ИН ЧӢ БЕРАҲМИСТ! СОКИНИ КОНИБОДОМ ҲАМСАРУ КЕЛИН ВА ДУ НАБЕРАИ ХУРДСОЛАШРО КУШТААСТ
Пресса.Тҷ рӯзи 2 апрели соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати куштори бераҳмонаи 4 узви як хонавода дар шаҳри Конибодом дар шимоли Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои нашрия, ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 30-юми март, тахминан соати 15:00 рух додааст.
“Пресса” дар шарҳи ин қазия навишт: “Шаҳрванд Муҳиддинбой Шарипови 65-сола, сокини шаҳри Конибодом дар манзили истиқоматиаш ҳамсараш Майрам Шарипова, келинаш Фирӯза Шарипова ва наберагонаш Абӯбакр Шарипов, хонандаи синфи 3 ва Азиза Шарипова, хонандаи синфи 1-умро бо роҳи эҳтимоли буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст. Баъди ин ҳолат Муҳиддинбой Шарипов худашро низ бо роҳи овехтан ба ҳалокат расонидааст”.
Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нест. Танҳо гуфта мешавад, ки Муҳиддинбой Шарипов гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ набуд ва пеш ягон бор суд ҳам нашудааст. Муҳиддинбой Шарипов соҳиби 3 писар будааст. Ҳамаи онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштаанд.
Сабаби якбораи 4 пайванди худ, аз ҷумла ду набераи хурдсолашро куштани сокини солхӯрдаи Конибодом маълум нест. Ҳоло аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ҳолати мазкур ва сабаби куштор мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Бино ба омори ВКД, дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ 57 ҳолати одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва ҳамчунин 129 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Ин назар ба 58 куштору қасди одамкушӣ ва 137 ҳолати қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки соле қабл сабт шуда буд, камтар аст, вале омори чунин ҷиноятҳои вазнин дар Тоҷикистон боз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад.