МуҳоҷиронҶомеа

3 АКС: НИШОНАГУЗОРИИ МАКОНҲОИ ЗИСТИ ТОҶИКОН БО НАВИШТАИ “ТОҶИК – ТЕРРОР“ ДАР ШАҲРИ ОРЁЛИ РУСИЯ

Дар шаҳри Орёли Русия дар пайи ҳамлаи террористии моҳи март дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл“  дар чанд биное, ки дар онҳо эҳтимолан зодагони Тоҷикистон кор ё зиндагӣ мекунанд, нишонагузориҳои миллатгароёна бо навиштаи  таҳдидомези “Тоҷик – террор“ пайдо шудаанд. Дар ин бора ба пойгоҳи хабарии маҳаллии “Орёл Таймс” сокини Орёл Ростислав Фомичёв хабар додааст. Ӯ чанд бинои нишонагузоришударо дар кӯчаҳои Силикатная ва Кукушкинро акс ҳам гирифтааст. Дар аксҳо дида мешавад, ки афроди ношинос дар девори ин биноҳо  таҳдидомез “Тоҷик – террор“  навиштаанд.

Ростислав Фомичёв дар шарҳи ин амал гуфтааст: Кадом одамони нобакоре хонаҳоро нишона гузоштаанд! Забонам намегардад барои шарҳи ин амал… Мефаҳмам, ки баъди ҳамлаи Крокус“ мардум нисбат ба муҳоҷирон як эҳсоси маълуме доранд, вале бар асоси рафтори чанд малъун қазоват кардани тамоми як миллат камоли беинсофист“.

“Орёл Таймс” ёдовар шудааст, ки як моҳ пеш, 27 марти соли 2024, дар ҷараёни гуфтугӯи мустақим бо волии вилояти Орёл Андрей Кличков як сокини маҳаллӣ масъалаи аз вилоят ихроҷ кардани тамоми тоҷикҳоро дар байн гузошта буд,  вале Кличков гуфт, касе ин корро нахоҳад кард ва даст ба ихроҷи тамоми тоҷикҳо нахоҳад зад. Волии Орёл гуфт, ӯ аслан тарафдори ҷазои дастаҷамъонаи як халқ барои рафтори чанд нафар нест.

Дар ҷараёни он гуфтугӯи мустақим як зан аз волии Орёл пурсид, ки: “Кай  шумо ҳам мисли дигар шаҳрҳо тоҷикҳоро аз инҷо ихроҷ мекунед? Чаро онҳо мавҷ-мавҷ ба вилояти мо фурӯ рехтаанд? Ба ин масъала таваҷҷуҳ кунед!”

Волии вилояти Орёл Андрей Кличков ба ин зан чунин посух дод:  “Чаро бояд тоҷикҳоро аз кишвар биронем? Набояд ҳамаро бо як шона чену чӯбу шона кард.  Кишвари мо кишвари бисёрмиллата ас. Мафҳуми рус фақат миллат нест, ин як меҳварест, ки дар атрофи он ҳама бояд муттаҳид шаванд. Ва ҳамаи халқҳову динҳову мазҳабҳои дигарро бояд ба сӯи ҳамин нуқтаи меҳварӣ даъват кард. Ман тарафдори бо як шона шона кардани ҳама нестам. Ба фикри ман, ин дуруст нест. Агар касе фикр мекунад, ки метавонад даст ба ҷиноят бизанад, чунин афродро бояд ҷазои сахт дод. Вале ҷинояткорон метавонанд аз ҳар миллат бошанд”.

Рӯзи 22 марти соли 2024 як гуруҳи силоҳбадаст ба издиҳоми бесилоҳ дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл“ дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав ҳамла кард. Бар асари тирборон ва сӯхтори баъдӣ 145 нафар кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла 19 нафар дастгир шудаанд, ки 17 нафари онҳо зодагони Тоҷикистонанд. Бевосита дар чорчӯби парвандаи ҳамлаи “Крокус” 12 нафар дастгир шудаанл, ки 11 нафари онҳо аз Тоҷикистон мебошанд.

Аксҳо аз: Ростислав Фомичев

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button