Ҳуқуқи инсон

МУҲОҶИРРО ОВЕХТАНД, ҒАРҚ КАРДАНД, СӮЗОНДАНД, ШИКАНҶА ДОДАНД, ВАЛЕ Ӯ ЗИНДА МОНД

Хабаргузории «Оперативное прикрытие» хабар дод, ки як шаҳрванди 29-солаи Ӯзбекистон дар Русия ба азобу уқубат ва боздошти худсарони як ҳамватанаш айбдор мешавад. Бино ба нақли манбаи ин хабаргузорӣ, Сайфуддин Оқилбеков, ки дар як сохтмон дар деҳаи Виллози дар ноҳияи Ломоносови вилояти Ленинград, воқеъ дар тақрибан 37-километрии ҷануби шаҳри Санкт-Петербург  ба ҳайси прораб (саркор) кор мекард, рӯзи 14 август бо кумаки коргарони дигар як коргари 43-сола аз Ӯзбекистонро кӯшиш кардааст, ки ба дарахт биовезад. Баъдан ин коргарро маҷбур кардаанд, ки ба даст асбоби вазнин гирифта, ба об бидарояд, то ғарқ шавад. Сабаби ин қадар ба қаҳр омадани прораб аз ин коргар гуфта нашудааст, вале баъди онки кӯшиши ғарқ кардани вай ҳам амалӣ нашуд, ин коргарро дар назди гулхан шинонда, ба баданаш маводи сӯхт рехтаанд ва оташ задаанд. Марди бечора худро ба об партофта, оташи баданашро хомӯш кардааст. Вале азобдиҳандаҳои ӯ боз ҳам ором нагирифта, ин муҳоҷири ӯзбекро дар вагон маҳкам кардаанд ва то рӯзи 17 август задаанду шиканҷа додаанд.

Рӯзи 28 август мақомоти тафтишотии вилояти Ленинград нисбат ба Сайфуддин Оқилбеков бар асоси моддаи 117-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми азобу уқубат бо истифода аз шиканҷа парванда кушоданд. Рӯзи 29 декабр мақомоти тафтишотӣ ба зидди ин саркор бар асоси моддаи 127-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми боздошти ғайриқонунӣ парвандаи дуюм кушодаанд. Ба ӯ барои азобу уқубати ҳамватанаш то 7 соли зиндон ва барои боздошти ғайриқонунӣ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мигранта в Ленобласти вешали, топили, жгли, пытали, но он выжил

По подозрению в истязаниях и незаконном лишении свободы задержан земляк жертвы, приезжий из Узбекистана.

АН «Оперативное прикрытие
Нелегала из Узбекистана подозревают в истязаниях и незаконном лишении свободы земляка.
По информации АН «Оперативное прикрытие», 29-летний иностранец летом нынешнего года работал прорабом на стройке в деревне Виллози Ломоносовского района. Подсобным рабочим там же трудился его 43-летний земляк. 14 августа прораб при «помощи» других рабочих попытался повесить подсобника на дереве. Затем заставил жертву взять в руки металлические изделия и зайти в воду, чтобы утонуть. Но передумал. Посадил рабочего у
костра, облил его жидкостью для розжига и поджег. Мужчина забежал в воду и загасил пламя на своей одежде. Тогда его заперли в бытовке и до 17 августа избивали и пытали.
28 августа СК возбудил уголовное дело по статье 117 УК РФ (истязания с применением пытки). В тот же день был задержан подозреваемый – 29-летний гражданин Узбекистана Сайфуддин Акилбеков, неработающий, проживающий в РФ без регистрации. Его отправили в «Кресты».
29 декабря следователем Сосновоборского межрайонного отдела СК России возбуждено уголовное дело по статье 127 УК РФ (незаконное лишение свободы).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button