ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

СЕЛУ ОБХЕЗӢ ДАР 6 МИНТАҚАИ ТОҶИКИСТОН. ХУШБАХТОНА, КАСЕ ОСЕБ НАДИДААСТ (4 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки  тайи рӯзи 28 апрели соли 2024 дар дастикам 6 минтақаи ҷумҳурӣ селу обхезӣ ба амал омадааст.

Аз ҷумла рӯзи 28 апрели соли 2024, соати 16:30 боронҳои шадид сабаби аз теппаҳои атроф омадани селҳо дар ҳудуди деҳаҳои Шараф, Садоқат ва Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ шуд. Оби сел роҳи мошингардро зери об кард. Аммо ин сел ба хоҷагиҳо зарар нарасондааст.

Боз ҳам рӯзи 28 апрел, соати 15:40 аз теппаҳои атроф ба деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Галаободи ноҳияи Хуросон сел омад ва роҳи мошингардро пур кард. Соати 20:45 лойоба 18 ҳавлии сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросонро хароб кард. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад ва мизони зарари расидаро муайян мекунад.

Худи ҳамон рӯз соати 17:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ боронҳои шадид сабаби баланд шудани сатҳи об дар канали Ҳоҷиқалъаи деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти ба номи Ғиёсови ноҳияи Ҷомӣ шуд. 

Дар натиҷа 13 қитъаи наздиҳавлигии сокинон ва роҳи деҳа зери об шуд. Ин ҷо низ Комиссияи ҲФ фаъолият мекунад ва корҳои бартараф кардани паёмадҳои он идома дорад. 

28 апрели соли 2024 бар асари борони пуршиддат дар мавзеъи Нобиноёни (Лағмон-2) шаҳри Кӯлоб сатҳи оби дарёи Кӯлоб боло рафт ва хатари шуста шудани соҳилҳои чап ва рости рӯдхона ба миён омад.

 Барои бартараф кардани ҳолати ба миёномада бо ёрии техникаи вазнини муҳандисӣ дар масофаи 150 метр маҷрои дарё тағйир дода шуд. Ҳамчунин дар маҳаллаи Хати Роҳ сатҳи оби Девонасой баланд шуд. Бо ҷалби тахникаи махсуси Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби шаҳри Кӯлоб тозакунии сой аз селовардаҳо ва лойю лойқа идома дорад. 

28 апрели соли 2024 баланд шудани сатҳи оби дарёи Ёхсу ба қайд гирифта шуд. Об масофаи 70 метр садди ҳимоявиро дар Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти Раҷабови ноҳияи Восеъро шуст.  Бо ёрии 4 техникаи бахши меллиоратсия ва захираҳои оби ноҳия ба масофаи 120 метр хандақ канда 14 кубики оҳану бетонӣ гузоштанд.  

28 апрели соли 2024 болоравии сатҳи об дар рӯди Сурхоб мушоҳида шуд, ки садди ҳимоявиро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳманрӯд ва деҳаи Шибанайи ноҳияи Темурмалик қисман шуст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин селҳо талафоти ҷониву хисороти дигар надоштанд.

Кумита хотиррасон кардааст, ки ҳавои номусоид дар кишвар дастикам то 29 апрел боқӣ мемонад ва хатари омадни селҳо, резиши сангу болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо низ.

“Сокинон бояд аз қабл ба ин ҳама омода шаванд ва сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаву сангу рег тоза кунанд”, – гуфтааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button