ВидеоДин ва боварҳоТоҷикистон

ДАРГУЗАШТИ МУЛЛО ҶАМОЛИДДИН НЕЪМАТЗОДА, ПИСАРИ МУФТИИ ПЕШИНИ ТОҶИКИСТОН

Ҷамолиддин Неъматзода (Ҷамонулло Неъматов), сархатиби собиқи масҷиди марказии ноҳияи Рӯдакӣ ва писари муфтии собиқи Тоҷикистон Амонулло Неъматзода, рӯзи 3 июни соли 2023 дар синни 60 аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷаноза ва дафни Ҷамолиддин Неъматзода ҳамон рӯзи шанбеи 3 июн, баъди намози пешин дар маҳалли зисташ, дар тарафи собиқ колхози Телман дар наздикии шаҳри Ваҳдат доир шудааст.  Дар бораи иллати марги ӯ маълумоти дақиқ дар даст нест, вале ба гуфтаи афроди наздик ба хонаводаи Неъматзодаҳо, Ҷамолиддин Неъматзода чанд соли охир аз паёмадҳои фарбеҳшавӣ ва бемориҳои ношӣ аз он азият мекашид.

Муфтии собиқи Тоҷикистон Амонулло Неъматзода соли 1935 дар деҳаи Бузургиёни минтақаи Обигарм ба дунё омада, соли 2010 дар Душанбе дар синни 75 вафот кард. Амонулло Неъматзода аз соли 1996 то 1997 муфтӣ ва баъди ба Маркази исломӣ табдили ном кардани муфтиёт, аз соли 1997 то соли 2010 раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон буд. Муфтии кунунии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода баъди Амонулло Неъматзода ба ин мақом расид.

Амонулло Неъматзода

Писари муфтии қаблӣ Ҷамолиддин Неъматзода бештар бо амалҳои баҳсбарангез ва чанд моҷарои пурсарусадо дар зеҳнҳо нақш баста буд.

Аз ҷумла соли 2014 Ҷамолиддин Неъматзода барои ҷанҷолаш бо Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода барои имоматии намози ҷанозаи як марди солхӯрда вирди забонҳо шуд. Як сокини солхӯрдаи Рӯдакӣ васият карда будааст, ки намози ҷанозаашро Эшони Нуриддинҷон бихонад, вале Ҷамолиддин Неъматзода ӯро ба имоматӣ роҳ надод ва дар байни мардуми барои адои намози ҷаноза ҷамъомада пойфишорӣ мекард, ки ба ҳайси сархатиби ноҳия имоматии намози ҷанозаи ин сокини ноҳия ҳаққи ӯст.

Боздошти Махдуми Абдулҳақ, имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансур дар соли 2021 баъд аз маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободиро низ бархе ба ихтилофи байни ӯву Ҷамолиддин Неъматзода дар пайи ба ихтиёри Махдуми Абдулҳақ гузаштани масҷиди Ҳазрати Мавлоно, ки қаблан дар ихтиёри ноҳияи Рӯдакӣ буду имоматиашро Ҷамолиддин Неъматзода дар даст дошт, рабт медиҳанд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, баъди аз даст додани масҷиди Ҳазрати Мавлоно Ҷамолиддин Неъматзода нисбат ба Махдуми Абдулҳақ хусумат пайдо кард ва дар бораи суханрониаш дар намози ҷанозаи Домулло Ҳикматуллоҳ ба мақомоти амниятӣ маълумот дод.

Аммо аз ҳама моҷарои пурсарусадои Ҷамолиддин Неъматзода рӯзи 7 майи соли 2021 пеш аз намози таровеҳ  дар масҷиди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод, ки ӯ имомхатибаш буд.

Дар видеои дар Интернет нашршуда  дида мешуд, ки Ҷамолиддин Неъматзода мехоҳад писараш Азаматуллоҳро ба ҷои худ имоми масҷид кунад, вале мардум ба ин далел, ки писари ӯ чанде аз ин пеш бо иттиҳоми дуздӣ дастгир шуда буд, розӣ намешаванд. Писари Ҷамолиддин мардуми норозиро дашном дод, ки ин боиси эътирозҳо  шуд ва Ҷамолиддин Неъматзода ба ҳимоят аз писараш вориди баҳс шуда, аз гиребони як марди норозӣ дошта, кашола кард, то ки ӯро ба ҳуҷраи дигари масҷид барад.  Намозгузорон монеъ шуда, ба Ҷамолиддин Неъматзода гуфтанд, ки “ин корро накунед”, “шумо хатибед”, “айб аст”.

Вале  Ҷамолиддин Неъматзода як дашноми обдоре ба забон меораду бо баландгӯяк хитоб ба мардум мегӯяд: “Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед! Бимиред ба ин рӯзатон! Наҳзатиҳову салафиҳо дар ин ҷо тӯп (манзур ҷамъ омадед) боз- а?”.​

Баъди расонаӣ шудани ин моҷаро, Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 18 май Неъматов Ҷамонулло, маъруф ба Мулло Ҷамолиддин, писари муфтии собиқи Тоҷикистон Амонулло Неъматзода, аз мақоми имоми масҷиди ҷомеи ба номи “Ҳазрати Муҳаммад (С)”-и деҳаи Саховати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва писари ӯ Азаматуллои Ҷамонулло аз мақоми имоми масҷиди панҷвақтаи ба номи “Эшони Исматулло”-и деҳаи Дарёбоди деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ барканор карда шуданд .Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин   навишт, ин қарорҳо дар ҷаласаҳои ҳайъати муассисони ин ду масҷид қабул шуда, Азаматуллои Ҷамонулло “бо хоҳиши худаш”, вале падари ӯ Ҷамонулло Неъматзода “бино бар вазъи саломатӣ, розигии шифоҳӣ, риоя накардани талаботи низомномаи масҷид ва шартномаи ҳамкориву хизматрасонӣ вобаста ба тарбияи ахлоқию маънавӣ” аз имоматӣ ронда шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button