ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

МАСКАВ БА РУСИЯ РОҲ НАЁФТАНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО БА “ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМ” АЛОҚАМАНД КАРД

Вазорати корҳои хориҷии Русия  шоми 27 апрели соли 2024 бори нахуст ба таври расмӣ хабарҳои расида дар бора ба қаламрави Русия роҳ надодани шаҳрвандони Тоҷикистонро шарҳ дод ва дар гузаргоҳҳои марзии Русия муддати тӯлонӣ маътал шудани шаҳрвандони хориҷиро бо “чораҳои пешгирӣ аз терроризм” алоқаманд кард ва умедвори “ҳусни тафоҳум” дар ин бобат шуд.

Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия гуфт: “Дар чорчӯби фаъол сохтани чораҳо ҷиҳати пешгирӣ аз терроризм мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия қатъиян дар чорчӯби қонунгузорӣ ба тафтиши мӯшикофонатари шаҳрвандони хориҷие, ки ба қаламрави кишвари мо медароянд, пардохтаанд. Ба ин сабаб дар гузаргоҳҳои марзӣ, аз ҷумла дар бархе фурудгоҳҳо, ҳангоми гузаштани тафтиши шиносномаҳо одамон маътал мешаванд.  Ҷониби Русия барои ҳарчӣ зудтар ҳал кардани ин вазъи пешомада чораҳои кофӣ андешида истодааст. Умедвори ҳусни тафоҳум дар ин масъала ҳастем”.

Захарова таъкид кард, ки “чунин иқдомот табиати муваққатӣ дошта, сарфи назар аз миллияти шахсоне, ки вориди кишвар мешаванд, сурат мегиранд”. Ӯ афзуд, ки дар айни замон ягон тағйиру илова дар рӯйхатти сабабҳое, ки метавонанд боиси ба марзи Русия роҳ надодани шаҳрвандони хориҷӣ шаванд, изофа нашудааст ва хориҷиён дар сурати доштани ҳама ҳуҷҷатҳои лозим ба Русия роҳ дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шоми 27 апрели соли 2024 бо нашри як тавсияи таъҷилӣ ба шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ тавсия дод, ки “аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат мувақаттан худдорӣ намоянд”.

Дар таърихи равобити дипломатии Тоҷикистону Русия ин бори аввал буд, ки Душанбе дар робита ба шароити шаҳрвандонаш нисбат ба Маскав чунин бархӯрди шадид нишон медиҳад.

Ба назари коршиносон ин қадами Душанбе баёнгари хеле сард шудани муносибатҳо байни ду кишварест, ки дар тӯли беш аз 30 сол нафақат шарики стратегӣ, балки иттифоқчӣ дониста мешуданд.

Ин тавсияи бесобиқа ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи гузоришҳо дар бораи алакай чанд шабонарӯз боз дармондани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русия бо Қазоқистон ва ҳамчунин дар дастикам фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав аст.  Шаҳрвандони тоҷик мегӯянд, танҳо тоҷикҳоро бидуни тафтиши мӯшикофона ба қаламрави Русия роҳ надода истодаанд.

Рӯзи 26 апрели соли 2024 ҳатто сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро дар робита ба ин масъала ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда, нигаронии Душанберо оид ба “ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд”, расонидаанд.

Тщательные проверки граждан связывают с кровавым терактом 22 марта в концертном комплексе  «Крокус Сити Холл» в г. Красногорск под Москвой, где погибли 145 человек. Из 19 задержанных по этому делу 18 обвиняемых, в том числе все четверо, которых считают непосредственными исполнителями, являются уроженцами Таджикистана.

Тафтишҳои мӯшикофонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзҳои Русияро ба ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки 145 кушта ба ҷо гузошт,  бастагӣ медиҳанд. Аз 19 нафари дар робита ба ин ҳамла дастгиршуда, мутаассифона, 17 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 нафаре, ки мақомоти Русия омилони асосии ҳамла мешуморанд, аз Тоҷикистонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button