Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ ПУЛЧИНАКИ ХАТСАЙРИ №45 БАРОИ ДАҒАЛӢ НИСБАТ БА ЯК ЗАН

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки пулчинаки хатсайри №45 барои таҳқири як зани мусофир ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Бино ба ин манбаъ, як зани сокини пойтахт бо ирсоли расми мошини тамғаи «Мерседес Спринтер» рақамҳои қайди давлатиаш 9538ТТ01, хатсайри №45 аз мақомоти милитсия хостааст, ки нисбат ба пулчинак (кондуктор)и  ин воситаи нақлиёт чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда,  зимни қарор доштанаш дар истгоҳи охирини хастайри №45 пулчинак нисбат ба ӯ дағалона рафтор намуда, ӯро дар назди дигар ронандагону шаҳрвандон мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор дода, шаъну шарафашро дар назди ҷомеа паст задааст.

 РВКД Душанбе гуфт, “дар доираи санҷиш муайян карда шуд, ки пулчинаки автомашинаи мазкур шаҳрванд Имомқулов Маҳмарасул Қурбонович санаи таваллудаш 16.04.1982, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, шаҳраки Сомониён буда, амали содирнамудаашонро тасдиқ ва аз кирдори зиддиҳуқуии содирнамудааш изҳори пушаймонӣ намуд.”
  Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба пулчинак Имомқулов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳ нисбташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

РВКД Душанбе мегӯяд, новобаста аз чораҳои андешидашудаи мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати ба низоми намунавӣ мутобиқ намудани хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ва аз байн бурдани дағалрафториву кирдорҳои зиддиҳуқуқии ронандагону пулчинак (кондуктор)-ҳои хатсайрҳо, мутаасифона, боз ҳамарӯза мусофирони зиёде аз бадрафториву тарзи нодурусти хизматрасонии чунин ронандагону пулчинакҳо ба мақомоти милитсияи пойтахт шикоят мекунанд.


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button