ИқтисодИлму фанноварӣ

СОКИНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ХАРИДАНИ iPhone 14 Pro БОЯД 6 МОҲ КОР КУНАДУ НАХӮРАДУ НАПӮШАД

Сомонаи Picodi.com тавассути муқоисаи нархи телефонҳои тамғаи Айфон дар мағозаҳои маҳаллӣ бо маоши миёна дар кишварҳо  инак бори панҷум “Шохис ё индекси Айфон”, яъне чанд рӯзи корӣ арзиш додани ин смартфонро ҳисобу китоб кардааст. Муҳаққиқони ин пойгоҳ барои муайян кардани “Шохиси Айфон 2022” маоши миёна дар 65 кишвари дунёро бо нархи навтарин телефони iPhone 14 Pro (дорои 128 гигабайт хотира) муқоиса кардааст.

Аз натиҷаҳои таҳқиқот бармеояд, ки дар байни ин 65 кишвар телефони нави Айфон аз ҳама гарон барои сокинони Тоҷикистон тамом мешудааст.

Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқот:

— ҳар сокини Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бояд барои харидани Айфони нави 14 бояд 179,5 рӯз, яъне қариб 6 моҳ (!) кор кунад. Ин назар ба як соли пеш 17 рӯз камтар аст, вале боз ҳам пойинтарин нишондод дар байни 65 кишвар боқӣ мемонад

— Як сокини миёнаи Қирғизистон барои харидани Айфони нав 136,3 рӯзи корӣ, як сокини Русия — 39,7 рӯз ва як сокини Хитой бояд 22 рӯз кор кунад, то соҳиби Айфони нав шавад.

— Сокини Швейтсария метавонад дар баҳои музди ҳамагӣ 4,6 рӯзи кориаш соҳиби Айфони нав шавад ва сокини Амрико дар ивази музди 5,7 рӯзи кориаш. Сокини Австралия барои харидани iPhone 14 Pro ҳамагӣ пули 6,1 рӯзи корашро харҷ мекунад ва сокини Имороти Муттаҳидаи Араб пули 6,5 рӯзи кориашро.

Нархи аввалия iPhone 14 Pro 999 $ баровард шудааст, вале он бо чунин нарх танҳо дар 4 аёлати Амрико фурӯхта мешавад. Дар дигар аёлатҳо ва кишварҳои дунё фурӯшандагон боло нархи ин навъи смартфон ҳаққи худро илова мекунанд.

Дар Тоҷикистон нархи миёнаи iPhone 14 Pro  14 ҳазору 500 сомонӣ (наздики 1400 доллар) ва маоши миёна дар ин кишвар  баробари1 907 сомонист (баъди ҳисобу китоби андозҳо дар даст 1 696,08 сомонӣ мемонад). Ба ин тартиб, як сокини миёнаи Тоҷикистон бояд 179,5 рӯз кор кунад ва дар ин муддат ягон чӣ напӯшад, нахӯрад ва ягон харҷи дигар накунад, то ки битавонад пули кофӣ барои харидани як iPhone 14 Pro ҷамъ биорад.

Дар Қирғизистон, ки маоши миёна 20 ҳазору 709,9 сом аст, як нафар барои харидани як Айфони нав бодя 136,3 рӯз нахӯраду напӯшад ва ягон харҷи дигар накунад. Дар муқоиса бо як соли пеш, як сокини Тоҷикистон имсол барои харидани Айфони нав 17,7 рӯз ва як сокини Қирғизистон 3,1 рӯз камтар сарф мекунад.

Инндекси Айфон дар ин ду кишвари Осиёи Марказӣ дар 5 соли охир чунин тағйир кардааст:

2018: Тоҷикистон — 220,7 рӯз, Қирғизистон — 113,2 рӯз;

2019: Тоҷикистон — 204,3 рӯз, Қирғизистон — 121,4 д рӯз;

2020: Тоҷикистон — 209,3 рӯз, Қирғизистон — 157,6 рӯз;

2021: Тоҷикистон — 197,2 рӯз, Қирғизистон — 139,4 рӯз

2022: Тоҷикистон  — 179,5 рӯз, Қирғизистон — 136,3 рӯз.

Таҳлилгарони Picodi  аз соли 2018  ҳар сол бар асоси таносуби байни нархи iPhone ва маоши миёна дар кишварҳо шохиси  iPhone-ро тартиб медиҳанд, ки ин ҳам як нишондиҳандаи вазъи некуаҳволии аҳолии кишварҳост. Тоҷикистон, мутаассифона, дар шумори кишварҳои маоши мардумаш хеле паст боқӣ мемонад ва як сокини миёна дар ин кишвар маҷбур аст, барои харидани як Айфон ним сол клор кунад ва дар ин ҳама муддат ягон харҷи дигар накунад. Ҳатто нахӯрад ва напӯшад…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button