ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

АНГУРХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАМАЗОН РАҲИМЗОДА ВА САЙМУМИН ЯТИМОВ ДАР ЯК БОҒИ АНГУР ДАР ТУРСУНЗОДА (ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 октябри соли 2022 бо як сафари корӣ аз шаҳри Турсунзода, дар тақрибан 60-километрии шарқи пойтахт, шаҳри Душанбе боздид карда, дар маросими ифтитоҳи чандин иншоот, аз ҷумла мактаби миёнаи №92 ва мактаби ғайридавлатии ба номи Турсунзода, бинои сардхонаи хоҷагии деҳқонии машҳури “Ҳоҷӣ “Камол” иштирок карда ва ҳамчунин аз хоҷагиҳои деҳқонии “Боғи Сомонӣ” ва “Ватан” ва аз ҷараёни ҷамъовари ҳосили шолӣ дар хоҷагии деҳқонии “Ислом” дидан кардааст.
Дар видеои кӯтоҳе, ки аз ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз яке аз боғҳои машҳури ангур дар канори шаҳри Турсунзода сабт шудааст, дида мешавад, ки дар даруни боғи ангур барои президегнт қолин густурдаанд ва Эмомалӣ Раҳмон дар рӯи се курсӣ ҳамроҳ бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода нишаста, бо ҳам суҳбат доранд.

Сабаби даъвати ду вазири қудратӣ ба сафари кории президент ба ангурбоғҳои Турсунзода шарҳ дода нашудааст, вале дар видео дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмононаш пешниҳод мекунад, ки аз ангури ин боғ бичашанд.

“Ин ҳаминро як хушаашро бигиру тоза кун, бихӯр, дона надорад. Кишмиш дона надорад”, мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба меҳмононаш ва аввал Ятимов ва сипас Раҳимзода аз дасти президент ангур гирифта, мечашанд.

Сафари кории президент ба Турсунзода ва видеои ангурхӯриаш бо Раҳимзода ва Ятимов дар ҳоле нашр шуд, ки тайи чанд рӯзи охир дар бораи дигарбора бад шудани вазъи саломатии президенти Тоҷикистон хабарҳои зиддунақизе ба даст мерасанд.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки зоҳиран саломатии Эмомалӣ Раҳмон чандон хуб нест.

Эмомалӣ Раҳмон  5 октябри соли ҷорӣ ба синни 70 мерасад. Ӯ аз соли 1992, инак 30 сол боз роҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад.  Чанд сол боз дар Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ супурдани курсии президентӣ суҳбат мекунанд. Барои ин ҳанӯз дар соли 2016 ҳатто Қонуни асосии Тоҷикистонро тағйир дода, синни номзадӣ ба президентиро пойин оварданд.  Вале иҷрои ин нақша инак чанд дафъа боз ба таъхир гузошта мешавад ва дар интихоботи соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон дигарбора номзадии худашро пешбарӣ карда, замони раёсаташро то соли 2027, яъне то 75-солагиаш тамдид кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button