ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ВАЗИРИ ХОРИҶАИ РУСИЯ ВАЪДА ДОД, КИ ТАФТИШИ ТОҶИКҲО ДАР МАРЗҲОИ РУСИЯ МУВАҚҚАТӢ АСТ

Рӯзи 30 апрели соли 2024 гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Русияву Тоҷикистон Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин сурат гирифтааст. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки ин суҳбат “бо ташаббуси ҷониби Русия” сурат гирифтааст.  Суҳбати раҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии ду кишвар ҳамагӣ як рӯз баъди он аст, ки сафири Русия дар Душанбе Семён Григоревро ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон эҳзор карда, дар робита ба вазъи ногуворе, ки ба сари муҳоҷирони тоҷик дар Русия овардаанд, ба дасташ нотаи эътирозӣ супурданд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии Русия, Лавров ва Муҳриддин пиромуни масоили доғи равобити дуҷониба табодули афкор кардаанд. Вале тавре аз идомаи гузориш бармеояд, сабаби асосии ин суҳбат ва мавзӯи меҳвариаш маҳз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия будааст.

Хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд:  “Ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи чораҳои мақомоти Русия ҷиҳати пешгирӣ аз терроризм тибқи қонунгузории Русия шарҳҳои иловагии муфассал дода шуд. Ҳаводиси фоҷиавӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” сабаби асосии тафтиши мӯшикофонатари шаҳрвандони хориҷии озими кишвари мо шудааст. Ба таври вижа таъкид шуд, ки ин чораҳои андешидашуда табиати муваққатӣ дошта, ба зидди ягон миллат ё дини мушаххас нигаронида нашудаанд ва вазъ дар гузаргоҳҳо батадриҷ оддӣ шуда истодааст”.

Дар иттилоия ҳамчунин гуфта мешавад, ки “ҷонибҳо дар мавриди зарурати бархӯрди боэҳтиёт  ба равобити мушорикати стратегии Русияву Тоҷикистон, ки аз имтиҳони аём гузаштаанд, ҳифзу таҳкими пешрафти мусбати ин равобит иттифоқи назар доранд”.

30.04.2024.19.00.jpg

Аммо дар ҳоле, ки Лавров иддао дорад, ки гӯё “чораҳои пешгирӣ аз терроризм… ба зидди ягон миллат ё дини мушаххас нигаронида нашудаанд”, иттилоияи расмии  вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз ончӣ ки Маскав мегӯяд, фарқ мекунад. Бар асоси гузориши тарафи Тоҷикистон,  дар ин суҳбате, ки бо дархости ҷониби Русия сурат гирифт, Лавров ва Муҳриддин вазъияти душвореро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия дар натиҷаи чораҳои шадиди мақомоти Русия қарор гирифтаанд, баррасӣ кардаанд ва Сергей Лавров дарки вокуниши ҷониби Тоҷикистонро дар ин бора изҳор доштааст.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кардааст, ки “чунин бархӯрди манфӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои муносибатҳои дуҷониба мувофиқат намекунад”.  Дар робита ба  изҳороти Лавров дар бораи гӯё “алайҳи ягон миллат ё дини мушаххас равона нашудани тадбирҳои андешидашуда”, вазири тоҷик таъкид кардааст, ки “ин бо вазъи воқеӣ мувофиқ нест ва амалҳои манфӣ танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд”.

Сироҷиддин Муҳриддин дар ин замина таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбаташро ба зарурати риояи муқаррароти санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 25 майи соли 1993 ва Шартномаи ҳамкории иттифоқӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба асри 21 нигаронида шуда аз 16 апрели соли 1999 ҷалб кардааст.

Қаблан он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба “чораҳои андешидашуда” дар Русия рӯбарӯ шудаанд, низ гуфтанд, ки мақомоти Русия фақат тоҷикҳоро тафтиши мӯшикофона карда истодаанд. Дар нотаи эътирозие, ки рӯзи 29 апрел ба сафири Русия дар Душанбе супурданд, низ аз “муносибати дағалона нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, ки ба таври оммавӣ дар Федератсияи Русия сурат мегирад” нигаронии ҷиддӣ шуда, таъкид шудааст, ки “ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.

Танишҳо инак, чанд рӯз боз дар равобити байни Душанбе ва Маскав шиддат гирифтаанд. Ин танишҳо дар пайи он аст, ки аз 22 апрел дар марзҳои Русия тафтиши мӯшикофонаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба роҳ андохта, ҳатто телефонҳоро онҳоро тафтиш карда истодааст. Ин боиси дар марзи Русия бо Қазоқистон ва дар фурудгоҳҳо Русия дармондани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон шуд. Ба ҳисоби дипломатҳои тоҷик, то поёни рӯзи 27 апрел танҳо дар фурудгоҳи Внуково 954 шаҳрванди Тоҷикистон чанд шабонарӯз боз дармонда, даҳҳо нафари дигар дар фурудгоҳҳои дигари пойтахти Русия наметавонистанд вориди Русия шаванд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, танҳо дар Внуково алакай 27 тоҷикро ихроҷ карда, ба ихроҷи беш аз 300 тоҷики дигар омодагӣ гирифта истодаанд.

Аммо вазорати хориҷаи Русия  қаблан дар гузаргоҳҳои марзии Русия муддати тӯлонӣ маътал шудани шаҳрвандони хориҷиро бо “чораҳои пешгирӣ аз терроризм” алоқаманд карда буд.

Фишорҳо болои муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъди ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки 145 кушта ба ҷо гузошт, афзоиш ёфтааст. Масъулияти он ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. То имрӯз бо гумони мустақиман ё ғайримустақиман даст доштан дар ҳамлаи “Крокус”  дастикам 19 нафар дастгир шудаанд, ки мутаассифона, 17 нафараш аз Тоҷикистонанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамаи 4 омили ҳамлаи Красногорск низ аз Тоҷикистон буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button