Ҳодиса

ФФТ: АНДРЕЙ ТИХОНОВ БАРОИ РАҲБАРИИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН 9 ҲАЗОР ДОЛЛАР МАОШ НАПУРСИДААСТ

Дар хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи музокирот бо собиқ футболбози маъруф ва имрӯз мураббии шинохтаи рус Андрей Тихоновро ба ҳайси номзад ба мақоми сармуррабии тими миллии футболи Тоҷикистон рад карданд.

“Андрей Тихонов бо Федератсяи футболи Тоҷикистон тамос нагирифтааст. Ин маълумот дуруст нест. Сухан дар бораи 9 ҳазор доллар, ки гӯё Тихонов барои маоши худ пурсида бошад, фейк аст, ҳақиқат надорад “, – гуфтаанд ба  хабаргузории русии Sputnik Тоҷикистон дар ФФТ.

Аммо намояндаи ФФТ эътироф кардааст, ки баъди холӣ шудани курсии сармураббии тими миллӣ мураббиёни хориҷӣ портфолиҳои худро барои баррасӣ фиристода истодаанд.

Қаблан ҳамин хабаргузории Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба манбаи аз ҷараёни музокирот огоҳи худ хабар дода буд, ки собиқ бозигари тими “Спартак”-и Маскав ва ҳоло мураббии тими “Остона”-и Қазоқистон Андрей Тихонов  номзадии худро ба мақоми сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон пешбарӣ кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ФФТ бо камоли майл номзадии Тихоновро қабул мекард, вале мураббии рус маоше талаб кард, ки Душанбе тавони пардохташро надорад. Ба иттилои манбаи “Спутник”, Андрей Тихонов гӯё барои худ 9 ҳазор доллар маоши моҳона талаб кардааст.

Барои муқоиса, сармураббии пешини тими миллии Тоҷикистон мутахассиси ӯзбек Усмон Тошев моҳона ҳудуди 2 ҳазор доллар маош мегирифт.

Таҳти роҳбарии ӯ тими миллии Тоҷикистон  дар мусобиқоти интихоботӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол -2022 дар гуруҳи худ баъди Ҷопон ҷои дуюмро ба даст овард ва ҳарчанд ба марҳалаи баъдӣ роҳ наёфт, вале ҳаққи мубориза барои роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё -2023-ро пайдо кард.

Усмон Тошев моҳи июн баъди анҷоми қарордодаш аз мақом рафт. Тими миллии Тоҷикистон инак ду моҳ боз бе мураббӣ мондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button