ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

ДОДСИТОНИИ КУЛ: БАРОИ ЛАТТУКӮБИ САРБОЗОН 2 АФСАР, 2 СЕРЖАНТ ВА 4 САРБОЗ ЗИНДОНӢ ШУДАНД

Додситонии кулли Тоҷикистон  рӯзи 8 июни соли 2023 дар як иттилоияи вижа тасдиқ кард, ки дар робита ба парвандаи пурсарусадои видеои бадрафторӣ нисбат ба наваскарон дар комендатураи “Ворух 1” 8 нафар маҳкум ба зиндони низомаш пурзӯр шудаанд. Аз ин шумор бо ҳукми коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли равон ду афсар ва ду сержант ҳар кадом ба 11 солу 6 моҳи зиндон ва се сарбозу як сержанти хурд ҳар кадом ба 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудаанд.  Аз ҷумла:

  1. Сардори Комендатураи якуми сарҳадӣ, подполковник Лазуриев Нуҳзат  бар асоси моддаи моддаи 391, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ  (сӯиистеъмол аз мансаб ё ваколат, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин шудааст) гунаҳкор дониста шуда, ба 11 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
  2. Командири ротаи ин қисми ҳарбӣ, капитан Юсупов Шамсулло бар асоси моддаи моддаи 391, қисми 3, банди “б” гунаҳкор дониста шуда, ба 11 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.
  3. Сержант Камолов Аъзамҷон бар асоси моддаи 373, қисми 2, бандҳои “а,б,в” ва моддаи 391, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар батакрор вайрон кардани оиннома нисбати чанд нафар аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ ва  берун баромадан аз ҳадди ваколат гунаҳкор дониста шуда, ба 11 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
  4. Сержант Ҳоҷиакбар Сайфуллоев бар асоси моддаи 373, қисми 2, бандҳои “а,б,в” ва моддаи 391, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар батакрор вайрон кардани оиннома нисбати чанд нафар аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ ва берун баромадан аз ҳадди ваколат гунаҳкор дониста шуда, ба 11 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
  5. Сарбози қаторӣ Маҳмадназар Нозимов бар асоси моддаи 373, қисми 2, бандҳои “а,б,в” дар батакрор вайрон кардани оиннома нисбати чанд нафар аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 9 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
  6. Сарбози қаторӣ Ҷонибек Қосимзода бар асоси моддаи 373, қисми 2, бандҳои “а,б,в” дар батакрор вайрон кардани оиннома нисбати чанд нафар аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 9 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
  7. Сарбози қаторӣ Фахриддин Азимов бар асоси моддаи 373, қисми 2, бандҳои “а,б,в” дар батакрор вайрон кардани оиннома нисбати чанд нафар аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 9 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
  8. Сержанти хурд Суннатулло Холматов бар асоси моддаи 373, қисми 2, банди “в” дар вайрон кардани оиннома аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 9 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.

Рӯзи 24 апрели соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду видеои даҳшатбори латтукӯби бераҳмонаи наваскарон аз ҷониби сарбозони собиқадор нашр шуд. Дар видеоҳо дида мешуд, ки кӯҳнасарбозон навсарбозонро аввал як як ба назди худ мехонанд ва бо як тахта ба ҷои нарми бадани ҳар кадомаш мезананд. Сипас наваскаронро қатор мекунанд ва аввал яке аз кӯҳнасарбозон аз паҳлуи ҳар кадомаш гузашта,  ҳар наваскарро дар бари рӯяш бо тамоми қувват чанд шаппотӣ зада, мегузарад. Ба дунболи ӯ, аз паҳлуи қатори наваскарон кӯҳнасарбози дуюм як тахта дар даст рад мешавад ва ӯ ҳам ҳар наваскарро дар болои сараш бо тахта бо тамоми қувват чанд зарба мезанад.

Ҳанӯз ин ду кӯҳнасарбоз кори худро тамом накарда, кӯҳнасарбози сеюм ба ин маъракаи “дарси адаб” додани наваскарон ҳамроҳ мешавад ва яке аз наваскаронро маҷбур мекунад, ки дар рӯи фарш рӯи ду дасташ дар ҳолати нимхоб биистад. Ӯ дар ҳамин ҳолат он наваскари бечораро бо тамоми қувват ба қисмати шикамаш беист шаттаборон мекунад.

Дар навор дида мешуд, ки наваскарони бечора аз ин ки ба чунин як “қассобхона” афтодаанд, сахт тарсидаанд ва ягон нафараш ҳатто ҷуръати муқобилият нишон додан намекунад.

Ин видео дар ҳоле нашр шуд, ки дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ идома дошт ва аз ин рӯ, мавҷи вокунишҳо ва нигаронии сокинон, бахусус волидони ҷавонони синну соли даъватиро ба бор овард.

Додситонии кулли Тоҷикистон худи ҳамон рӯз хабар дод, ки дар натиҷаи тафтиши видео муайян кардааст, ки ин ҳодиса 15 декабри соли 2022 дар комендатураи якуми Ворух дар марзи Исфара бо Қирғизистон рух додааст. Додситонӣ худи ҳамон рӯз дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода, гунаҳкоронро ба ҳабс гирифт.

Додситонӣ гуфт, “ин парванда зери назорати шахсан прокурори генералӣ, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон Ю.А. мавриди санҷиши пурра ва ҳаматарафа қарор гирифта, ҳамаи шахсони гунаҳгор дар муҳлати кӯтоҳ муайян ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд маҳкум гардиданд”. Тафтишот дар зарфи камтар аз як моҳ тафтиши парвандаро ба анҷом расонда, алакай рӯзи 20 май ба Додгоҳи олӣ супурдааст.

Додситонӣ гуфт, новобаста аз ҳукми зиндони гунаҳкорони ин ҳодиса, бо дастури додситони кулли Тоҷикистон дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии кишвар доир ба муайян кардани ҳолатҳои чунин таҷрибаи номатлуби бадрафторию бузургсолорӣ (дедовщина), лату кӯби хизматчиёни ҳарбӣ ва муайян кардану ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор, баланд бардоштани масъулият ва ҳисси ҷавобгарии роҳбарони қисмҳои ҳарбӣ санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, назорат дар ин самт пурзӯр карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button