Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЯК САДАМА ДАР СПИТАМЕН ЯК НАФАР ҲАЛОК ВА 4 ТАНИ ДИГАР МАҶРУҲ ШУДАНД

Шаби 3 октябр, тахминан соати 22:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Маматқулов Авазбек Қодирович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тағояк аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. Дар натиҷа мошин ба канори чапи роҳ баромада, ба чуқурии27 метр чаппа шудааст.
Бар асари ин садама мусофири “Опел” Раҳимов Завқиёр Абдуалиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Спитамен ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда, Маматқулов А.Қ. ва дигар мусофиронаш Умаров Ҷавоҳир Умедович, соли таваллудаш 2000, Ортиқов Равшан Рӯзибоевич, соли таваллудаш 1989 ва Элмуродов Далер Қобилович, соли таваллудаш 2002, ҳама сокинони ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 5 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати мусофир дар натиҷаи чаппа шудани воситаи нақлиёт

3-юми октябри соли 2021, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Маматқулов Авазбек Қодирович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба пастии 27 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина Раҳимов Завқиёр Абдуалиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Худи ронанда, Маматқулов А.Қ. ва дигар мусофиронаш Умаров Ҷавоҳир Умедович, соли таваллудаш 2000, Ортиқов Равшан Рӯзибоевич, соли таваллудаш 1989 ва Элмуродов Далер Қобилович, соли таваллудаш 2002, сокинони ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани дуздии маблағ аз дохили автомашина

Нисбати марди 44-солаи сокини шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст, ки ӯ рӯзи 25-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба марди 43-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, 6 ҳазору 500 сомонӣ, 726 доллари амрикоӣ ва ҳуҷҷатҳои автомашинаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button