз ҳама бештар бо шастҳои барқӣ боиси камшавии аксар навъҳои моҳӣ гардидааст”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 230 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонун барои сайди ғайриқонунии моҳӣ ё дигар намуди ҳайвоноти обӣ ҳамчун ҷазо ҷаримаи бузург ба маблағи аз 300 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 21 ҳазору 600 сомонӣ то 144 ҳазор сомониро пешбинӣ мекунад. Яъне ба ин 3 нафар барои сайди 150 ширмоҳӣ дар маҷмӯъ ҷарима ба андозаи то 432 ҳазор сомонӣ, ё наздики 40 ҳазор доллар таҳдид мекунад. Дар ин сурат ҳар килои моҳиҳои шикоркардаи онҳо барояшон беш аз 20 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 2 ҳазор доллар барои ҳар кило ширмоҳӣ тамом хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button