Иқтисод

АЗ 1 МАЙ ҲАРАКАТИ МОШИНҲОИ БОРКАШ ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД МАҲДУД МЕШАВАД

Компания IRS, ки масъулияти нигоҳубини  роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқро бар уҳда дорад, хабар дод, ки  шурӯъ аз 1-уми майи соли равон то 31 августи  соли 2022 аз соати 10:00 то 20:00 дар ин шоҳроҳ бо мақсади “пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳ” ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад.

Ширкат гуфт, ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

Бино ба шарҳи IRS, бо дарназардошти муҳимият, талаботи зикршуда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба интиқоли чорво машғуланд ва автомобилҳои барои интиқоли борҳои тезвайроншаванда махсусгардонидашуда, ки ду тири меҳвари ягона дошта, вазни умумиашон на зиёда аз 10 тонна аст (категорияи 2 бе ядак), татбиқ намешавад.

“Ба ибораи дигар, чунин намуди автомобилҳои боркаш дар мавсими ҷорӣ шудани маҳдудият метавонанд дар вақти дилхоҳ ҳаракат намоянд”, гуфта мешавад дар шарҳи ширкат.

Намояндагиҳои IRS дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд барои ҷобаҷогузории аломатҳои дахлдори роҳ вобаста ба маҳдудиятҳои муқарраршуда муваззаф гардонда шудаанд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо қисматҳои боқимондаи ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. То сохта шудани нақби “Истиқлол” дар ин шоҳроҳ ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон аз тариқи ағбаи Анзоб буд, ки дар зимистон баста мешуд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз пойтахти Тоҷикистон тавассути кӯҳҳои  Зарафшону шаҳри Хуҷанд то марзи Ӯзбекистон сохта шудааст.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар даҳаи аввали асри 21 бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой навсозӣ шуда, аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS вогузор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир ин ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст. IRS аз моҳи январи соли 2022 нархи убури ин роҳро дастикам 50% боло бурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button