ВидеоМуҳоҷирон

“МК”: ТОҶИКҲО ДАР МАСКАВ ДОМОДҲОИ АЗ ҲАМА СЕРХАРИДОР ШУДААНД

Дар 2021 занону духтарони сокини шаҳри Маскав аз байни хориҷиён бештар аз ҳама бо зодагони Тоҷикистон издивоҷ кардаанд. Имсол алакай 355 шаҳрванди Тоҷикистон бо занону духтарон аз Маскав ақди никоҳ бастаанд, ки ин тақрибан чоряки ҳудуди 1500 никоҳи бо домодҳои хориҷӣ басташуда дар Маскавро ташкил медиҳад. Баъд аз тоҷикҳо дар ин рейтинги домодҳои барои занону духтарони сокини Маскав аз ҳама маҳбуб шаҳрвандони Озарбойҷон (208 ақди никоҳ), Украина (142), Қирғизистон (141) ва Беларус (107) ҷой гирифтаанд. Имсол шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Саратов ва ҷумҳурии Удмуртистони Русия низ домодҳои аз ҳама серхаридор дониста шудаанд.

Вале мардони сокини Маскав имсол аз байни хориҷиён бештар аз ҳама бо бонувон аз Украина (280 издивоҷ) ва Қирғизистон (221) ақди никоҳ бастаанд. Бонуҳои украиниву қирғиз дар ин сабқат аз зодагони Беларус (102), Молдова (84), Ӯзбекистон (77) ва Озарбойҷон(62) пеш гузаштаанд.

Бино ба иттилои раёсати ЗАГС шаҳри Маскав, аз аввали соли 2021 дар пойтахти Русия ҳудуди 2700 ақди никоҳ бо хориҷиён сабт шудааст. Ин назар ба соли 2020 13% камтар, вале дар муқоиса бо соли 2019 19% бештар мебошад. Аз аввали сол ҳудуди 1500 бону дар Маскав ба домодҳои хориҷӣ ба шавҳар бароварда, беш аз 1200 домоди маскавӣ арӯси хориҷӣ фаровардаанд.

Тавре нашрияи  «Московский комсомолец» (“МК”) бо такя ба омори ЗАГС гузориш медиҳад, бонувони сокини Маскав бештар аз ҳама бо зодагони СНГ издивоҷ кардаанд.  Аз 1500 домоди хориҷӣ қариб чорякаш, ё 355 ақди никоҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистон баста шуда, 142 никоҳ бо домодҳо аз Украина, 141 издивоҷ бо шаҳрвандони Қирғизистон ва 107 никоҳ бо домодҳо аз Беларус сабт шудаанд. Ҳамин тавр, бонувони маскавӣ имсол бо домодҳо аз Куба, Сербия, Дания, Ҳинд, Амрико, Ирландия, Канада, Черногория ақди никоҳ баста, чор нафари онҳо ба шаҳрвандони Испания ва 3 нафараш ба шаҳрвандони Италия ба шавҳар баромадаанд.

Домодҳои маскавӣ бошад имсол бештар ба бонувон аз ин 5 кишвар ақди никоҳ бастаанд: Украина (280 ақди никоҳ), Қирғизистон(221), Беларус (102), Молдова (84), Ӯзбекистон (77) ва Озарбойҷон (62). Мардҳои сокини пойтахти Русия дар соли 2021 ҳамчунин аз Олмон, Ветнам, Нигерия, Латвия, Фаронса, Юнон, Камерну, Полша ва Словения арӯс фаровардаанд.

Кормандони ЗАГС мегӯянд, бисёре аз ин домоду арӯсҳо ҳангоми маросими ақди никоҳ кӯшиш мекунанд, то анъанаҳои тӯёнаи миллии худро риоя кунанд ва ҳадди ақал либоси домодиву арӯсии мардуми худро бипӯшанд.

Аз соли 2019 бастани ақди никоҳ дар тамоми шуъбаҳои ЗАГСи шаҳри Маскав мумкин шудааст. Қаблан чунин никоҳҳо танҳо дар чанд шуъбаи махсус сабт мешуд.

Тавре қаблан гузориш дода будем, бино ба омори расмии идораҳои ЗАГС, занону духтарон дар вилояти Саратов ва шаҳри Ижевск, пойтахти ҷумҳурии Удмуртистони Русия низ аз байни хориҷиён имсол бештар аз ҳама бо зодагони Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд.

Юлия Пономарёва, раиси идораи ЗАГСи вилояти Саратов дар нишасти хабариаш доир ба натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2021 гуфт, аз аввали соли ҷорӣ 29 зану духтар дар ин вилоят ба зодагони Тоҷикистон ба шавҳар баромадаанд ва тоҷикҳо аз ин лиҳоз дар вилояти Саратов хушхаридортарин домодҳо дар байни домодҳои хориҷӣ ба шумор мераванд.

18 сокини Саратов имсол бо зодагони Озарбойҷон, 13нафарӣ бо зодагони Арманистону Қазоқистон ва  11 хонуми саратовӣ бо шаҳрвандони Украина ақди никоҳ бастаанд. Дар байни шаҳрвандони кишварҳои хориҷаи дур шаҳрвандони Ироқ, Эрон ва Марокаш барои бонувони Саратов маҳбубтар будаанд.

Юлия Пономарёва  ҳамзамон аз сокинони Саратов хостаст, ки ҳангоми ақди никоҳ дар хориҷ аз Русия ҳушёр бошанд, чунки Русия на бо ҳамаи кишварҳои дунё ҷиҳати эътирофи ақди никоҳ шартномаи дутарафа имзо кардааст, ки дар ин сурат ақди никоҳи онҳоро дар Русия метавонанд эътироф накунанд. Аз тарафи дигар, қонунгузориии никоҳи бархе кишварҳо метавонад аз қонунҳои Русия фарқ кунад.

Дар ҳамин ҳол, идораи ЗАГСи пойтахти Удмуртистон низ бо натиҷагирии семоҳаи аввали соли 2021 зодагони Тоҷикистону Озарбойҷонро домодҳои хориҷии аз ҳама серхаридор барои бонувони Ижевск ном бурдааст.

Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи ЗАГСиба  Ижевск, аз аввали сол дар ин шаҳр ҳамагӣ 763 ақди никоҳ баста шудаааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ақд бештар аст. Дар 34 маврид бонувони Ижевск бо хориҷиён издивоҷ кардаанд. Аз ҷумла 10 нафари онҳо бо зодагони Тоҷикистон ва 10 бонуи дигар бо зодагони Озарбойҷон издивоҷ карда, сокинони пойтахти Удмуртистон имсол ҳамчунин бо шаҳрвандони Ироқ, Миср, Сурия ва Корея ақди никоҳ бастаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба натиҷаҳои як назархорҷӣ, ки дар байни беш аз 30 ҳазор нафари синниашон аз 18 то 45 дар шаҳрҳои бузурги Русия анҷом шудааст, 90 дарсади мардон ва 53 дарсади занони рус ба муносибатҳои маҳрамона ё ақди никоҳ бо мардуми ғайриславян майл надоштаанд.  Он занҳое, ки чунин муносибат ва издивоҷро ҷоиз мешуморанд, низ асосан ба ғайриславяниҳои ба истилоҳ “худӣ”, аз ҷумла ба чеченҳову доғистониҳо, тоторҳо ва ингушҳо бартарӣ додаанд. Дар ин феҳрасти бартариҳои бонувони рус дар мақомҳои баъдӣ арманиҳо, озариҳо, туркҳо, арабҳо, сипас – маҷмӯан ёқутҳо, бурятҳо, тувагиҳо, қалмиқҳо ва дигар халқҳои муғулинажод меоянд.

Бонувони рус сипс хитоиҳо, қазоқҳо, кореягиҳо ва сиёҳпӯстонро ном бурдаанд. Зодагони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ин рейтинги домодҳои хориҷии аз ҳама маҳбуб барои бонувони рус дар зинаҳои аз ҳама поён қарор гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button