Ҳуқуқи инсонҶомеа

ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНАИ ЯК ЗАН АЗ СӮИ ШАВҲАРАШ ДАР ДАНҒАРА (2 АКС)

Як сокини 31-солаи ноҳияи Данғараро бо иттиҳоми латтукӯби бераҳмонаи ҳамсари 27-солааш боздошт кардаанд. Модари 4 фарзанди ӯ 3 рӯз боз дар ҳолати кома қарор дорад.

Бино ба иттилои манобеи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Шамсиддин Раҳмонов, соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Гидростроителҳои шаҳраки Данғара бегоҳи 12 ноябри соли 2022 дар ҳолати мастӣ бо  ҳамсараш Манижа Достиева, соли таваллудаш 1995 муноқиша карда, дар ҷараёни ҷанҷоли оилавӣ ҳамсарашро зери борони мушту лагат гирифтааст. Гуфта мешавад, ки Шамсиддин Раҳмонов баъди аз мушту шаттаҳои ӯ ба замин афтодану аз ҳуш рафтани ҳамсараш ҳам ором нагирифта, боз бо кунда чанд зарбаи дигар ба сари зани бечора задааст.

Сабаби муноқишаи байни зану шавҳар маълум нест, вале ба гуфтаи ҳамсояҳо, эҳтимол дорад, ки бадмастии Шамсиддин Раҳмонов сабаби ҷанҷол шуда бошад. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, Шамсиддин Раҳмонов дар кони тиллои дараи Ромит (кони тиллои Покрӯд) кор мекард ва даромади хуб дошт, вале бисёр менӯшид.

Дар пайи он ҳодиса Манижа Достиеваро дар ҳолати вазнин ба бемористони марказии ноҳияи Данғара овардаанд ва табибон инак чанд рӯз боз барои наҷоти ҷони ин ҷавонзани модари чор фарзанд аз чанголи марг мубориза мебаранд. Ба гуфтаи табибон, дар натиҷаи латтукӯби бераҳмонаи шавҳар чандин дандон ва дасту пойҳои Манижа Достиева шикастааст ва аз ноҳияи сараш низ захмҳои чунон сахте бардоштааст, ки ба гуфтаи як табиб, “аз гардан болои  ин зан мисли мочалка шудааст”. Манижа Достиева аз ҳамон бегоҳи 12 ноябр дар ҳолати кома, яъне беҳушӣ қарор дорад ва табибон вазъи ӯро ҳамчунон хеле вазнин арзёбӣ мекунанд.

Шамсиддин Раҳмоновро ҳамон бегоҳ баъди латтукӯби ҳамсараш кормандони милитсияи ноҳии Данғара бо худ бурдаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки оё ба зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ё на? Ва агар кушода бошанд, бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноятӣ?

Моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Моддаи 117 барои азобу уқубат, аз ҷумла азобу уқубати шахсони аз лиҳози моддӣ аз нафари гунаҳкор вобаста (падару модар, фарзандон, ҳамсар ё дигар шахсони вобаста) аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон хабарҳо дар бораи латтукӯб ва ҳатто куштани одамони наздик, ба вижа латтукӯб ва куштори ҳамсарон аз сӯи шавҳарон зиёд ба гӯш мерасанд. Бисёриҳо инро аз оқибатҳои ақидаҳои  дар ҷомиаи Тоҷикистон ҳоким ва хеле реша давондаи патриархализм ё мардсолорӣ мешуморанд, ки ба занону духтарон ҳуқуқи чандонеро қоил намеоянд ва онҳоро як умр дар мавқеи мутеъ ва фармонбардории мардони хонавода нигоҳ медоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button