ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

УЛФАТХОНИМ МАМАДШОЕВАРО БА ЗИНДОНИ ЗАНОНАИ НОРАК БУРДААНД

Улфатхоним Мамадшоева, журналист ва фаъоли ҷомиаи шаҳрвандиро, ки моҳи майи соли 2022 боздошт ва дар поёни соли гузашта бо ҷурми ташкили эътирозҳо дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 20 соли зиндон маҳкум шуд, ба зиндони Норак, ягона зиндони занонаи Тоҷикистон интиқол додаанд. Улфатхоним Мамадшоева то кунун қариб як сол боз дар боздоштгоҳи муваққати нигоҳ дошта мешуд.

Дар бораи интиқоли Мамадшоева ба зиндони занонаи Норак рӯзи 11 майи соли 2023 Радиои Озодӣ бо такя ба санаде хабар дод, ки дастрасаш шудааст ва дар он гуфта мешавад, ки интиқоли Мамадшоева аз боздоштгоҳ ба маҳбас ба далели “эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукмаш” сурат гирифтааст.

Як манбаи Озодӣ, ки ба далелҳои амниятӣ аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, гуфтааст, Улфатхоним Мамадшоева аз ҳукмаш шикоят набурд: “Ӯро рӯзи шанбе, 6-уми май, ба маҳбаси Норак интиқол доданд. То он вақт пайвандон чанд дафъа бо ӯ мулоқот карданд, аз саломатӣ шикоят надошт. Барои бозбинии ҳукм низ ариза нанавишта буд”.

Сабаби аз ҳукми тӯлониаш шикоят кардани Мамадшоева дақиқ нест, вале қаблан манобеи огоҳ аз ҳоли бадахшониҳои ҳабсу маҳкумшуда гуфта буданд, ки онҳо умед ва боварӣ ба адолати додгоҳиро аз даст додаанд ва шикоят бурдан ба додгоҳҳои болотарро коре беҳуда мешуморанд.

Улфатхоним Мамадшоева 18 майи соли 2022 дар манзилаш дар шаҳри Душанбе ва  иттифоқан дар рӯзе дастгир карда шуд, ки мақомот бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳ эътирозҳо дар шаҳраки Вамар, маркази ноҳияи Рӯшонро дар Бадахшон саркӯб карданд. Бино ба эътирофи мақомот, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон дар умум беш аз 30 нафар кушта шуданд. Аксари онҳо маҳз дар Вамар ба ҳалокат расиданд.

Моҳи декабри соли 2022 Додгоҳи олии Тоҷикистон Улфатхоним Мамадшоеваро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Шавҳари собиқи ӯ генерал Холбаш Холбашев ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи январи соли 2023 дар як изҳороти вижа гуфт, ки “Мамадшоева Улфатхоним барои ҷалб ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, одамкушӣ ва сӯйиқасд ба он, терроризм, маблағгузорӣ барои гайриқонунӣ соҳиб шудан ва ба дигарон додани лавозимоти ҷангӣ ва яроқи оташфишон, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионӣ, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд”.

Улфатхоним Мамадшоева, раҳбари созмони “Инсоф ва номус” ва устоди собиқи Донишгоҳи славянӣ, ки 66 сол дорад,  рӯзи 17 майи соли 2022, як рӯз қабл аз боздошташ ҳар навъ даст доштани худ дар ташкили эътирозҳоро рад карда буд.

Аммо рӯзи 24 майи соли 2022 дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон филми мустанаде бо номи “Шикасти фитна” намоиш дода шуд, ки дар он Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев даст доштани худ дар ташкили эътирозҳои Бадахшон ва барои ин аз хориҷ пул гирифтанашонро эътироф мекарданд.  Муаллифони филм ҳамин тавр, Мамадшоеваро ба додани маълумот ба мақомоти вижаи як кишвари ғарбӣ айбдор карда, сабти лаҳзаи мулоқоти ӯ бо кормандони як сафоратро дар як қаҳвахона дар маркази Душанбе низ нашр карданд.

Дар он филм аз ҷумла гуфта мешуд, ки гӯё Алим Шерзамонов, як сиёсатмадори мухолифи зодаи Бадахшон, ки дар Аврупо ба сар мебарад, барои ташкили эътирозҳо дар Хоруғ ба Боқир 7 ҳазор доллар ва барои ташкили эътирозҳо дар Рӯшон ба Холбаш 6 ҳазор доллар фиристодааст.

Дар чӣ шароите ин иттиҳомро ба дӯш гирифтани Мамадшоева ва Холбашев маълум набуд, вале Шерзамонов ин иттиҳомро қатъиян рад мекунад. Холбашев ва Мамадшоева низ баъдан дар додгоҳ изҳор доштанд, ки ин “эътирофи гуноҳ” аз онҳо бо роҳи фишор гирифта шуда буд.

Чанд созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи амрикоии дифоъ аз журналистон, раҳоии Улфатхоним Мамадшоева ва дигар журналистону блогерҳои помириро талаб кардаанд. Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, иттиҳомоти зидди Мамадшоева бофта буда, дар асл мақомоти Тоҷикистон ин узви фаъоли ҷомиаи шаҳрвандиро барои фаъолиятҳои журналистиаш ва муборизааш барои ҳуқуқи инсон, аз ҷумла барои ҳимояташ аз ҳуқуқи ақалиятҳои помирӣ, таҳти таъқиб қарор додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button