ТОҶИКҲО – ДОМОДҲОИ АЗ ҲАМА МАҲБУБУ СЕРХАРИДОР ДАР САРАТОВ ВА ИЖЕВСКИ РУСИЯ
Бино ба омори расмии идораҳои ЗАГС, занону духтарон дар вилояти Саратов ва шаҳри Ижевск, пойтахти ҷумҳурии Удмуртистони Русия аз байни хориҷиён имсол бештар аз ҳама бо зодагони Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд.
Юлия Пономарёва, раиси идораи ЗАГСи вилояти Саратов дар нишасти хабариаш доир ба натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2021 гуфт, аз аввали соли ҷорӣ 29 зану духтар дар ин вилоят ба зодагони Тоҷикистон ба шавҳар баромадаанд ва тоҷикҳо аз ин лиҳоз дар вилояти Саратов хушхаридортарин домодҳо дар байни домодҳои хориҷӣ ба шумор мераванд.
18 сокини Саратов имсол бо зодагони Озарбойҷон, 13нафарӣ бо зодагони Арманистону Қазоқистон ва 11 хонуми саратовӣ бо шаҳрвандони Украина ақди никоҳ бастаанд. Дар байни шаҳрвандони кишварҳои хориҷаи дур шаҳрвандони Ироқ, Эрон ва Марокаш барои бонувони Саратов маҳбубтар будаанд.
Юлия Пономарёва ҳамзамон аз сокинони Саратов хостаст, ки ҳангоми ақди никоҳ дар хориҷ аз Русия ҳушёр бошанд, чунки Русия на бо ҳамаи кишварҳои дунё ҷиҳати эътирофи ақди никоҳ шартномаи дутарафа имзо кардааст, ки дар ин сурат ақди никоҳи онҳоро дар Русия метавонанд эътироф накунанд. Аз тарафи дигар, қонунгузориии никоҳи бархе кишварҳо метавонад аз қонунҳои Русия фарқ кунад.
Дар ҳамин ҳол, идораи ЗАГСи пойтахти Удмуртистон низ бо натиҷагирии семоҳаи аввали соли 2021 зодагони Тоҷикистону Озарбойҷонро домодҳои хориҷии аз ҳама серхаридор барои бонувони Ижевск ном бурдааст.
Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи ЗАГСиба Ижевск, аз аввали сол дар ин шаҳр ҳамагӣ 763 ақди никоҳ баста шудаааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ақд бештар аст. Дар 34 маврид бонувони Ижевск бо хориҷиён издивоҷ кардаанд. Аз ҷумла 10 нафари онҳо бо зодагони Тоҷикистон ва 10 бонуи дигар бо зодагони Озарбойҷон издивоҷ карда, сокинони пойтахти Удмуртистон имсол ҳамчунин бо шаҳрвандони Ироқ, Миср, Сурия ва Корея ақди никоҳ бастаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба натиҷаҳои як назархорҷӣ, ки дар байни беш аз 30 ҳазор нафари синниашон аз 18 то 45 дар шаҳрҳои бузурги Русия анҷом шудааст, 90 дарсади мардон ва 53 дарсади занони рус ба муносибатҳои маҳрамона ё ақди никоҳ бо мардуми ғайриславян майл надоштаанд. Он занҳое, ки чунин муносибат ва издивоҷро ҷоиз мешуморанд, низ асосан ба ғайриславяниҳои ба истилоҳ “худӣ”, аз ҷумла ба чеченҳову доғистониҳо, тоторҳо ва ингушҳо бартарӣ додаанд. Дар ин феҳрасти бартариҳои бонувони рус дар мақомҳои баъдӣ арманиҳо, озариҳо, туркҳо, арабҳо, сипас – маҷмӯан ёқутҳо, бурятҳо, тувагиҳо, қалмиқҳо ва дигар халқҳои муғулинажод меоянд.
Бонувони рус сипс хитоиҳо, қазоқҳо, кореягиҳо ва сиёҳпӯстонро ном бурдаанд. Зодагони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ин рейтинги домодҳои хориҷии аз ҳама маҳбуб барои бонувони рус дар зинаҳои аз ҳама поён қарор гирифтаанд.