ОШКОР ШУДАНИ СЕ ДУЗДӢ ВА ЯК ҚАЛЛОБӢ ДАР ДУШАНБЕ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 12.05.2023
Ошкор гардидани се ҷинояти дуздӣ дар шаҳри Душанбе

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми ноябри соли 2021, шабона шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз онҷо 6-адад чорвои майдаи шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳия бо ҳамроҳии рафиқаш “Рустам” ном шахс содир намудаанд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми январи соли 2023, тахминан соати 10:00 шахсони номаълум бо роҳи пинхонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз онҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва 500 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи ҷавони 25-солаи сокини пойтахт ворид гардидааст, ки 7-уми майи соли 2023, тахминан соати 07:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ҷойи кораш шуда, аз онҷо 3 ҳазору 510 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Боздошт гардидани марди қаллоб

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2022, марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 70 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.