Муҳоҷирон

ДАР ЯК ҲАВОПАЙМО АЗ МАСКАВ БА ДУШАНБЕ 13 ТОБУТ ОВАРДААНД (АКС)

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо ирсоли як акс хабар дод, ки субҳи 23 июл, дар фурудгоҳи Душанбе танҳо аз як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр”-и Русия, ки аз Маскав омада буд, якбора 13 тобут фаровардаанд. Ин тобутҳои муҳоҷирони тоҷикест, ки дар рӯзҳои охир дар шаҳру вилояти Маскав ва вилоятҳои атрофи он ба иллатҳои гуогун ҷон бохтаанд.

“Чунин миқдори тобутҳо ва он ҳам дар як ҳавопайморо бори аввал дидам ва сахт такон хӯрдам. Вақте ин тобутҳоро мебинӣ, баъд мефаҳмӣ, ки пуле, ки муҳоҷирбачаҳои тоҷик дар Русия ба даст меоранд, бо чӣ қадар азоб ва ҳатто дар баҳои ҷонашон ба даст меомадааст…”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Як манбаъ аз фурудгоҳи Душанбе гуфт, аксари онҳое, ки мурдаҳояшонро аз Русия меоранд, ҷавонанд. “Ҳатто ҳастанд бачаҳое, ки ҳамагӣ 17 ё 18 сол доранд ва тоза баъди хатми мактаб ба мардикорӣ рафтаанд, вале ба ягон сабабе дар Русия ҷон додаанд. Мардону занони миёнасол ҳам ҳастанд, вале мардуми солхӯрда камтар аст. Асосан ҷавонҳоянд, ки мурдаҳояшонро аз Русия тобут карда, барои гӯручӯб ба падару модаронашон мефиристанд”, – гуфт ӯ.

Қаблан “Бомдод”  хабар дода буд, ки субҳи 4 июл, аз соати 4 то 8  аз се ҳавопаймое, ки аз Русия дар фурудгоҳи Душанбе пойин шуданд, 19 тобут фароварданд.

“Ин тобутҳои муҳоҷирони тоҷики зодаи Хоруғ, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Панҷакент, Спитамен, Конибодом ва дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон буд. Албатта, тақрибан ягон парвозе аз Русия нест, ки дар он ягон тобути муҳоҷирони тоҷик набошад. Вале 19 тобут дар се парвози субҳи 4 июл шумораи бесобиқа буд”, – гуфта  буд манбаи “Бомдод”.

То давраи пандемия солона аз Русия Тоҷикистон беш аз 1000  тобут меомад. Ин танҳо ҷанозаҳои он муҳоҷиронест, ки наздиконашон дар мулки ғурбат ба хок супурдани онҳоро намехостанд ва ба ҳар қимат талош мекарданд, ки азизони дар ғарибӣ ҷонбохтаи худро ба Ватан биоранд ва дар зодгоҳашон гӯручӯб кунанд.

Дар солҳои охир садҳо муҳоҷири тоҷики дар Русия фавтидаро дар ҳамон кишвар ба хок супурдаанд. Дар бисёре аз қабристонҳои мусалмонии Русия ҳатто гӯшаҳое пайдо шудаанд, ки дар онҷо танҳо муҳоҷирони тоҷик дафн шудаанд.

Муҳоҷират як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳояшон ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳар рӯз дар Русия ба ҳисоби миёна то 3 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кор, садамаҳо, бемориҳои гуногун аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад. Вале даҳҳо нафари онҳо бо марги маҷбурӣ, аз ҷумла  дар натиҷаи куштор, ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Аксари муҳоҷирони тоҷике, ки дар ғарибӣ мемиранд, дар айни ҷавонӣ ҷавонмарг мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button