Нуқтаи назарСиёсат

ПОСУХИ ТУНДИ МУДИРИ РАДИОИ ОЗОДӢ БА ТУФИ МУНТАҚИДОН: БАЪЗЕРО ДАҲОНУ МАКЪАД ЯКЕСТ

Салим Аюбзод, мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, як расонаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби Конгресси Амрико маблағгузорӣ мешавад, рӯзи 23 август дар як вокуниши тунд хитоб ба мунтақидонаш дар Фейсбук навишт:  “Бисёр бубахшед, ночорам бигӯям, ки баъзеро даҳону макъад якест. Сабукӣ муборакашон бод!

Ин вокуниши Салими Аюбзод зоҳиран ба як матлаби як рӯз қабли журналисти тоҷики муқими Амрикост, ки низ бо як лаҳни тунд Салим Аюбзодро “Муҷоҳид” ва “сухангӯй”-и Толибон (яке аз сухангӯёни асосии Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ном дорад) номид ва навишт, “касе ба ин БУЗург гап намезанад, баъзеҳо ҳатто журналистикаро бе ӯ тасаввур намекунанд.”

Сабаби интиқоди Раҳнавард аз Аюбзод як пурсиши ду рӯз пеши Радиои Озодӣ  дар саҳифааш дар Фейсбук шуд, ки дар он Озодӣ ҳукумати кунунии Тоҷикистонро бо режими Толибон қиёс мекард:

“Чанд кас навиштаанд, ки Толибон он қадар бад ҳам нестанд ва ҳатто аз ҳукумати Тоҷикистон беҳтаранд. Шумо чӣ назар доред?”

Озодӣ дар идома барои хонандагонаш се варианти ҷавобро пешниҳод кардааст:

  1. Толибон беҳтаранд
  2. Ҳукумати Тоҷикистон беҳтар аст
  3. Намедонам, кадоме беҳтар аст.

Вале бисёриҳо ин гуна муқоиса кардани ҳукумати кунунии Тоҷикистон бо режими Толибонро хилофи меъёрҳои журналистӣ номида, аз раҳбарони Озодӣ шарҳ хостаанд.

Салими Аюбзод дар посух  он ҷумлаи тундро навишт, вале вақте корбарон боз ҳам шарҳи он назарпурсиро талаб карданд, дар ҷавоб ба яке аз корбарон навишт: Шарҳаш сода аст. Барои Шумо аҷиб наменамояд, ки садҳо ҳамзабони мо аз Толибон тарафдорнӣ мекунанд ва онро беҳтар аз ҳукумати Тоҷикистон меноманд ё ҳатто барои худ муайян карда наметавонанд, ки кӣ кист?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Пурсиш ва натиҷаи он ба ҳукумати Тоҷикистон нигаронида шудааст ва ҳеҷ ҷои бади надорад. Баръакс, саривактист ва ҳукумати Раҳмон аз натиҷаи он бардоште карда, фавран дар паи ислоҳи хатоҳо шавад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button