ВидеоҶомеа

СОКИНИ ДЕВАШТИЧ САРИ ҚАҲР ҲАМСАРУ ХУШДОМАНИ СОБИҚАШРО БО ТАБАР ЗАДА КУШТААСТ (ВИДЕО)

Як сокини 36-солаи деҳаи Нурободи ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ба қатли бераҳмонаи ҳамсар ва хушдомани собиқаш айбдор мешавад. Гуфта мешавад, ки Мақсудҷон Ҳасанов баъди ҷудо шудан аз ҳамсари аввалу дубора издивоҷ кардан бо ҳамсару хушдоманаш, ки низ дар деҳаи Нуробод ба сар мебурданд, дар кӯча рӯбарӯ ва вориди муноқиша шудааст ва аз таънаву маломати онҳо ба қаҳр омада, ҳардуро бо табар зада куштааст. Ҳамсари собиқи ӯ Мастона Бобоева дар ҷои ҳодиса ва модари ӯ Бобоева Шоира дар бемористон ҷон додаанд. Баъди ин, Мақсудҷон Ҳасанов худаш ихтиёран ба милитсия ҳозир шудааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар гузорише, ки дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфт, ин муноқишаи хунин байни хешовандони собиқ рӯзи 26 марти соли 2024 дар худи деҳаи Нуробод рух додааст.

Бино ба ин гузориш, Ҳасанов Мақсудҷон Баҳромович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Нурободи ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич субҳи 26 март барои анҷоми корҳои саҳроӣ ба сари заминаш раҳсипор буд. Дар қади кӯчаи деҳаи Нуробод ҳамсари собиқаш Бобоева Мастона Анварҷоновна, соли таваллудаш 1995, ва модари ӯ Бобоева Шоира Аллаевна, соли таваллудаш 1971-ро вохӯрдааст.  Азбаски Мақсудҷон Ҳасанов баъди ҷудо шудан аз Мастона Бобоева аз нав издивоҷ карда буд, ҳамсару хушдомани собиқаш дар роҳ ӯро зери борони таънаву бадгӯӣ қарор медиҳанд. Мақсудҷон Ҳасанов аз ин ба хашм омада, бо табаре, ки барои анҷоми корҳои саҳроӣ бо худ гирифта буд, занҳоро таъқиб мекунад.

Модару духтар барои наҷоти ҷони худ ба саҳни ҳавлии як ҳамдеҳаашон даромада, мехоҳанд пинҳон шаванд, вале Мақсудҷон Ҳасанов ҳам аз паси онҳо вориди он ҳавлӣ шуда, ҳардуро бо табар ба қисмати сарӯ рӯяшон зада, аз пой меафтонад.

Худи Мақсудҷон Ҳасанов дар гузориши нашршуда ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард: “Аввал очаашро задам. Ман духтарашро заданӣ набудам, лекин духтараш аз қафо қапиду баъд ман очаашро боз мезанам гуфта, духтарашро ҳам задам ва ҳардуяш ғалтиданд. Баъд соҳиби хона омаду аз дастам дошт ва ман баромада рафтам…”

Мастона Бобоева дар ҷои ҳодиса ва Шоира Бобоева баъдан дар бемористон ба ҳалокат расидаанд. Мақсудҷон Ҳасанов аз ҷои ҳодиса аввал ба саҳро рафта, олати куштор –  табарро пинҳон кардаааст ва сипас ба шуъбаи милитсияи ноҳия рафта, худро ба мақомот супурдааст.

Ба Мақсудҷон Ҳасанов тибқи қисми дуюми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои куштори ду нафар бо бераҳмии махсус ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button