Номаҳо ба президентҶомеа

ВО-АҶАБ! ДАР ЧОРБОҒ ҚАРИБ ЯК ГЕКТАР ЗАМИНИ ҚАБРИСТОНРО ЯКУМРАВУ МЕРОСӢ БА ЯК ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ ДОДААНД (2 САНАД+4 АКС)

Сокинони деҳаи Чорбоғи ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат мегӯянд, қариб як гектар замини қабристони ин деҳаро мақомот ба як хоҷагии деҳқонӣ додаанд ва мардум намедонанд, ки мурдаҳои худро дар куҷо бигӯронанд.

Ин моҷаро моҳи феврали соли 2018 вақте сар шуд, ки раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода қарор баровард, ки аз ҳисоби заминҳои кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” ба сокини деҳаи Чорбоғ Гадоева Ҳанифа барои хоҷагии деҳқонии “Акмал”  барои истифодаи якумраи меросӣ 0,90 гектар замин ҷудо карда шавад.

Вақте маълум шуд, ки барои Ҳанифа Гадоева заминҳои қабристони деҳаи Чорбоғро ҷудо кардаанд ва ӯ ҳам дар даруни қабристон подаи чорвои худро барои чаро сар додааст, сокинони Чорбоғ, қарори маълум, ба шӯр омаданд ва чанд дафъа бо эътироз ба ҷамоати Чӯянгарон ва то ба ҳузури шаҳрдори Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода рафтанд.

Ҷаноби Амирзода зоҳиран фаҳмид, ки мақомоти маҳаллӣ шояд барои манфиатҳои худ  ӯро ба иштибоҳ андохтаанд ва моҳи ноябри соли 2018  дар асоси аризаи дастаҷамъии сокинони деҳаи Чорбоғ қарори худ аз моҳи февралро бекор кард ва амр дод, ки қитъаи замини барои хоҷагии деҳқонии “Акмал” ҷудошуда ба ҳолати аввалаш баргардонда шавад.

Мардуми Чорбоғ баъди ин нафаси сабук кашид, вале Ҳанифа Гадоева аз қарори шаҳрдорӣ ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят бурд ва додгоҳи иқтисодӣ қарори шаҳрдорро бекор кард ва замини қабристонро боз ба хоҷагии деҳқонии “Акмал” дод.

Сокинони Чорбоғ мегӯянд, дар лобалои ин ҳама футбол бо замини қабристон ҳайрон мондаанд, ки мурдаҳои худро дар куҷо гӯронанд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button