ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

НАХУСТИН АКСҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАЪДИ 11 РӮЗИ НИШАСТИ САМАРҚАНД

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 27 сентябри соли 2022 бо чанд соат таъхир билохира даҳҳо акси президент Эмомалӣ Раҳмонро аз иштирокаш дар маросими ифтитоҳи гимназияи “Нуриддин”, бинои нави Донишкадаи забонҳо ва мулоқоташ бо бо устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи забонҳо нашр кард.

Ин нахустин чорабиниҳоест, ки Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст баъди 16 сентябри соли 2022, яъне аз замони иштирокаш дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд  дар маҳзари ом зоҳир шуд.

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабиниҳо дар ҳолест, ки барои чунин муддати тӯлонӣ, яъне 11 рӯз ғайб задани ӯ сару садоҳои гуногунеро дар ҷомиа ба вуҷуд овард ва ахиран, шоми 26 сентябр, ин ҳама сарусадоҳоро журналисти тоҷики муқими Олмон Додоҷон Атовуллоев расонаӣ кард. Ӯ дар матлаби кӯтоҳе бо номи “Талаби шифо” дар Фейсбук навишт: “Баъди нишасти Самарқанд президенти Тоҷикистон дар бистари беморист. Аз ҳама хоҳиш менамоям, ки аз таҳқиру тавҳин даст бикашанд ва барои шифои комилу оҷилу ӯ дуогӯ бошанд”.

Бархе баъди расонаӣ шудани ин сарусадоҳо ба мулоқоти донишҷӯёну устодони Донишкадаи забонҳо рафтани Эмомалӣ ва иштироки ӯ дар маросими гушоиши гимназияи “Нуриддин”-ро як навъ кӯшиши ба сурати ғайримустақим рад кардани ин ҳама овозаҳои бархоста дар атрофи вазъи саломатии президент мешуморанд.

То интишори аксҳои имрӯза охирин акси нашркардаи хадамоти матбуоти президент аксаш аз мулоқоти ӯ бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ҳошияи нишасти Самарқанд буд, ки рӯзи 16 сентябр доир шуд.  Дар 11 рӯзи охир хадамоти матбуоти Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаъолиятҳои ӯ ҳамчун раҳбари кишвар танҳо чанд хабари кӯтоҳе дар бораи гуфтугӯи телефонии рӯзи 18 сентябри ӯ бо президенти Русия Владимир Путин, суҳбати телефонии рӯзи 20 сентябраш бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  ва субҳи 27 сентябр хабари ирсоли барқияи таъзия боз ҳам ба Путин дар робита ба қатли дастаҷамъӣ дар як мактаби Ижевскро нашр карду тамом. Бо вуҷуди онки дар ин байн ҳаводиси бузурге, бавижа муноқишаи мусаллаҳонаи пурқурбонӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон баъди он дидораш дар Самақанд бо Ҷабборов дигар ягон бор дар маҳзари ом зоҳир нашуд, ки дар бораи ин ҳаводис  сухан кунад. Ӯ ҳамин тавр ба тақозоҳои зиёди мардум дар бораи эълони мотами миллӣ ба ёди қурбониёни муноқишаи ахири марзӣ вокуниш накард.

Эмомалӣ Раҳмон  5 октябри соли ҷорӣ ба синни 70 мерасад. Ӯ аз соли 1992, инак 30 сол боз роҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад.  Чанд сол боз дар Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ супурдани курсии президентӣ суҳбат мекунанд. Барои ин ҳанӯз дар соли 2016 ҳатто Қонуни асосии Тоҷикистонро тағйир дода, синни номзадӣ ба президентиро пойин оварданд.  Вале иҷрои ин нақша инак чанд дафъа боз ба таъхир гузошта мешавад ва дар интихоботи соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон дигарбора номзадии худашро пешбарӣ карда, замони раёсаташро то соли 2027, яъне то 75-солагиаш тамдид кард.

Ифтитоҳи бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар шаҳри Душанбе  27.09.2022 Мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  27.09.2022 Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии “Гимназияи Нуриддин” дар шаҳри Душанбе  27.09.2022

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button