Дин ва боварҳо

РӮҲОНИИ МАЪРУФ МУЛЛО АМИРИ ПАХТАКОРӢ АЗ ДУНЁ РАФТ

Рӯҳонии маъруф дар водии Вахш Мулло Амири Пахтакорӣ рӯзи 21 июл дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, домулло Амирро фишори баланд аз пой афтонда буд ва дар рӯзи дуюми иди саиди Қурбон ӯ ба раҳмати Ҳақ пайваст.

“Ӯ солҳои ахир аз бемории фишори хун ранҷ мекашид. Рӯзи 13 июл бо сабаби баланд шудани фишори хунаш якбора аз гап монд. Чанд рӯз дар беморхона буд, вале ҳолаш беҳтар нашуд ва табибон ба наздиконаш маслиҳат доданд, ки ӯро хона баранд. Шоми 21 июл, соати 19 дар хонааш ҷон дод”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Маросими намози ҷанозаи Мулло Амир рӯзи 22 июл, соати 10 дар масҷиди Пахтакор, ки имоматиаш бар ӯҳда шогирди худи ӯ Мавлавӣ Саъдиддин аст, баргузор хоҳад шуд.

Мулло Амири Пахтакорӣ соли 1945 дар собиқ совхози “Туркманистон”-и ноҳияи Вахш  ба дунё омада, соли 1953, вақте ҳамагӣ 8 сол дошт, дар назди Эшони Аҳмадзода, падари Эшони Муҳтадии Қаротегинӣ ба омӯхтани улуми Шариат оғоз кардааст.

Мулло Амир наздик ба 10 сол дар назди Эшони Аҳмадзода улуми Қуръон ва адабиёти тариқати Нақшбандияро аз худ карда, сипас таҳсилашро дар назди Эшони Абдураҳмонҷон дар Оби Гарм идома додааст. Охирин устоди ӯ дар улуми шаръӣ ва аҳкоми Нақшбандия Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ буд, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар синни 80 аз олам чашм пӯшид.

Аз Мулло Амири Пахтакорӣ китобе бо номи “Улуми Шариати Исломи ноб” ва даҳҳо шогирд ба ёдгор монд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, рӯҳониёни муътабаре, чун Мавлавӣ Саъдиддин, Мавлавӣ Тоҷиддин, Мавлавӣ Қутбиддин (як ҷинхони маъруф дар минтақаи Қӯрғонтеппа), Шайх Нуралӣ, Домулло Мирзо аз ҷумлаи шогирдони Мулло Амири Пахтакорӣ ба ҳисоб мераванд.

Аз ин рӯҳонӣ ҳамчунин 8 фарзанд: 4 писар ва 4 духтар боқӣ мондааст, ки ҳама писаронаш, ба гуфтаи наздикони Мулло Амири Пахтакорӣ, аз аҳли илм ва тақво ҳастанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button