ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ҶУМЪАХОН ҚУРБОНОВ – 17-УМИН ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВ КИСТ? (ВИДЕО)

Телеграм-канали додгоҳҳои шаҳри Маскав Московские суды общей юрисдикции хабар дод, ки рӯзи 27 апрели соли 2024 додгоҳи ноҳияи Басманнийи пойтахти Русия дархости тафтишотро қонеъ сохта, боз як нафари муттаҳам ба даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскавро ба ҳабс гирифт. Ҷумъахон Бегиҷонович Қурбонов барои 26 рӯз, яъне то 22 майи соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯ низ бар асоси моддаи 205, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии Русия ба даст доштан дар амали террористӣ айбдор мешавад.

Худи Ҷумъахон Қурбонови 21-сола ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, ки Телеграм-канали додгоҳҳои шаҳри Маскав иқтибос кардааст, гӯё «Қурбонов нақши ҷиноии таъмини пул барои тайёр кардани амали террористӣ, аз ҷумла таъмини аъзои гуруҳи муташаккил бо васоити алоқаи мобил ва пардохти пулашонро ба дӯш доштааст”. Тафтиши ин иддао тавассути манобеи дигар ҳанӯз муяссар нашудааст.

Мақомоти тафтишот ва додгоҳ дар бораи шахсияти Ҷумъахон Қурбонов ва айбномаи зидди ӯ тафсилоти дигар надодаанд, вале расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки гӯё ӯ барои омилони ҳамлаи “Крокус” телефонҳои мобил дода, пули хидматрасонии ширкатҳои мобилро низ пардохт мекардааст.

Ба расонаҳо ҳамчунин маълум шуда, ки Ҷумъахон Қурбонов соли 2003 дар ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон ба дунё омада, дар Маскав ғайриқонунӣ ба сар мебурд ва низ ғайриқонунӣ кор мекард. Бино ба гузоришҳо, ӯ дар як ҳостел дар  ҳудуди ноҳияи Хорошево дар шимоли Маскав ҳамроҳи бародараш Сӯҳроб Қурбонов зиндагӣ мекардааст.

Як корманди ин ҳостел ба  РИА Новости гуфт, ки  ҳамроҳи Ҷумъахон Қурбонов бародари ӯро ҳам дастгир карда буданд, вале дар бораи сарнавишти ӯ дигар чизе ба онҳо маълум нест. Сӯҳроб Қурбонов дигар ба он ҳостел барнагаштааст.

Дар додгоҳи ноҳияи Хорошево ба РИА Новости гуфтаанд, ки Сӯҳроб Бегиҷонович Қурбонов қаблан бо ҷурми майдаавбошӣ ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд. Дар қарори додгоҳ  баёноти Сӯҳроб Қурбонов низ оварда шудааст, ки гуфтааст, дар макони ҷамъиятӣ бо бародараш бо истифода аз алфози қабеҳ туюман кардааст ва сипас аз иҷрои амри кормандони пулис низ саркашӣ карда, бо онҳо ҳам қадбақад шудааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё тафтишот Сӯҳроб Қурбоновро низ мисли бародараш ба даст доштан дар ҳамлаи хунини “Крокус” айбдор мешуморад ё на? Дар бораи боздошт шудани ӯ дар чорчӯби парвандаи ин ҳамлаи пурсарусадои террористӣ ягон хабар то ҳол ба даст нарасидааст.

Шоми 22 марти соли 2022 афроди мусаллаҳ вориди толори консертҳои “Крокус Сити Холл” дар Красногорск шуда, издиҳомро тирборон карданд. Ин ҳамла 145 кушта ба ҷо гузошт: Бар асари ин тирборон 40 нафар ва боз 105 нафари дигар дар сӯхторе, ки биноро фаро гирифт, кушта шуданд.

Мустақиман дар робита ба ин ҳамла 12 нафар боздошт шудаанд, ки 11 нафараш зодагони Тоҷикистонанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамаи он 4 нафари мусаллаҳе, ки вориди бино шуда, мардумро тирборон карданд, низ аз Тоҷикистонанд.

Бар илова, дар поёни моҳи март дар ҷумҳурии Доғистон 3 нафар – ду зодаи Тоҷикистон ва як доғистонӣ, дар аввали моҳи март дар Маскаву Омску Екатеринбург боз 3 нафари дигар ва дар миёнаҳои моҳи апрел як нафари дигар бо номи Ашӯров дар вилояти Твер ба даст афтоданд.

Дар умум, бо иттиҳомоти марбут бо ҳамлаи террористии “Крокус” дар Русия  то имрӯз 19 нафар дастгир шудаанд, ки 17 нафараш аз Тоҷикистон, якеи дигар аз Қирғизистон ва як тани дигар аз Доғистонанд.

Дар пайи ин ҳамла мақомоти Русия дар марзҳои худ тафтиши шаҳрвандони Тоҷикистонро хеле сахт кардаанд ва ин боиси дар гузаргоҳҳо марзӣ дармондани садҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик шудааст.

ин 4 нафарро омилони ҳамлаи “Крокус” мешуморанд

То имрӯз исми 15 нафар аз дастгиршудагон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” маълум шудааст. Инҳо:

Афроди муттаҳам ба анҷоми ҳамла:

  1. Фаридуни Шамсиддин, саркардаи эҳтимолии ҳамлагарон, зодаи деҳаи Лойоб дар канори шаҳри Ҳисор
  2. Саидакрами Раҷабализода, зодаи шаҳри Ваҳдат
  3. Далерҷон Мирзоев, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ
  4. Муҳаммадсобир Файзов, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ

Афроди муттаҳам ба кумак ба ҳамлагаро:

  1. Алишер Қосимов, зодаи шаҳри Ӯши Қирғизистон, шаҳрванди Русия, Фаридуни Шамсиддин дар Красногорск хонаи ӯро иҷора гирифта буд.
  2. Исроил Исломов, падар
  3. Аминджон Исломов, писари калонӣ
  4. Диловар Исломов, писари хурдӣ. Соҳиби қаблии мошини рангаш сафеди тамғаи “Рено”, ки дар ҳамла истифода шуд. Исломовҳо худро бегуноҳ мешуморанд. Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфта буд, ки Исломовҳо ҳамлагаронро нафақат бо мошину манзил таъмин кардаанд, балки барои онҳо пул ҳам интиқол додаанд.
  5. Лутфуллои Назримад, зодаи шаҳри Душанбе. Дар як ҳостел дар назди истгоҳи метрои “Шёлковская” зиндагӣ мекард. Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо дар “Крокус” дар шоми ҳамла дастгир шуд. Мисли Юсуфзода, ӯро ҳам дар аввал барои саркашӣ аз иҷрои амри пулис 15 шабонарӯз ҳабс карда, баъдан ба зиддаш бо иттиҳоми терроризм парванда кушоданд.
  6. Яъқубҷони Давлатхони Юсуфзода, зодаи Ҳисор. Тафтишо  бар ин аст, ки ӯ ғайриқонунӣ дар сохтмон кор мекард ва чанд рӯз қабл аз ҳамла аз корти бонкиаш ба яке аз ҳамлагарон барои пули иҷораи хонаашон пул гузаронда, баъди анҷоми ҳамла низ ба яке аз ҳамлагарон як миқдори дигар пул гузарондааст. Ӯро дар ҷараёни амалиёти “Нелегал” дастгир кардаанд.
  7. Шарифзода Муҳаммад Зоир. Дар бораи чӣ нақш доштани ӯ дар ҳамлаи “Крокус” ягон маълумот нашр нашудааст.
  8. Абдувоҳид Файзуллоев
  9. Рустам Саидзода мебошанд. Ин 2 нафари охир рӯзи 31 март дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия дастгир шуданд. Онҳоро ба интиқоли пул ва силоҳ барои омилони ҳамлаи рӯзи 22 март дар “Крокус” ва ҳамчунин ба тайёрӣ барои анҷоми як ҳамлаи дигари террористӣ дар шаҳри Каспийски Доғистон айбдор мекунанд.
  10. Ашӯров, сокини Твер. Ба он айбдор мешавад, ки бародарон Исломовҳоро дар хонааш сабти ном кардааст.
  11. Қурбонов Ҷумъахон Бегиҷонович, зодаи Фархор. Ба таъмини омилони ҳамлаи “Крокус” бо пул ва васоили алоқа (телефонҳои мобил) айбдор мешавад.

То кунун исми 4 муттаҳами боқимонда, аз ҷумла як сокини Доғистон, ки рӯзи 30 март дар шаҳри Каспийск дастгир шуд, ва се нафари дар аввали моҳи апрел дар Маскаву Екатеринбург ва Омск аз ҷониби кормандони ФСБ боздоштгардида  нашр нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button