БО РАҚАМҲОИ “КРУТОЙ”-И 10 00 ВА 11 11: БОЗДОШТИ 3 РОНАНДА БАРОИ ХУДНАМОӢ ДАР РӮЗИ ТӮЙ (3 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 30 апрели соли 2024 аз боздошти 3 ронандаи мошинҳои “БМВ” барои худнамоӣ ҳангоми ҳаракати гурӯҳии воситаҳои нақлиёт дар ҷараёни иштирок дар маросими тӯй хабар дод. Ду мошини “БМВ” рақамҳои ба қавле “крутой” (10 00 ва 11 11) дошта, рақами якеи дигараш (07 46) “хоксорона” будааст.
Милитсияи пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, мутаассифона, бархе аз ронандагон оддитарин қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, боиси халалдор гаштани назму тартибот мегарданд.
Ба гуфтаи милитсия, махсусан, зимни иштирок дар маросими арӯсиву домодӣ дар бештари маврид ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳаракати гурӯҳиро ташкил намуда, дар баробари роҳи мошингардро пурра банд кардан, ҳамзамон ҳолати сунъии тамбашавии воситаҳои нақлиётро ба вуҷуд оварда, боиси норозигии дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мегарданд.
Аз ҷумла, санаи 27-уми апрели соли 2024, зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, ронандагони се мошини тамғаи «БМВ», зимни иштирок дар маросими тӯй, ҳаракати гурӯҳӣ ташкил намуда, роҳро пурра банд карда, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод кардаанд.
Аз ҷониби кормандони милитсия ҳар се ронанда боздошт карда шуданд. Инҳо:
- ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди давлатиаш 10 00 HD 01, Раҳмонов Маҳмадҷон Қурбонмаҳмадович, санаи таваллудаш 09.04.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад;
- ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди давлатиаш 11 11 ОТ 01, Ҷӯраев Иқбол Шамшодович, санаи таваллудаш 06.08.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак-2 ва
- ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди давлатиаш 07 46 МЕ01, Кадиров Фирӯз Истампулодович, санаи таваллудаш 09.09.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мир мебошанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 328 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадомеро ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба андозаи 360 сомонӣ, ё беш аз 30 доллар ҷарима бастаанд.



