ИқтисодМуҳоҷирон

ХУШХАБАР! АЗ 27 АВГУСТ ШУМОРАИ ПАРВОЗҲОИ ДОИМӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БА РУСИЯ ДАҲҲО МАРОТИБА МЕАФЗОЯД

Рӯзи 16 август ситоди фаврии ҳукумати Русия оид ба пешгирӣ аз вуруд ва паҳншавии коронавирус қарор қабул кард, ки аз 27 август ба парвозҳо ба Доминикан, Кореяи ҷанубӣ ва Чехия иҷозат дода, шумораи парвозҳои мунтазамро бо чанд кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистон дар заминаи дутарафа афзоиш диҳад:

– ба Тоҷикистон (бо хатсайри Маскав – Душанбе шумораи парвозҳот аз 2 парвоз то 7 парвоз дар ҳафта афзоиш дода шуда, аз он фурудгоҳҳои Русия, ки парвозҳои байналмилалиашонро барқарор кардаанд, ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дар ҳар хатсайр ба як парвоз дар ҳафта иҷозат дода шавад).

Азбаски то имрӯз алакай фурудгоҳҳои аксари шаҳрҳои бузурги Русия ҳаққи анҷоми парвозҳои байналмилалиашонро барқарор кардаанд (яке аз охиринҳо Сургут буд, ки аз 27 август ин ҳақро ба даст меорад), қарори ахири ситоди фаврии ҳукумати русия ба маъноест, ки аз 27 август шумораи парвозҳои мунтазам аз Душанбею Кӯлоб ва Хуҷанд ба шаҳрҳои гуногуни Русия  ва аз шаҳрҳои Русия ба ин се фурудгоҳи Тоҷикистон ба даҳҳо парвоз дар ҳафта хоҳад расид. Азбаски парвозҳо дар заминаи баробарӣ (паритет) байни “Сомон Эйр”, ягона ширкати ҳавопаймоии фаъоли Тоҷикистон ва ширкатҳои Русия тақсим карда мешаванд, шумораи ниҳоии парвозҳо дигар ба имконоти “Сомон Эйр” бастагӣ хоҳад дошт, ки дар як ҳафта чанд парвоз метавонад анҷом диҳад?

Ёдовар мешавем, ки Русия аз 1 апрел ба парвозҳо бо Тоҷикистон иҷозат дод, вале то кунун парвозҳои доимӣ танҳо байни Душанбе ва Маскав ва он ҳам ҳамагӣ 4 парвоз дар ҳафта (2 парвоз тавассути “Сомон Эйр” ва дуи дигар аз ҷониби ширкати русии “ЮТЭйр” анҷом мешуд.

Сокинони Тоҷикистон умедворанд, ки дар пайи афзоиши бамаротиби шумораи парвозҳои доимӣ ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи чиптаҳои худро пойин хоҳанд овард. Ин ширкатҳо то кунун дар тавҷеҳи нархҳои миёншикани худ инро баҳона мекарданд, ки зимни анҷоми парвозҳои чартерӣ маҷбуранд аз мусофирон хароҷоти ҳарду тарафи роҳро ситонанд, чунки ба як тараф маҷбуранд холӣ, яъне бидуни мусофир, парвоз кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон иддао мекунанд, ки онҳо тавонистанд нархи парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русияро то ҳадди 500 доллар пойин фароранд. Вале сокинон мегӯянд, ки чиптаи парвоз ба Русияро бо нархи камтар аз 700 доллар харидан тақрибан имкон надорад ва агар зарурати парвози оҷил пеш  биояд, кас маҷбур мешавад, барои парвоз танҳо ба як тараф беш аз 1000 доллар пардохт кунад.

Феълан ба истиснои 4 парвози доимӣ боқии парвозҳо байни Русияву Тоҷикистон ба тариқи чартерӣ анҷом дода мешаванд.

Россия снимает ограничения на регулярные и чартерные полёты в Доминикану, Южную Корею и Чехию

Татьяна Голикова провела заседание оперативного штаба по предупреждению завоза и распространения новой коронавирусной инфекции на территории России.

По итогам состоявшегося обсуждения и с учётом эпидобстановки в отдельных странах принято решение о снятии с 27 августа 2021 года ограничений на выполнение регулярных и нерегулярных (чартерных) полётов из аэропортов России, из которых возобновлены международные полёты, в Доминикану, Южную Корею и Чехию.

Также принято решение с 27 августа 2021 года увеличить количество регулярных рейсов на взаимной основе:

– в Венгрию (по маршрутам Москва – Будапешт с 4 до 7 рейсов в неделю, Сочи – Будапешт, Казань – Будапешт, Жуковский – Будапешт, Екатеринбург – Будапешт, Краснодар – Будапешт, Ростов-на-Дону – Будапешт, Самара – Будапешт с частотой 1 рейс в неделю на каждом маршруте);

– в Египет (по маршрутам Москва – Хургада, Москва – Шарм-эш-Шейх с 5 до 15 рейсов в неделю на каждом маршруте, из аэропортов России, из которых возобновлены международные полёты, в г. Хургада и г. Шарм-эш-Шейх с частотой 1 рейс в неделю на каждом маршруте);

– в Кипр (по маршрутам Москва – Ларнака с 4 до 7 рейсов в неделю, Москва – Пафос с 3 до 7 рейсов в неделю, из аэропортов России, из которых возобновлены международные полёты (кроме Москвы), в г. Ларнаку и г. Пафос с 2 до 4 рейсов в неделю на каждом маршруте);

– в Киргизию (по маршрутам Москва – Бишкек с 3 до 7 рейсов в неделю, из г. Новосибирска, г. Красноярска, г. Казани, г. Екатеринбурга, г. Иркутска, г. Грозного в г. Бишкек с частотой 1 рейс в неделю на каждом маршруте);

– в Таджикистан (по маршруту Москва – Душанбе с 2 до 7 рейсов в неделю, из аэропортов России, из которых возобновлены международные полёты, в г. Душанбе, г. Худжанд и г. Куляб с частотой 1 рейс в неделю на каждом маршруте).

Вместе с тем оперативным штабом решено продлить до 2 сентября 2021 года включительно действующие ограничения по авиасообщению с Танзанией с учётом сложной эпидемиологической обстановки в этой стране.

Также с 27 августа 2021 года будут возобновлены полёты из международного аэропорта г. Сургут в иностранные государства.

Оперативный штаб рекомендует гражданам перед полётом в иностранные государства пройти вакцинацию для защиты от COVID-19.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button