ФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ БУРҲОН МАМАДҚУЛОВ – УСТОДИ ОПЕРАИ ТОҶИК

Рӯзи 1 январи соли 2022  қалби устоди ҳунари овозхонии академӣ-классикии тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Бурҳон Мамадқулов дар синни 77  аз тапидан бозмонд.

Бурҳон Мамадқулов 27 майи соли 1945 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 1963 Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе (ҳоло Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов) ва соли 1967 Консерваторияи давлатии ш.Москва ба номи П.И.Чайковскийро бо ихтисоси овозхони академӣ хатм кардааст. Ӯ солҳои 1968-1969 дар Театри калони СССР таҷриба андӯхта, аз соли 1970 дар тӯли беш аз 50 сол сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ буд. Бурҳон Мамадқулов ҳамзамон солҳои 1994-1996 ба сифати сароянда дар ансамбли шашмақомсароёни Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ кор кардааст.

 Ӯ бо навҷӯӣ ва санъати баланди овозхонӣ ба дунёи созу овоз дохил шуда, сурудҳои халқию классикиро бо тамоми нозукиҳояш адо мекард, вале бештар ҳамчун сарояндаи санъати академӣ ном баровардааст. Истеъдодаш бахусус дар иҷрои партияҳои асосӣ ва операҳои миллӣ ва классикии русу Ғарб, амсоли «Шӯриши Восеъ»-и С.Баласанян, «Қишлоқи тиллоӣ», «Лаънаткардаи халқ»-и Д.Дӯстмуҳаммадов, «Комде ва Мадан»-и З.Шаҳидӣ, «Ибни Сино»-и М.Бафоев ва ғайра ҳувайдо гардидааст.

Бурҳон Мамадқулов таҳти роҳбарии Артисти халқии СССР Аҳмад Бобоқулов (1931-1990) маҳорати ҳунариашро дар иҷрои мусиқии халқию классикӣ такмил додааст. Ӯ дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди шӯравӣ, мамолики хориҷӣ, ҷашнвораҳои мусиқии ватанию хориҷӣ иштирок кардааст. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва солхои охир дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ба шогирдон нозукиҳои санъати вокалиро дарс медод ва аз соли 20003 унвони профессорро ба даст овардааст.

Бурҳон Мамадқулов барои хидматҳои шоистааш бо орденҳои «Нишони фахрӣ» (1977) ва «Шараф» (1999) сарфароз гардидааст. Соли 1977, вақте ки ҳамагӣ 32 сол дошт, Бурҳон Мамадқулов сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон гардида, соли 1990, дар синни 45 сазовори унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button