Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУЧАРХАРОНИ 58-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ПОРТЕР” ДАР СПИТАМЕН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар дар шимоли ҷумҳурӣ ва ҳалокати як дучархарони 58-сола дар зери чархи мошини боркаши “Портер” хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, рӯзи 12-уми майи соли 2023, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Портер», Ҳомидов Комилҷон Шавкатович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Куркати ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Худойназаров Абдуманон Турсунмуродович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи мазкурро пахш кардааст. Дар натиҷа, дучархарон Худойназаров А.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД бидуни ироаи ҷузъиёти дигар гуфт, оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо аз аввали моҳи май бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон алакай беш аз 20 нафар ҷон бохтаанд. Аз ҷумла 6 нафар дар як садамаи шаби 1 май дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, 6 нафари дигари субҳи 2 май дар ноҳияи Дарвоз ва се тани дигар шаби 4 май дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ба ҳалокат расиданд.

Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button