Хабарҳои кӯтоҳ

АВБОШӢ ДАР НИМИ ШАБ ДАР ПОЙТАХТ, МАРГИ ДУ РОНАНДА ДАР ЯК САДАМА ВА ДУ ДУЗДӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 27 апрели соли 2024

Дастгир гардидани ҷавони 22-сола бо ҷурми авбошӣ

117

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш барои авбошӣ бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бори дигар ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, шаби 25 ба 26-уми апрели соли 2024, тахминан соати 01:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи М.Воҳидови шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 28-солаи сокини пойтахт муноқиша карда, бо корд 1 маротиба ба қафаси синаи номбурда зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ҳалокати ду ронанда бар асари бархӯрди “Опел” ва “Дэу”

63

25-уми апрели соли 2024, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ойбекзода Отаҷон Ойбек, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Дэу-Лабо», таҳти идораи ронанда, Азимов Азизҷон Юнусович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Спитамен бармехӯрад.

Дар натиҷа, ронандагон Ойбекзода О. ва Азимов А. аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири автомашинаи тамғаи “Дэу-Лабо”, Уроқов Бунёдҷон Маъмурҷонович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Даст ба дуздӣ задани марди 40-сола

20

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, 24-уми апрели соли 2024, ҳангоми дар нонвойхона, воқеъ дар кӯчаи Қосимови шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ 7 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани ҷинояти дуздии телефони мобилӣ

198

Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 11 ба 12-уми апрели соли 2024, ҳангоми дар толори бозиҳои букмекерии шаҳри Панҷакент қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз болои мизи хазина 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг С-10»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button