ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ТАНҲО ДАР ФУРУДГОҲИ ВНУКОВОИ МАСКАВ ҚАРИБ 1000 ТОҶИКРО БА РУСИЯ РОҲ НАДОДААНД

Намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ рӯзи 28 апрели соли 2024 дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи вазъи шаҳрвандони тоҷики дар фурудгоҳҳои пойтахти Русия дармонда, гуфт, ки вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳҳои Маскав дармондаанд, мураккаб боқӣ мемонад”.  Посухи ӯро сомонаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон нашр кардааст.

Бино ба иттилои вазорати хориҷа, вазъи шаҳрвандони тоҷик ба хусус дар фурудгоҳи Внуково сахт буда, дар минтақаи муваққатан нигоҳ доштани шаҳрвандон дар ин фурудгоҳ дар як шароите, ки ҷавобгӯи меъёрҳои беҳдоштӣ нест, ба ҳолати то поёни рӯзи 27 апрел 954 шаҳрванди Тоҷикистон  қарор доштанд. Самадӣ гуфт, “дар байни шаҳрвандони дармонда донишҷӯёни тоҷике ҳам ҳастанд, ки тибқи квотаҳои ҳукумати Русия дар қаламрави он кишвар таҳсил мекунанд”.

Ба ҳисоби вазорат, баъди интизориҳои чандинсоата аз миёни шаҳрвандони тоҷики дар Внуково дармонда ба 322 нафар иҷозати вуруд ба қаламрави Русия додаанд.

 “Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомоти Русия қасд доранд, ки 306 нафарро ба “рӯйхатти ихроҷшавандагон” шомил кунанд. Шумори шаҳрвандони алакай ихроҷшуда ба 27 нафар расидааст. Чунин чораҳои маҳдудкунанда истисноан нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудаанд”, – таъкид шудааст дар посухи вазорат.

Шоҳин Самадӣ

Шоҳин Самадӣ гуфтааст, ки вазъ дар фурудгоҳҳои дигари пойтахти Русия: Жуковский, Домодедово ва Шереметево низ мураккаб буда, даҳҳо шаҳрванди дар ин фурудгоҳҳо дармондаи Тоҷикистон низ дар шароити хеле номуносиб қарор доранд.

 “Ба далели он, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо миқдори кофии хӯроки гарм таъмин карда намешаванд, дипломатҳои тоҷик дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик ба фурудгоҳи Внуково хӯрокворӣ мебаранд. Бар илова, бо мақсадидар ҷояш расондани кумаки зарурӣ ба ҳамватанон, хадамоти консулии намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав ситоди фаврии шабонарӯзӣ ташкил додааст”, – хабар додааст намояндаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шоми 27 апрели соли 2024 бо нашри як тавсияи таъҷилӣ аз шаҳрвандони ин кишвар хост, ки муваққатан аз сафарҳои “бе зарурат” ба Русия тавассути ҳама гуна воситаҳои нақлиёт худдорӣ кунанд.

 «Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат мувақаттан худдорӣ намоянд», – гуфта мешавад дар баёнияи кӯтоҳи идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар таърихи равобити дипломатии Тоҷикистону Русия ин бори аввал аст, ки Душанбе дар робита ба шароити шаҳрвандонаш нисбат ба Маскав чунин бархӯрди шадид нишон медиҳад.

Аз ин қабл, рӯзи 26 апрели соли 2024 сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карданд. Бино ба иттилои вазорат, дар суҳбат бо сафири Русия “мушкилиҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт” ва “ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуд”.

Ин тавсияи бесобиқа ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо дархости худдорӣ аз сафарҳои “безарурат” ба Русия ва он ҳам “тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт”  дар пайи гузоришҳои расида дар бораи алакай чанд шабонарӯз боз дармондани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русия бо Қазоқистон ва ҳамчунин дар дастикам фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав буд.  Шаҳрвандони тоҷик мегӯянд, танҳо тоҷикҳоро бидуни тафтиши мӯшикофона ба қаламрави Русия роҳ надода истодаанд. Ба гуфтаи онҳо, пеш аз убури марз аз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳатто телефонашро гирифта, дарунашро мекобанд, ки оё соҳибаш ба сомонаҳову каналҳои ифротӣ низ сар зада, барномаҳову мавъизаҳои гуруҳҳои ифротиро тамошо ё гӯш мекард ё не?

Вазорати корҳои хориҷии Русия  шоми 27 апрели соли 2024 дар гузаргоҳҳои марзии Русия муддати тӯлонӣ маътал шудани шаҳрвандони хориҷиро бо “чораҳои пешгирӣ аз терроризм” алоқаманд кард. Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия гуфт: “Дар чорчӯби фаъол сохтани чораҳо ҷиҳати пешгирӣ аз терроризм мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия қатъиян дар чорчӯби қонунгузорӣ ба тафтиши мӯшикофонатари шаҳрвандони хориҷие, ки ба қаламрави кишвари мо медароянд, пардохтаанд. Ба ин сабаб дар гузаргоҳҳои марзӣ, аз ҷумла дар бархе фурудгоҳҳо, ҳангоми гузаштани тафтиши шиносномаҳо одамон маътал мешаванд.  Ҷониби Русия барои ҳарчӣ зудтар ҳал кардани ин вазъи пешомада чораҳои кофӣ андешида истодааст. Умедвори ҳусни тафоҳум дар ин масъала ҳастем”.

Захарова таъкид кард, ки “чунин иқдомот табиати муваққатӣ дошта, сарфи назар аз миллияти шахсоне, ки вориди кишвар мешаванд, сурат мегиранд”. Ӯ афзуд, ки дар айни замон ягон тағйиру илова дар рӯйхатти сабабҳое, ки метавонанд боиси ба марзи Русия роҳ надодани шаҳрвандони хориҷӣ шаванд, изофа нашудааст ва хориҷиён дар сурати доштани ҳама ҳуҷҷатҳои лозим ба Русия роҳ дода мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button