ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК КӮДАКИ 12-СОЛА ДАР ДАРАИ ҲОИТ ҲАНГОМИ ЧУКРИЧИНӢ АЗ КӮҲ АФТОДА, ҶОН БОХТААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи боз як ҳодисаи нохуши ҳангоми чукричинӣ аз кӯҳ афтодану ба ҳалокат расидани сокинон хабар дод. Ин дафъа як кӯдаки 12-сола дар дараи Ҳоити ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон ҷон бохтааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, 21 апрели соли 2024, тақрибан соати 10-и субҳ як сокини 12-солаи деҳаи Ҳоити ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт барои ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳи воқеъ дар наздикии деҳаашон рафтааст. Аз сабаби он ки баъди боронҳои пуршиддат замин дар кӯҳҳо лағжонак шуда буд, ин кӯдак сахт лағжида, аз баландии 40 метр ба поён афтодааст.

Дар натиҷаи бархӯрдҳои сахт ба сангу реги кӯҳ кӯдак ҷароҳатҳои зиёд бардошт ва дар бемористон бистарӣ карда шуд, вале табибон ӯро аз марг наҷот дода натавонистанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ба аҳли хонавода, пайвандони ин ноболиғи ҷонсупурда изҳори таслият карда, ҳамзамон аз сокинон хостааст, ба ҷони ҷавони фарзандонашон ҷабр накунанд, онҳоро беназорат нагузоранд, тани танҳо ба кӯҳҳо ҷамъоварии ҳезуму дорувор ё моҳидорӣ ба соҳили обҳо нафиристанд.

“Бахусус рӯзҳои борониву баъди борон рафтан ба кӯҳҳу доманакӯҳҳо хатарнок аст. Эҳтиёт кунед!” –  таъкид шудааст дар муроҷиатномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳолати расонаишудаи ҳалокати сокинони Тоҷикистон ҳангоми чукричинист. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки як сокини ноҳияи Файзобод ҳангоми чукричинӣ дар кӯҳ ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, субҳи 16 апрели соли 2024 сокини 31-солаи деҳаи Кӯлобиёни ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод дар шарқи Тоҷикистон бо мақсади чидани чукрӣ ба як кӯҳи воқеъ дар наздикии деҳаашон рафтааст. Аммо мутассифона, ҳангоми чидани чукрӣ аз як теппаи баландиаш 30 метр сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Ҷасади ӯро ҳамдеҳагонаш ёфта, ба деҳа овардаанд ва ба дасти наздикони марҳум супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи марги сокини Ҳоит ҳангоми чукричинӣ бори дигар аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостааст, ки дар рӯзҳои пурбориш ва то хушк шудани бистари хок аз рафтан ба кӯҳҳо барои чидани ҳезуму гиёҳҳо ё барои шикору моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

 “Ба ҳушдорҳо ва огоҳиҳои мақомоти салоҳиятдор бепарвоӣ нишон надиҳед! Қоидаҳои бехатариро қатъия риоя кунед!” –  таъкид шудааст дар муроҷиатномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button