ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

ЯК ЗАНИ ТАНФУРӮШИ “СОБИҚАДОР” 9 СОКИНИ СУҒДРО ГИРИФТОРИ СПИД КАРДААСТ (ВИДЕО)

Як зани 52-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дидаю дониста ба хатари ба бемории қаттоли вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ ва СПИД) гирифтор кардани 9 сокини вилояти Суғд айбдор мешавад. Дар гузорише, ки рӯзи 18 майи соли 2023 дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфта мешавад, ки ин ҷиноят аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ошкор карда шуд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи милитсияи вилояти Суғд гуфт, ин зани солхӯрда, ки ба далелҳои ахлоқӣ номаш нашр нашудааст ва чеҳраашро ҳам пӯшонида буданд, медонист, ки гирифтори бемории ВИЧ ва СПИД аст ва ба таври хаттӣ ҷиҳати худдорӣ аз паҳн кардани он забонхат ҳам дода буд, вале боз ҳам дидаю дониста бо 8 сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва як сокини шаҳри Бӯстон алоқаи ҷинсӣ карда, онҳоро дучори хатари гирифторӣ ба ин бемории қаттол кардааст. Ин занро, ки бо вуҷуди солхӯрдагӣ, ё ба қавли мардум, ба як ҷо расидани синнаш, ҳамчунон аз ҳисоби танфурӯшӣ зиндагиашро пеш мебурд ва танфурӯши “собиқадор” ё “ветеран” ба шумор меравад, ба он айбдор мекунанд, ки ҳангоми алоқаҳои ҷинсӣ бо мардони гуногун қоидаҳои бехатариро риоя накарда, бо он мардон бе рифола алоқаи ҷинсӣ, ё ба қавли мардум, хобухез кардааст.

Дар Тоҷикистон, тибқи қонун, шахсони гирифтори ВИЧ ва СПИД баъди ошкор шудани ин бемориашон бояд ба таври хаттӣ забонхат бидиҳанд, ки аз хатари ба дигарон сироят ёфтани ин беморӣ ҳадди аксар эҳтиёт хоҳанд кард ва аз ҷумла аз алоқаи ҷинсии бидуни рифола (презерватив) бояд қатъиян худдорӣ кунанд.

Ба зидди зани сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, бар асоси моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин банди қонун барои дидаю дониста таҳти хатари сироят ба СПИД гузоштан ваё ба ин вирус қаттол гирифтор кардани шахсони дигар ҳамчун ҷазо аз маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 3 сол ва аз 2 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ин нахустин мавриди бо иттиҳоми дидаю дониста ба СПИД гирифтор кардани дигарон дастгир шудани занони гирифтори ин беморӣ дар Тоҷикистон нест.

Моҳи марти соли ҷорӣ як зани 46-солаи сокини шаҳри Конибодом дар шимоли Тоҷикистон, ки ба танфурӯшӣ машғул буд,  низ бароидидаю дониста зери хатари гирифторшавӣ ба бемории қаттоли вируси норасоии масунияти бадан, ё СПИД гузоштани 11 нафар аз муштариёнаш дастгир шуд.

Худи зани дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи милитсия, ӯ бо вуҷуди онки ба вируси СПИД гирифтор буданашро медонист, давоми солҳои 2021 – 2022 дидаю дониста боз ҳам ба танфурӯшӣ идома дода, 11 тан аз муштариёнашро зери хафви сироят ба ин вирус қаттол қарор додааст.

Табиби сироятшинос Темур Шарифов мегӯяд, се роҳи гирифторшавӣ ба вируси норасоии масунияти бадан вуҷуд дорад: “1) тавассути алоқаи ҷинсӣ, 2) тазриқӣ ва 3) вақте аз модари бемор ба кӯдаки батни ӯ сироят мешавад. Ин беморӣ чунин аст, ки масунияти баданро дар муқобили бемориҳои дигар заиф мекунад ва батадриҷ ба марги инсон боис мешавад”.

Аз наздики ҳазор нафаре, ки ҳар сол дар Тоҷикистон гирифтори СПИД мешаванд, бино ба ҳисобҳо, қариб 80 фоизаш бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба ин вируси қаттол гирифтор мешаванд.

Бо афзоиши муҳоҷирати аҳолӣ, шумори онҳое, ки аз кишварҳои дигар ва асосан аз Русия ин бемориро бо худ меоранд ва ҳамсарони бехабари худро сироят мекунанд, низ дар афзоиш аст.

Ҷамъи гирифторшудагон ба СПИД аз соли 1991 ба ин тараф, бино ба омори миёнаи соли 2022,  беш аз 14,5 ҳазор нафарро ташкил дода, шумораи онҳое, ки аз ин беморӣ ҷон бохтаанд, ба 4 ҳазор нафар наздик мешавад.

Аммо нозирони умур мегӯянд, шумораи воқеии гирифторони СПИД дар кишвар метавонад хеле бештар аз ин омори расмӣ бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Раиси шаҳри беному нишон гуяд:

    Фасод дар ҳукумати 30-сола 9-млн нафарро фасодзада кардааст. Зану мард, пиру ҷавон дар фасоди густурда даст доранд. Ҳадди ақал 30-соли дигар муфсидтарин кишвари ҷаҳонем!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button