Сиёсат

БОЗДОШТИ ЯК СОҲИБКОРИ ТОҶИК ДАР ИСТАНБУЛИ ТУРКИЯ: УЗВ НАБУД, ВАЛЕ ТАРАФДОР БУД

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Абдураҳмон Маҳмудов, як соҳибкори тоҷики тарафдори ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24”, субҳи 15 март дар шаҳри Истанбули Туркия дастгир шудааст.  Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Истанбул хабар дод, ки Абдураҳмон Маҳмудовро кормандони пулис субҳи сешанбе аз хонааш гирифта бурдаанд ва ӯ инак се рӯз боз дар тавқифгоҳи шуъбаи пулиси наздики маҳалли зисташ нигоҳ дошта мешавад.

Ин манбаъ хабар дод, ки Маҳмудовро то ҳол ба боздоштгоҳи шаҳрвандони хориҷӣ интиқол надодаанд ва ҳамсараш рӯзи 17 март барояш ба ҳамон шуъбаи пулис ғизову либос бурдаанд. Дар шуъба ғизоро барои соҳибкори тоҷики боздоштшуда гирифтаанд, вале либосҳои овардаи ҳамсарашро қабул накардаанд.

Сабаби боздошти ӯ маълум нест, вале намояндагони “Гуруҳи 24” гуфтанд, ки боздошти Абдураҳмон Маҳмудов метавонад ба фаъолиятҳои оппозитсионии ӯ, аз ҷумла ба суханрониҳояш дар барномаҳои видеоии ин ҳаракати оппозитсионӣ рабт дошта, бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифта бошад. Пулиси Туркия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то ҳол хабари боздошти ин соҳибкори тоҷикро шарҳ надодаанд.

Маҳмудов Абдураҳмон Сафараралиевич, санаи таваллудаш 28 июли соли 1982, дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар зиндагӣ мекард ва тақрибан 40 гектар замини пахта дошт. Ӯ асосан ба парваришу тиҷорати пахта машғул буд, вале ду сол пеш  бо зану ду фарзандаш тарки Тоҷикистон кард ва аз моҳи феврали соли 2020 дар Истанбул ба сар мебурд. Фарзанди сеюми ӯ баъди ҳиҷраташ дар Истанбул ба дунё омадааст.

Баъди фирор аз кишвар Абдураҳмон Маҳмудов дар чандин барномаи видеоии “Гуруҳи 24”, аз ҷумла “Садои мардум” ва “Ҳақ ва ботил”  бо номи худаш иштирок карда,  аз ҳукумати кунунии Тоҷикистон башиддат интиқод мекард. Ӯ аз ҷумла мақомотро ба буғӣ кардани соҳибкорон айбдор мекард ва худашро мисол оварда, мегуфт, ки заминҳояшро бо таҳияи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бародари Зоир, яке аз домодҳои президент кашида гирифтааст. Хонаводаи Соҳибовҳо ба ин иттиҳоми аз сӯи Маҳмудов садодода расман ягон вокуниш накардаанд.

Як намояндаи “Гуруҳи 24” ба “Бомдод” гуфт, Абдураҳмон Маҳмудов ҳарчанд аз ақидаҳои онҳо тарафдорӣ мекарду дар барномаҳояшон иштирок дошт, вале расман узви “Гуруҳи 24” набуд.

Ин ҳаракати оппозитсионӣ аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов соли 2012, дар пайи фирори ӯ аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Қувватов низ Соҳибовҳоро ба ғасби тиҷоратҳояш дар Тоҷикистон айбдор мекард.

 Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард. Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд.

Баъди ин шумори зиёде аз аъзо ва тарафдорони “Гуруҳи 24” боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд ва қисми дигар ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварданд. Ҳоло ин созмони оппозитсионӣ асосан дар Аврупо амал мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button