Коррупсия

23 ВА 17 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДУ СОҲИБКОР БАРОИ ТАСАРРУФИ БЕШ АЗ 12 МИЛЛИОН СОМОНӢ

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳибкорон Ҳайдаров Азизҷон Нуъмонович ва Сафаров Ширинҷон Раҳмоновичро бо ҷурми тасарруфи беш аз 12 миллион сомонӣ мутаносибан ба 23 ва 17 соли зиндон маҳкум кард, Ҳамчунин бо қарори додгоҳ бо мақсади барқарор кардани зарари ба давлат ва ҷабрдидагон расонидаи онҳо 9 манзили истиқоматии мансуб ба Ҳайдаров А.Н., воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, гузаргоҳи 1, хонаҳои 13, 14, 30, 35, 37, манзилҳои истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳ. Мирзоев. хонаҳои 28, 39, 41, манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ, бинои 98, хонаи 6 ва бинои анборхона, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳоров, хонаи 564  мусодира карда шудаанд.

Додгоҳ ин ду соҳибкорро бар асоси моддаҳои 245, қисми 4, банди “б”, 289, қисми 4, банди “а”, 36 қисми 5-340, қисми 2, бандҳои “а, б” ва 247, қисми 4, банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аз они худ кардани маблағҳо, қочоқ, сохтакорӣ ва қаллобӣ гунаҳкор шинохт.  Гуфта мешавад, Азизҷон Ҳайдаров ва Ширинҷон Сафаров тасарруфи маблағҳоро тибқи маслиҳати пешакӣ бо корманди гумруки пойтахт Нуъмонзода С.С. анҷом додаанд, вале дар бораи чӣ ҷазое гирифтани корманди гумрук чизе гуфта намешавад.

Ҳукми ин ду соҳибкор ҳанӯз рӯзи 1 июни соли 2022 содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон  тоза акнун бархе тафсилоти ин парвандаро нашр кардааст.

Додситонии кул гуфт, “дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Ҳайдаров А.Н. ва Сафаров Ш.Р., ки дар асоси маслиҳати пешакӣ бо нозир-хазиначии шуъбаи молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Нуъмонзода С.С. бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва ё аз ӯҳдадорӣ озодкунанда барои ба расмият даровардани молу маҳсулотҳои аз Ҷумҳурии Халқии Чин вориднамудаи соҳибкор Ҳайдаров А.Н. ғайриконунӣ маблағҳои хазинаро гирифта, ба номи ширкатҳои тиҷоратии пешниҳоднамудаи охирин интиқол дода, расидҳои қалбакӣ оиди қабули маблағ тартиб додаанд. Минбаъд, Ҳайдаров А.Н. ва Сафаров Ш.Р.  дар асоси расидҳои бо роҳи сохтакорӣ пешниҳоднамудаи Нуъмонзода С.С. молу маҳсулотҳои вориднамудаашонро ба расмияти гумрукӣ дароварда, бо ин роҳ маблағи 12 313 364, 47 сомониро тасарруф намудаанд”.

Инчунин, Ҳайдаров А.Н.  иловатан ба он айбдор мешавад, ки аз моҳи октябри соли 2013 то моҳи ноябри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии бародарон Исматуллоев Ҳ.А. ва Исматуллоев Ш.А., шаҳрвандон Нуъмонзода С.С. ва Ҳакимов Д.А. даромада, маблағҳои пулӣ онҳоро тасарруф намуда, ба ҷабрдидагон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. Ҷолиб он аст, ки Ҳайдаров ҳатто корманди гумрук Нуъмонзодаро, ки барои ғайриқонунӣ гузарондани борҳояшон кумак мерасонд, низ фиреб додааст.

Баъди боз шудани парвандаи ҷиноятӣ, Ҳайдаров А.Н. ба Туркия фирор карда, моҳи январи соли 2021 огоҳ шудааст, ки рафиқаш Қаҳҳоров Э.З. дар ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон барои содир кардани ҷиноят дастгир гардидааст.

“Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, Ҳайдаров А.Н. дар асоси маслиҳати пешакӣ бо писараш Ҳайдаров Абубакр бо падари Қаҳоров Э.З. шаҳрванд Ҳамитов Ғ. ба воситаи алоқаи мобилӣ дар тамос шуда, бо баҳонаи аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Узбекистон озод намудани Қаҳҳоров Э.З. аз Ҳамитов Ғ. ба воситаи писараш Ҳайдаров Абубакр маблағи 20 000 доллари ИМА гирифта, ба манфиатҳои шахсиашон истифода кардаанд”, гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Бо ҳукми  додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Ҳайдаров ва Сафаров барои 5 сол аз ҳуқуқи машғул шудан ба соҳибкорӣ низ маҳрум карда шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button