ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ПЕТЕРБУРГ БА МУҲОҶИРИ ӮЗБЕК БАРОИ НАҶОТИ ОДАМОН … ЛИБОСИ КОРӢ ВА СУРАТ ТУҲФА КАРДААНД (ВИДЕО)

Ҳокими ноҳияи Адмиралтейскийи шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо нашри чанд акс дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” хабар дод, ки ба муҳоҷири ӯзбек Олимҷон Иброҳимов барои наҷоти одамон аз сӯхтор … либоси кории роҳрӯбӣ ва ҳамчунин як наққоширо, ки ба гуфтаи ӯ, кӯдакон махсус барои ин роҳрӯби қаҳрамон кашидаанд, тӯҳфа кардааст.

Олимҷон Иброҳимовро барои тавассути “лӯлаҳо чолокона ба қабати сеюми бино баромадану ба кумаки сокинон шитофтанаш ҳатто  “Марди анкабут” (“Человек-паук”, “Spiderman”) ном додаанд.

Ва аммо туҳфаҳои барои ин марди қаҳрамон интихобкардаи раиси ноҳия бисёриҳоро норозӣ кард.

Корбарон Сергей Оверчукро изо додаанд, ки наход барои қадрдонии қаҳрамон ба ҷои ордену медал ва мукофоти арзишманд ба ӯ  либоси корӣ  туҳфа кунад?

Шарм бояд доред! Либоси кориро бе ин ҳам бояд бидиҳанд. Туҳфа кардани наққошӣ ба одаме, ки як маоши ночиз мегирад, мисли ба рӯяш туф каран аст. Медалу мукофот муносибтар буд, вале ҳамчун аломати қадрдонӣ барои наҷоти одамон туҳфа кардани либоси корӣ ва наққошӣ ин ниҳояти уфт аст! Ҳатто як таъхим қиматтар аз ин буд! – навиштааст Кирилл Малинин.

Дар қалбу мағзи инсон чӣ хаёле бояд бошад, ки ба одаме, ки бо ҷони худ ба хотири наҷоти одамон риск кард, як наққошӣ аз мағозаи Ашан-ро бигириву туҳфа кунӣ?! – менависад Наталя Иванова.

Ҳамин тавр, чандин нафар хитоб ба раиси ноҳияи Адмиралтейский Сергей Оверчук навиштаанд:

“Сергей, шумо худатон аз туҳфа кардани ин чизҳо шарматон наомад?”

Соати шашуними субҳи 25 апрели соли 2024 дар Санкт-Петербург роҳрӯби зодаи Ӯзбекистон Олимҷон Иброҳимов бо лӯлаҳо ба қабати сеюми бино баромада, чанд нафарро аз манзиле, ки оташ гирифта буд, берун овард ва наҷот дод. Лаҳзаи ба воситаи лӯлаҳо чолокона ба кумаки одамон шитофтани ӯро кадоме аз роҳгузарон сабт ва дар Интернет нашр кард. Ин видео ба яке аз видеоҳои пуртамошобини рӯзҳои охир табдил ёфтааст.

“Ӯ қаҳрамони воқеист!” – менависанд тамошобинони ин видео.

Сӯхтор дар як бинои таърихӣ дар кӯчаи Подолская, 39 дар маркази Петербург субҳи барвақт, соати 6:30 оғоз ёфта, пурра фурӯ нишонданаш 6 соат,  то соати 12:32 тӯл кашид. Аз маҳалли сӯхтор 10 нафар, ҳамчунин як сагу як гурбаро наҷот доданд. Хушбахтона, дар ин офат касе осеб надидааст. Аз ҷумла бо шарофати  Олимҷон, ки яке аз аввалинҳо шуда ба кумаки мардум шитофт.

Олимҷон дар суҳбат бо нашрияи “КП-Санкт-Петербург”  ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард:

Соат шаши субҳ буд ва ман тоза ба кор омада будам. Дидам, ки аз тирезаи як хона алангаи оташ ба ҳаво хестааст. Зуд ба идораи сӯхторнишонӣ занг зада, хабар додам. То замони расидани онҳо, сӯхтор чунон доман густурда буд, ки лдамон аз тирезазло берун шуда, худро аз карниз овезон карда буданж. Дидам, ки занҳо доду фарёд доранд ва мехоҳанд ки худро аз қабати сеюми бино ба замин партоянд. Ман аввал аз поён ба онҳо гуфтам, ки: “Худро напартоед, шуморо ҳоло наҷот медиҳанд. Фақат напартоед худатонро!” Вале медидам, ки онҳо ҳамоно доду фарёд доранд, Ба худ гуфтам, ки бояд ба кумаки одамон бишитобам…

Ва Олимҷон мисли акробат бо лӯла ба қабати сеюми бино баромад ва ба занҳое, ки дигар маҷоли худро нигоҳ доштан дар карниз надоштанд, кумак кард, то ба лӯлаи об бичаспанд. Дар ин лаҳза сӯхторнишонҳо низ билохира зинапояи худро гузоштанд ва Олимҷон ба занҳо кумак карда, онҳоро бо зинапояи амнтар то поён фаровард.

Олимҷон 48 сол дошта, 7 сол қабл баъди ба нафақа баромаданаш аз Ӯзбекистон ба Петербург кӯчид ва ҳамроҳи зану духтараш дар як бригада дар ЖКС-2, яъне хадамоти манзилию коммуналии ноҳияи  Адмиралтейский кор мекунад. “Майдони кори мо хеле бузург аст: вазифаи мо тоза кардани 90 даромадгоҳ аст”, – нақл мекунад Олимҷон.

Дар ҷои кораш дар ЖКС-2 низ аз Олимҷон Иброҳимов ситоиш мекунанд. Сардори ӯ Милашина гуфт: “Ӯ дар ҳақиқат қаҳрамон аст. Мо ба кори ӯ ягон эрод надорем. Соли гузашта ӯро ҳатто бо ифтихорнома қадрдонӣ карда будем”.

Олимҷон Иброҳимов чусту чолокиеро, ки ҳангоми наҷоти одамон нишон дод, натиҷаи солҳои хидмат дар артиши Ӯзбекистон хондааст:

– Ман дар Ӯзбекистон 15 сол дар саффи нирӯҳои десантӣ хидмат кардам, машқи бокс ҳам мекардам ва аз ин рӯ, азбаски аз лиҳози ҷисмонӣ тамрини хуб дидаам, дар он ҳолат тавонистам зуд вокуниш кунам. Мо ҳангоми хидмат ҳар рӯз чандсоатӣ машқ мекардем. Барои мисол, бояд бо қувваи танҳо як даст ба қабати ҳафтум ва ҳатто нӯҳуми бино мебаромадему мефаромадем. Ман дар солҳои хидмат ҳатто устоди варзиш дар намуди бокс шудам. Фикр мекунам, ки агар лозим меомад, то қабати ҳафтуми бино ҳам баромада метавонистам.  Ҳамааш хеле зуд рух дод. Ман наметавонистам дар поён биистаму онҳоеро, ки доду фарёд доштанд, тамошо кунам. Ҳамаи мо инсонем, бояд ба якдигар ёрӣ бирасонем.

Олимҷон Иброҳимов соли гузашта низ як занро ҳангоми сӯхтор дар кӯчаи Верейская наҷот дода буд. Барои он корнамоӣ ӯро бо ифтихорнома қадрдонӣ карда буданд.

 “Кумак кардан ба якдигар қарзи инсонии мост. Худованд ҳамаи инро мебинад”, – мегӯяд ин роҳрӯби хоксор аз Фарғона.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button