ВидеоМуҳоҷиронТоҷикистонҲуқуқи инсон

РУСИЯ ДАР 4 РӮЗ ТАНҲО АЗ ФУРУДГОҲИ ВНУКОВО 643 ТОҶИКРО ДЕПОРТ КАРДААСТ

Аз 26 то 30-юми апрели соли 2024 ( то соати 20:00) аз 3 ҳазору 101 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба фурудгоҳи Внуково ворид шуда буданд, мақомоти Русия 643 нафарашонро Русия баъди боздошти чандинрӯза ихроҷ кардаанд. Дар ин бора ба хабаргузории ”Азия-Плюс” аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, гуфтаанд, ки ихроҷи оммавии ин садҳо шаҳрванди Тоҷикистон “бидуни шароити мувофиқ” сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вазорат, ба ғайр аз ин, нисбат ба боз 117 шаҳрванди дигари Тоҷикистон қарори ихроҷ аз қаламрави Русия қабул шудааст.

“Дар ҳоли ҳозир ин шаҳрвандон низ дар боздоштгоҳҳои муваққатии фурудгоҳи Внуково дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва мунтазири интиқол ба ватан ҳастанд”, – гуфтаанд дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Дар вазорат ҳамчунин афзудаанд, ки чунин вазъияти душвор дар фурудгоҳҳои Шереметево, Жуковский ва Домодедово низ ҳамчунон мушоҳида мешавад.

Бо дарназардошти ин, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бори дигар ба таври қатъӣ ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки дар ҳоли ҳозир аз сафар ба қаламрави Русия худдорӣ кунанд. Ин вазорат ҳафтаи гузашта низ аз шаҳрвандон хоста буд, ки аз сафар ба Русия бо ҳама гуна намуди нақлиёти чӣ заминӣ ва чӣ ҳавоӣ худдорӣ кунанд.

Хабари ба сурати оммавӣ аз Русия ихроҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистонро манобеи дигар низ тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, дар ҳар ҳавопаймое, ки ин шабу рӯз аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, ҳатман чанд муҳоҷири ихроҷшуда ҳаст. Аксари онҳо шаҳрвандонеанд, ки тоза ба Русия рафта буданд, вале онҳоро аз фурудгоҳ пас гардонда, иҷозати вуруд ба он кишвар надодаанд.

Фишорҳо ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъди ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав афзоиш ёфт. Ин ҳамла 145 кушта ба ҷо гузошт ва 17 нафар аз 19 нафари бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла дастгиршуда зодагони Тоҷикистонанд.

Аз 22 апрели соли 2024 дар марзҳои Русия тафтиши мӯшикофонаи шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз ёфт. Муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия ҳатто телефонҳои онҳоро гирифта, тафтиш карда истодааст. Ин боиси дар марзи Русия бо Қазоқистон ва дар фурудгоҳҳои Русия, асосан дар Внуково ва дигар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав дармондани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон шуд.

Чунин бархӯрд нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон боиси таниши ҷиддие дар равобити Душанбе бо Маскав шудааст.

Рӯзи 29 апрел ҳатто сафири Русия дар Душанберо ба як гунаи хеле камсобиқа дар таърихи равобити дипломатии Тоҷикистону Русия ба вазорати хориҷа даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурданд, ки дар он аз “муносибати дағалона нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, ки ба таври оммавӣ дар Федератсияи Русия сурат мегирад” изҳори игаронии ҷиддӣ шуда, таъкид шудааст, ки “ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.

Дар пайи ин нота, рӯзи 30 апрел вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин занг зада, фаҳмонданӣ шудааст, ки гӯё  тафтишҳои мӯшикофонаи шаҳрвандони хориҷӣ дар пайи ҳамлаи хунини “Крокус” бо мақсади “пешгирӣ аз терроризм” амалӣ мешаванд ва “ин чораҳои андешидашуда табиати муваққатӣ дошта, ба зидди ягон миллат ё дини мушаххас нигаронида нашудаанд”.

Аммо Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кардааст, ки “чунин бархӯрди манфӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои муносибатҳои дуҷониба мувофиқат намекунад”.  Дар робита ба  изҳороти Лавров дар бораи гӯё “алайҳи ягон миллат ё дини мушаххас равона нашудани тадбирҳои андешидашуда”, вазири тоҷик таъкид кардааст, ки “ин бо вазъи воқеӣ мувофиқ нест ва амалҳои манфӣ танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд”.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Он чанд миллиард доллар пуле, ки муҳоҷирони тоҷик ҳар сол ба Ватан мефиристанд, як манбаи умдаи таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва ҳамчунин як омили муҳими таъмини рушди иқтисодӣ савдо дар ин кишвари фақири пасошӯравӣ дониста мешавад.

Ихроҷи ҳар муҳоҷири тоҷик аз Русия ба маънои аз як манбаи муҳими даромадаш маҳрум шудани дастикам як оила дар Тоҷикистон аст.

Аммо хабарҳо дар бораи банд мондани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар марзҳо ва фурудгоҳҳои Русия бисёре аз муҳоҷиронро нигарон кардааст ва онҳо намедонанд, ки имсол ҳам ба муҳоҷират бираванд ё то беҳтар шудани вазъият сабр кунанд? Ин дар ҳолест, ки ин шабу рӯз маъмулан рӯзҳои авҷи мавсими муҳоҷират аз Осиёи Марказӣ ба Русия ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button