Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

ДАР ҲАҚҚИ ҚУРБОНАЛӢ РАҲМОН ДУО КУНЕД! ОВОЗХОНИ ШИНОХТАРО ДАР “ЯКУМ СОВЕТСКИЙ” БИСТАРӢ КАРДААНД

Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро шоми 6 июл бо аломатҳои коронавирус дар Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советский” бистарӣ кардаанд. Вазъи сиҳатии ҳунарманди маъруф вазнин арзёбӣ мешавад.

Яке аз пайвандони Қурбоналӣ Раҳмон ба хабаргузории русии “Спутник” гуфт, ӯ тайи панҷ рӯзи ахир бо аломатҳои “коронавирус” дар хона бистарӣ ва таҳти муроқибати духтурон буд.

“Дирӯз бегоҳ вазъи сиҳатиашон вазнин шуд ва мо тасмим гирифтем, ки ӯро ба шифохонаи “Якум Советский” баранд. Ҳоло таҳти назорати пизишкон аст”, – гуфтааст ӯ.

Қурбоналӣ Раҳмон соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1977 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Қурбоналӣ Раҳмон солҳои тӯлонӣ  роҳбари Хонаи маданияти ноҳияи Восеъ ва роҳбари ансамбли машҳури “Чашма” буд, ки онро раиси колхози овозадори ба номи Ленин Миралӣ Маҳмадалиев маблағгузорӣ мекард.

Қурбоналӣ Раҳмон соли 1986, вақте ҳанӯз дар Восеъ кор мекард, унвони Ҳунарпешаи шинохтаи ҶШС Тоҷикистонро ба даст овард.

Ӯ соли 1996 ба Душанбе омад ва дар ансамбли “Дарё” ба кор даромад. Ду сол баъд роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Сомониён” таъйин шуд.

Қурбоналӣ Раҳмон соли 2004 сазовори унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

Қурбоналӣ Раҳмон мисли Ҷамшед Исмоилов аз парвардагони мактаби ҳунарии Ҷӯрабек Назриев буд. Ҷамшед Исмоилов ва устоди онҳо Ҷӯрабек Назриев соли гузашта қурбони коронавирус шуданд.

Қурбоналӣ Раҳмон дар оғози фаъолияти эҷодиаш, бахусус замони дар ансамбли фолклории “Чашма” кор карданаш бо иҷрои таронаҳои мардумӣ маҳбубияти зиёд ба даст овард. Солҳои охир ӯ бештар таронаҳои орифона, асосан аз осори Мавлавӣ мехонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Аз Худованд таманно дорам, ки хамаи булбулони ватанро хифз намеояд ва онхо тавонанд фикру андешаи мардумро шодоб гардонанд, то ин, ки дар гайбати хамдигар набошанд. Ба акаи Курбонали шифои комил орзу дорам.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button