ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН САТТОР ТУРСУН АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри 20 ва аввали асри 21, шаби 5 июни соли 2023 дар синни 77 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, тақрибан се соли охир адиби шинохта аз саратони ғадуди зери меъда ранҷ мекашид ва дар ниҳоят ҳамин маризӣ сабаби маргаш шуд.

Маросими видоъ бо Саттор Турсун рӯзи 6 июн, соати 12:00 дар назди хонааш, кӯчаи Асадулло Ғуломов 3 (рӯбарӯи  “Автовокзал”) ва  сипас, соати соати 13:00 намози ҷанозаи адиб дар масҷиди марказии пойтахт баргузор мешавад. Саттор Турсунро дар оромгоҳи Лучоб дар канори дигар бузургони адабиёт ва илму фарҳанги тоҷик ба хок месупоранд.

Аксҳо аз саҳифаи Ҳафиз Раҳмон

Аҳли фарҳангу адаб даргузашти Саттор Турсунро як талафоти бузург барои адабиёти муосири тоҷик меноманд ва мегӯянд, ӯ аз охирин намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри 20 ба шумор мерафт.

Саттор Турсун 15 феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1970 бахши арабии риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи «Садои Шарқ» оғоз намуда, муддати 20 сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунандаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст. Солҳои 1990—1991 мудири шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.

Соли 1993 аввалин сухангӯи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва солҳои 1994—1997 сардабири маҷаллаи адабии русии «Памир» буд. Баъдан чанд соли дигар вазифаи сардабирии нашрияи вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Баҳори Аҷам»-ро ба уҳда дошт. Саттор Турсун аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС мебошад.

Саттор Турсунро нависандае медонанд, ки набзи замонро некӯ эҳсос мекард ва ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимми зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медод.

Аввалин  китоби ӯ «Дили гарм» дсоли 1971, вақте адиб ҳамагӣ 25 сол дошт, нашр шуд.  Аз Саттор Турсун даҳҳо ҳикояву қиссаву повесту роман ба ёдгор монд. Аз ҷумла «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд(1976—1977)», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Падар», «Се рӯзи як баҳор», «Думбура», «Пайғамбарзот», «Сукути қуллаҳо»,  «Камони Рустам» (1976), «Аз субҳ то шом» (1979),, «Дувоздаҳ ҳикоя» (1986), «Дарахти ҳазорсола» (1991), «Санг дар бағал ба тӯфон» (2002), «Чорбанди домангир» (2011) ва ғайра. Осори Саттор Турсун ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст.

Соли 1982 киностудияи «Тоҷикфилм» дар заминаи «Камони Рустам» филми ҳунарии «Айёми туманҳои тобистон»-ро ба навор оварда буд, ки аз филмҳои пуртамошобини он даврон дониста мешуд. Саттор Турсун соли 1994 сазовори унвони “Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон”, соли 1998 сазовори унвони “Нависандаи халқии Тоҷикистон” гардида, соли 2006 Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муътабартарин ҷоизаи адабӣ дар кишварро ба даст оварда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button