АфғонистонВидео

САРВАЗИРИ ТОЛИБОН ИДДАО КАРД, КИ ДАР ҲУКУМАТИ ОНҲО ТОҶИКҲО НИЗ ҲУЗУР ДОРАНД (ВИДЕО)

Сарвазири нави “Толибон” мавлавӣ Абдулкабир рӯзи 25-уми майи соли 2023 дар дидор бо шуморе аз чеҳраҳои фарҳангии ҳомии режими “Толибон” иддао намуд, ки “намояндагони тамоми ақвоми сокини Афғонистон дар ҳукумати Аморати исломии Афғонистон ҳузур доранд”.

Сабти видеоии вохӯрии нахуствазири “Толибон” дар телевизиони миллии онҳо пахш шуд. Аз ҷумла ӯ мегӯяд, ки “агар маънии ҳамашумулият ин аст, ки чандто аносири муфсиде, ки дар Афғонистон ҷой надораду фирор кардаанд ва ғуломони хориҷиҳо ҳастанд, дар ҳукумат шомил шаванд, барои миллати мо, барои мо қобили қабул нест. Бо ҳузури ин афрод ҳукумат ҳамашумул намешавад ва бо фасод мувоҷеҳ мешавад”.

Мавлавӣ Абдулкабир иддао намуд, ки дар ҳукумати “Толибон” афроди босалоҳияте аз қавмҳои тоҷик ва ӯзбек ҳузур доранд. Ӯ аз ҷумла гуфт: Бубинед, агар дар низоми қаблӣ Абдурашид Дӯстум буд, дар низоми феълии мо ҷои Дӯстумро Абдусалом Ҳанафӣ гирифтааст…  Вақте Салоҳиддин Раббонӣ дар ҳукумати гузашта аз Бадахшон буд, он ҳукумат ҳамашумул буд, вале ҳоло, ки қорӣ Фасиҳуддин Фитрат раиси ситоди артиш аст, ҳукумат ҳамашумул нест? Аҳмад Масъуд ё каси дигар дар ҳукумати гузашта аз Панҷшер буд, он ҳукумат ҳамашумул буд, вале Нуриддин Азизӣ-соҳиб, аз Панҷшер вазири тиҷорати мо аст ва ин ҳукумат ҳамашумул нест?”

Дар идома сарвазири “Толибон” ҳаргуна қавмпарастӣ дар ҳукумати худро инкор намуда, таъкид намуд, ки намояндагони қавмҳои паштун, тоҷик, ӯзбек, туркман ва дигар ақвом дар умури ҳокимият шарик ҳастанд. Аммо ӯ ҷудогона таъкид кард, ки “мо ба мансабдорҳои ҳукумати пешин маснади ҳукуматӣ намедиҳем”.

Бархе коршиносон ва мансабдорони ҳукумати қаблии Афғонистон бар инанд, ки “Толибон” нафаронеро, ки узви ин гурӯҳ нестанд, ба мансабҳои баланд роҳ намедиҳанд ва ин боис гаштааст, ки дар ҷобаҷогузории кадрҳо дар “Аморати исломии Афғонистон” собиқаи низомии афроди мансабдор бар маҳорат ва дониши онҳо бартарӣ дошта бошад.

Ҳарчанд раҳбарони “Толибон” иддао мекунанд, ки ҳукуматашон фарогири ҳама қавмҳои сокини Афғонистон аст, аммо аксари мансабҳои калидӣ дар дасти аъзои паштунтабори гурӯҳи “Толибон”  буда, гуфта мешавад, ҳузури мансабдорони ғайрипаштун дар ҳукумати сохтаи “Толибон”танҳо намоишист ва дар асл онҳо  салоҳият ва нуфузи чандоне бар тасмимгириҳо надоранд.

Дар ин вохӯрӣ, сарвазири “Толибон”  дар посух ба интиқодҳо, аз ҷумла дар мавриди бесалоҳиятии қорӣ Фасиҳуддин, раиси кулли ситоди артиш “Толибон”-ро рад намуда, гуфт, ки “Фасиҳуддин салоҳияти кофӣ дорад ва камзӯр нест”.

Пештар дар мавриди инҳисори қудрат дар ҳукумати “Толибон”, Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии “Толибон” ибрози назар карда, гуфта буд, ки “низоми онҳо набояд дар инҳисори афроди омӯзишдида дар мадориси динӣ бошад”. Ӯ аз роҳбарияти гурӯҳи “Толибон” ва мақомоти ин режим хост, то ба дигарон ҳам саҳме дар ҳукумат бидиҳанд.

Гурӯҳи “Толибон” моҳи августи соли 2021 Ҷумҳурии исломии Афғонистонро суқут дода, ба ҷои он режими худ бо номи “Аморати исломии Афғонистон”-ро ташкил карданд. Вале бо гузашти қариб ду сол то ҳол ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст ва  ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста аз “Толибон” тақозо дорад, то як ҳукумати фарогири миллиро бо ҷалби намояндагони тамоми қавмҳову гуруҳҳои сокини Афғонистон ташкил дода, ба ҳуқуқи занон арҷ гузоранд.

Аз ҷумла рӯзи 26 майи соли 2023 намояндагони вижаи Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар умури Афғонистон дар як баёнияи муштарак дар поёни нишасте, ки бахшида ба вазъи Афғонистон дар пойтахти Туркманистон, шаҳри Ишқобод баргузор шуд, бори дигар ба зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон, таъмини ҳуқуқи занони ин кишвар ва мубориза бар терроризм таъкид намуда, аз “Толибон’ хостанд, рафтори худро иваз кунанд.

Мавлавӣ Абдулкабир

Мавлавӣ Абдулкабир Задрон, ки бо номи мавлавӣ Абдулкабир Усмонӣ низ маъруф аст, аз афроди таҳти таҳрими Созмони Милал буда, гуфта мешавад, дар як ҳамлаи маргбор, ки дар соли 2007 дар Бағлон рух доду дар он ҳамла 72 нафар, аз ҷумла 59 донишомӯз кушта шуданд, даст дорад. Ӯ аз аз қавми паштун ва аз қабилаи Задрон аст, ки дар устони Пактиё дар шарқи Афғонистон ба сар мебаранд. Мавлавӣ Абдулкабар низ соли 1963 дар ҳамин вилоят таваллуд шудааст.

Абдулкабир дар давраи аввали ҳукумати “Толибон”  вазифаҳое, чун  устондори Нангарҳор, масъули минтақаи шарқ, масъули устонҳои Лағмон, Кунар ва Нуристонро ба ӯҳда дошт. Дар охири соли 2001 масъулияти раҳабрии “Шӯрои Пешовар”-ро ба ӯҳда дошт, ки аз ҷузъу томҳои ташкилотҳои низомии “Толибон” буда, бахше аз ҷангҳои бар зидди артиши Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва нерӯҳои НАТО-ро дар шарқи Афғонистон созмондиҳӣ менамуд. 

Ӯ дар соли 2010 дар Пешовар аз тарафи нерӯҳои амниятии Покистон боздошт ва равонаи зиндон карда шуда буд. Аммо пас аз 6 моҳ ба хотири  пешрафт дар раванди музокироти сулҳ   саршуда байни “Толибон” ва Амрико ӯро аз зиндон озод намуданд. Ҳамин тавр ӯ дар музокироти Амрико бо “Толибон” дар Қатар узви ҳайъати музокиракунандаи “Толибон” буд.

Бино ба гузориши рӯзномаи “Экспресс Трибун”, мавлавӣ Абдулкабир бо пофишории Сироҷиддин Ҳаққонӣ, роҳбари шабакаи “Ҳаққонӣ” ба вазифаи сарвазирӣ таъйин карда шудааст. Сироҷиддин Ҳаққонӣ, ки пештар аз инҳисори қудрат интиқод карда буд, аз тақсими мансабҳои калидӣ миёни ду ҷиноҳ: ҷиноҳи Ҳаққонӣ ва ҷиноҳи Қандаҳор норозӣ аст. Бояд гуфт, ки ҷиноҳи “Ҳаққонӣ” бештар дар шарқи Афғонистон ва ҷиноҳи Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон нуфуз доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button