ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

НАҶОТИ ҶОНИ ҶАВОНЕ, КИ ХУДРО ШАБОНА АЗ ПУЛ БА ДАРЁИ ДУШАНБЕ ПАРТОФТ (АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 17 марти соли 2024, соати 21:19 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории ин кумита занги изтиробоваре расид, ки як мард аз рӯи пули воқеъ дар касаба ё микрорайони 46-уми пойтахт худро ба дарёи Душанбе партофтааст.

Гуруҳи наҷотбахшони воҳиди зудамали раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе билофосила ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд.

Ҳарорати об ҳангоми роҳандоҳии чорабиниҳои наҷотдиҳӣ ҳамагӣ 10-12 дараҷа гарм буд. Наҷотбахшон бо истифода аз банд худро то назди марди ба дарё афтода расонданд ва ба тани ӯ ҷавшани наҷотдиҳӣ пӯшонда, бо банд миёнашро бастанд ва аз об берунаш оварданд.

Маълум шуд, ки ин ҷавон 20 сол дошта, аз деҳаи Баракати ҷамоати ба номи Мирзо Турсунзода дар канори шаҳри Ҳисор будааст. Ба ҷавон ёрии аввали тиббӣ расонда, сипас ӯро ба беморхона интиқол додаанд.

Сабаби ба дарё афтодани ин ҷавон маълум нест, ки оё ӯ тасодуфан ба об афтодааст ваё дидаю дониста? Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ба ҷои ҳодиса намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ даъват карда шуданд ва ҷузъиёти ҳодиса таҳқиқ хоҳад шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ҳодиса аз сокинон хостааст, ки нисбат ба наздикони худ бо эҳтиёт муносибат кунанд ва ҳаёти худу наздикони худро қадр кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button