ВидеоКоррупсияТоҷикистон

МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯИ ШАҲРИТӮС ДАР МОШИНАШ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА БА ДАСТ АФТОДААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 24 апрели соли 2024 хабар дод, ки муовини раиси ноҳияи Шаҳритӯс Комилҷон Мирзобадалзода ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ (муодили тақрибан 450 доллари Амрико) дастгир шудааст. Боздошти Мирзобадалзода тоза рӯзи 18 апрел дар дохили мошинаш сурат гирифта, бино ба фарзияи тафтишот, ӯ ба ҳайси раиси комиссияи даъвати ноҳияи Шаҳритус ин маблағро барои аз хидмати ҳарбӣ озод кардани даъватшавандае, ки дар Русия қарор дошт, тамаъ кардааст. Ба муовини, ҳамакнун метавон гуфт, собиқи раиси ноҳияи Шаҳритӯс ҷаримаи ҳангуфт ба маблағи қариб як миллион сомонӣ ваё то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи Комилҷон Мирзобадалзода ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале  маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия бархе ҷузъиёти ин парвандаи пурсарусадои гирифтани пора аз сӯи мансабдори баландпояро шарҳ дод.

Бино ба фарзияи тафтишот, санаи 18 апрели соли 2024 шаҳрванд А.С. бо ариза унвонии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муроҷиат карда, хостааст, то нисбат ба муовини раиси ноҳияи Шаҳритӯс Мирзобадалзода Комилҷон Мирзобадал чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро ӯ ҳамчун раиси комиссияи даъватии ноҳияи Шаҳритус ҷиҳати иҷро намудани амали муайян, яъне барои аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани даъватшаванда, ки он лаҳза дар Федератсияи Русия қарор дошт, маблағи 5000 сомониро ба сифати пора талаб карда истодааст.

Агентӣ меафзояд:  “Худи ҳамон рӯз, аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи фаврию тафтишотӣ таъсис дода шуда, дар натиҷаи гузаронидани амалҳои зарурӣ Мирзобадалзода К.М. дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритӯс, ҷамоати шаҳраки Шаҳритус, кӯчаи Исмоили Сомонӣ баъди аз шаҳрванд А.С. гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар дохили мошинаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”.

 Вобаста ба ин  ҳолат ҳамон рӯзи 18 апрели соли 2024 нисбат ба Мирзобадалзода К.М. бар асоси моддаи 319, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ гардидааст. Агентӣ гуфт, тафтиши пешакии ин парванда идома дорад.

Қисми дуюми моддаи 319 барои аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора барои ҳаракат ё беҳаракатии ғайриқонунӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 5 ҳазору 475 то 12 ҳазору 775 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи аз 394 ҳазору 200 сомонӣ, ё тақрибан 36 ҳазор доллар, то 919 ҳазору 800 сомонӣ, ё беш аз 84 ҳазор доллар) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 7 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Ноҳияи Шаҳритӯс дар ҷанубуғарби Тоҷикистон дар марз бо Ӯзбекистону Афғонистон ҷойгир шудааст.  Комилҷон Мирзобадалзода тоза ду моҳ пеш, баъди раиси ноҳияи Шаҳритӯс таъйин шудани Тағой Абдуллозода ба мақоми муовини ӯ расид.

Бино ба тарҷумаи ҳоли Мирзобадалзода, ки дар сомонаи расмии бахши ноҳиявии ҳизби ҳокими халқию демократи Тоҷикистон нашр шудааст, ӯ чандин сол дар мактабҳои гуногуни ин ноҳия ба ҳайси муаллими фанҳои расм ва меҳнат  ва ҳамчунин ба ҳайси мудири мактабҳои №5, №8 ва №1 ва литсейи давлатии №1 кор карда, аз соли 2015 то 2020 дар мақоми мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритӯс, солҳои 2020-2021 дар мансаби мудири шуъбаи маорифи ноҳияи ҳамсояи Носири Хусрав (собиқ Бешкент) кор карда, соли 2021 боз ба мансаби қаблиаш: мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритӯс баргаштааст.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳолати боздошти мансабдорони баландпоя дар ноҳияи Шаҳритӯс барои ҷиноятҳои коррупсионист.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 18 апрели соли 2024 хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши молиявию хоҷагидории фаъолиятҳо муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникӣ”-и ноҳияи Шаҳритӯс муайян гардид, ки Ёқуби Л. аз 19 декабри соли 2014 то 3 апрели соли 2023, яъне беш аз 8 сол дар вазифаи мудири ин муассиса кору фаъолият карда, аз моҳи январи соли 2021 то моҳи майи соли 2023 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони масъули муассиса бо роҳи сохтакорӣ ба ному насаби 69 корманди собиқи литсей ва шахсони бегона парвандаҳои шахсӣ оид ба гӯё кор кардани онҳо дар ин корхона ва ҳуҷҷатҳои муҳосибиро омода карда, бо ин роҳ қариб ним миллион сомониро тасарруф кардаанд.

Маркази матбуоти Агентӣ мегӯяд: “Ёқуби Л. ва шарикони ӯ дар асоси ҳуҷҷатҳои баръало қалбакӣ омодашуда ба номи 69 нафар ғайриқонунӣ кортҳои бонкӣ кушода, ҳар моҳ ба номи онҳо ҷамъ маблағи 470 ҳазору 583 сомониро ҳамчун музди маош гузаронида, сипас тавассути банкоматҳо ин пулҳоро нақдӣ кунонида,гирифта, маблағи ба дастовардаро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расониданд”.

Ба зидди Ёқуби Л. ва шарикони ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург) ва 323 (сохтакории хидматӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Тоҷикистон аз кишварҳои фасодзадаи ҷаҳон ба шумор рафта, имсол бо ҳамагӣ 20 имтиёз, ки пасттарин нишондод дар таърихаш аст, дар раддабандии Индекс ё Шохиси фарогирии коррупсия дар соли2023 якбора 12 зина пойинтар фаромада, дар байни 180 кишвар дар зинаи хеле пасти 162-юм, яъне дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button