ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

ПУЛИСИ ИТАЛИЯ АЪЗОИ БОЗДОШТШУДАИ “ГУРУҲИ 24”-РО ОЗОД КАРД

Як гуруҳи аъзои ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24”, ки рӯзи 23 апрели соли 2024 дар шаҳри Рим, пойтахти Италия боздошт шуда буданд, нимаи дуюми рӯзи 24 апрел, баъди 26 соати боздошт озод шудаанд. Дар ин бора чанд нафар аз ин боздоштшудагон бо нашри як акс аз маркази шаҳри Рим хабар доданд.

“Гуруҳи 24” низ дар як изҳорот гуфт, як гуруҳи аъзои ин ҳаракат, ки ҳанӯз рӯзи 21 апрел бо мақсади ташкили эътирозҳо ба зидди сафри расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти Италия рафта буданд, санаи 23-юми апрел соати 15:00 дастгир гардида, санаи 24-уми апрел соати 17:00 озод карда шуданд. “Гуруҳи 24” мегӯяд, пулиси Рим онҳоро пас аз тафтишот ба сабаби онки “ҳеҷ асари қонуншикание аз онҳо пайдо накардаанд”, озод кардаанд.

Аъзои “Гуруҳи 24” дар рӯзе озод шуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 апрел дар идомаи боздидаш аз Италия бо мақсади “шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист” ба шаҳри Пистояи вилояти Флоренсияи минтақаи Тоскана сафар кард. Ӯ рӯзи 25 апрел барои идомаи мулоқотҳояш ба Рим баргашт ва қарор аст, рӯзи 26 апрел дар Ватикан бо попи Рим Франсиск мулоқот кунад.

Ба фарқ аз эътирозҳои тирамоҳи соли 2023 дар Берлин, то кунун, бо гузашти 3 рӯз аз сафари Эмомалӣ Раҳмон  ба мухолифини тоҷик муяссар нашудааст, ки ба зидди сафари президенти Тоҷикистон ба Италия ягон тазоҳуроти эътирозӣ баргузор кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 апрел дар раъси як ҳайъати давлатӣ барои анҷоми сафари расмӣ вориди Рим шуд ва бо раҳбарони аввали ин кишвар, аз ҷумла бо президент ва сарвазири Италия мулоқот кард. Дар ҷараёни ин сафар байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтаринаш созишномаи байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амниятист ва онро вазирони дохилаи ду кишвар Рамазон Раҳимзода ва Маттео Пянтедози имзо карданд.

Раҳимзода дар мулоқот бо Пянтедози гуфтааст, ки баъзе ҷинояткорон бо баҳонаи паноҳандагӣ дар Аврупо, аз ҷумла дар Италия пинҳон шудаанд ва танҳо ҳамкории мақомот метавонад барои ба ҷавобгарӣ кашондани ин афрод мусоидат кунад. Маълум нест, ки оё манзури Раҳимзода аз “баъзе аз ҷинояткорон” аъзои ҳалқаҳои ҷиноӣ ё аъзои гуруҳҳои тундраве, чун ДОИШ буд, ваё фаъолони оппозитсияи тоҷик, ки садҳо нафараш дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурдаанд?

Моҳи март чанде аз фаъолони оппозитсияи тоҷик дар Аврупо шикоят карданд, ки мақомоти амниятӣ хешовандони онҳоро дар Тоҷикистон барои бозҷӯӣ бурда, талаб кардаанд, то хешовандони дар Аврупо будаи онҳо дар рӯзҳои сафари навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба ин қора мисли дафъаи қаблӣ ягон тазоҳуроту эътироз накунанд, вагарна ҳолашонро бад хоҳанд кард. 

Моҳи сентябри соли 2023 дар Берлин, пойтахти Олмон як силсила эътирозҳои мухолифини тоҷик ба зидди сафари президенти Тоҷикистон доир шуд. Ба чанд тан аз фаъолони “Гуруҳи 24” он вақт ҳатто муяссар шуд, ки корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмонро тухмборон кунанд ва аз аксҳое, ки аз маросими қабули ӯ дар назди дафтари садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дида мешуд, ки тухмҳо ба мошине, ки худи президент Раҳмон дар дохили он нишаста буд, низ расидаанд.

 Эътирозҳои мухолифин ба вокуниши ба таври бесобиқа тунди мақомоти Тоҷикистон дучор шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз боздошти дастикам 47 тан аз хешовандони иштирокчиёни эътирозҳои Берлин хабар доданд.  Ҳамчунин  ба мақомоти Тоҷикистон муяссар шуд, ки ба ихроҷи дастикам ду тан аз иштирокчиёни эътирозҳои Берлин ноил шаванд.

“Гуруҳи 24” ҳаракати сиёсиест, ки соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов соли 2012 баъди фирораш аз кишвар бо мақсади ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон таъсис додааст, вале фаъолияти он дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи октябри соли 2014 манъ карда шуд. Тоҷикистон инак беш аз 10 сол боз пайгирона боздошт ва истирдоди аъзои ин ҳаракати оппозитсиониро аз кишварҳои ҷаҳон тақозо дорад. Дар ин байни чанд узви “Гуруҳи 24”, аз ҷумла муассисаш Қувватов дар хориҷ кушта шуданд, чандеи дигар ба таври мармуз ғайб заданд ва даҳҳо нафари дигарро аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон бурда, ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд.

Ҳоло “Гуруҳи 24” асосан дар кишварҳои Аврупо фаъолият дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button