АфғонистонВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

СИЛОҲБАДАСТОН КУҶО ШУДАНД? ИДОМАИ АМАЛИЁТИ ПОККОРӢ ДАР КӮҲҲОИ ЯЗГУЛОМ

Бино ба иттилои дарёфтии манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар кӯҳҳои ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти муштараки зиддитеррористӣ ба зидди аъзои як гуруҳи силоҳбадаст, ки аз қаламрави Афғонистон вориди ин минтақаи Тоҷикистон шудаанд, ҳамчунон идома дорад. Нирӯҳои вижаи “Алфа”, СОБР ва ОМОН, ки барои ин амалиёти вижа ба ҷамоати Язгулом сафарбар шудаанд, рӯзҳои 27 ва 28 апрели соли 2023 дар кӯҳҳои Язгулом машули амалиёти поккорӣ ва ҷустуҷӯи силоҳбадастони фироркарда будаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, аъзои ин гуруҳ шаби 21 апрел, яъне дар рӯзи иди Фитр тавассути камераҳои балонҳои мошин аз ҳудуди вилояти Бадахшони Афғонистон аз дарёи Панҷ гузашта, дар кӯҳҳои Язгулом пинҳон шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон макони пинҳонгоҳи онҳоро танҳо баъди 5 шабонарӯз ошкор карданд ва шаби 26 апрел дар як задухӯрд дар як дараи кӯҳистонӣ дар атрофи деҳаи Мотравн ду нафар аз силоҳбадастон кушта шуданд. Он вақт гуфта мешуд, ки ба 4 нафари дигар муяссар шудааст, ки ба кӯҳҳои атроф фирор кунанд.

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Язгулом хабарҳои қаблан нашршуда дар бораи гӯё зодаи Язгулом будани яке аз силоҳбадастони кушташударо рад карданд.

“Якто аз кушташудагонро сокини Язгулом мегуфтанд, вале пайвандони нафаре, ки гумон мерафт, кушта шудааст, омада, ҷасадро диданд ва  тасдиқ накарданд. Гуфтанд, ки ин фарзанди онҳо нест”, гуфт як сокини аз ҷараёни амалиёт огоҳи Язгулом рӯзи 28 апрел ба “Бомдод”.

Ин манбаъ хабари ҳангоми убури дарёи Панҷ ғарқ шудани яке аз силоҳбадастонро низ “яке аз фарзияҳо” номид ва афзуд, бино ба хабари фаврии тасдиқношуда, 3 узви дигари ин гуруҳро дар вилояти Бадахшони Афғонистон дастгир кардаанд.

Ахиран хабаргузории русии Sputnik Таджикистан бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки ба ҷуз аз ду марзшикани дар Язгулом кушташуда боз чанд тани дигар марзи Тоҷикистонро убур карда будаанд ва яке аз онҳо ҳангоми фирор дар дарёи Панҷ ғарқ шуда, ба се тани дигар муяссар шудааст, ки фирор кунанд ва дар вилояти Бадахшони Афғонистон паноҳ баранд, вале ба гуфтаи манбаи “Спутник” дар Афғонистон, ҳарсеи онҳо баробари убури марз аз ҷониби мақомоти Толибон дар ҳудуди вулусволии Нусай дастгир гардида, ба шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон бурда шудаанд ва ҳоло таҳти тафтиш қарор доранд.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки субҳи 26 апрел “ду узви ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ” хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ғайриқонунӣ убур кардаанд ва дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳарду “террорист” нобуд карда шуданд. КДАМ гуфт, дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2  тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид.

Кумитаи амният  бо таъкид ба ин ки “зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта зарар надиданд” ҳамчунин хабар дод, ки нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати пурра муайян намудани шахсияти террористон ва дигар ҳаммаслакони ҷиноятии онҳо чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишӣ идома дорад.

Зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта зарар надиданд.

Ва аммо як сокини Язгулом  рӯзи 26 апрел ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дода буд, ки  силоҳбадастон на ду, балки 6 нафар буданд ва пинҳонгоҳи онро дар як дара дар наздикии деҳаи Мотравн, ки аз Будун, маркази ҷамоати Язгулом тақрибан 7 километр дуртар аст, ошкор шудааст.

Бино ба иттилои дарёфтии ин ҳамсуҳбати “Бомдод”, дар натиҷаи ин амалиёт 2 нафар аз силоҳбадастон “безарар гардонида шуданд”, вале 4 тани дигар фирор кардаанд.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” афзуд:  “Ба шуниди ман, ҳолати кор ин хел будааст, ки рӯзи иди Рамазон аз соҳили дарёи Панҷ 2 камераи балони мошин, як сумка тир ва миқдоре маводи таркандаи тротил ёфтаанд. Аз Афғонистон тавассути ҳамин камераҳо гузаштаанд, вале маълум нест, чаро камераҳо ва тиру тротилро дар ин тарафи марз партофта рафтаанд. Ба маълумоти мақомот, дар умум гӯё 6 нафар силоҳбадаст аз Афғонистон ба ин тараф гузаштаанд ва  ду нафараш тоҷику чор тани дигараш аз Афғонистон будаанд. Ҷустуҷӯи онҳо 5 рӯз давом кард ва билохира, шаби 25 апрел пинҳонгоҳашонро дар як дара дар тарафи деҳаи Мотравн ошкор карданд ва амалиёт сар шуд. Гуфтанд, ки ду касро куштанд, вале ба 4 нафари дигар муяссар шудааст, ба тарафи кӯҳҳои атроф фирор кунанд. Амалиёт то ҳол идома дорад ва дар роҳи тарафи Мотравн техникаи ҳарбӣ ва нирӯҳои вижаи мусаллаҳ зиёд дида мешаванд”.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” аз қавли манобеи худ гуфт, ки гӯё аз пинҳонгоҳи силоҳбадастон парчами сиёҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” пайдо шудааст ва ҷангҷӯён ҳам саропо мусаллаҳ буда, дар тан либоси камуфляж ва дар пешониашон латтаҳое бо навиштаи “Ансоруллоҳ” доштаанд.

Созмони тундрави мазҳабии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки онро “Толибони Тоҷикистон” ҳам меноманд ва фаъолияташ дар Тоҷикистон расман манъ карда шудааст,  тақрибан соли 2006 аз ҷониби Амриддин Табаров ном як зодаи ноҳияи Нуробод аз ҳисоби ҷанговарони собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки шароити сулҳи соли 1997 бо ҳукуматро напазируфтанд, ташкил шуд.  Ин гуруҳ соли 2010 аз худ бо як ҳамлаи маргталабона ба бинои УБОП дар Хуҷанд дарак дод. Мақомоти Тоҷикистон ошӯбҳои мусаллаҳонаи солҳои 2009, 2010 ва 2011 дар Тавилдара ва Раштро низ кори дасти “Ансоруллоҳ” меноманд.

Соли 2015 асосгузори “Ансоруллоҳ” Амриддин Табаров дар Афғонистон кушта шуд ва раҳбарии ин созмонро писараш Муҳаммад Шарифов, мулаққаб ба Маҳдӣ Арсалон ба даст гирифт. Маҳдӣ Арсалон ва афродаш аз тарафи ҷунбиши Толибони Афғонистон меҷангиданд ва баъди ба дасти Толибон афтодани ҳукумати Афғонистон, бино ба хабарҳо, режими Толибон назорати қисматҳое аз марзи Бадахшони Афғонистон бо Бадахшони Тоҷикистонро ба гуруҳи Арсалон супурда буданд.

Ҷамоати Язгулом дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст.

Вуруди гуруҳи силоҳбадаст ба Язгулом нахустин кӯшиши убури гуруҳҳои мусаллаҳ аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон аз замони дар он сӯи дарё ба қудрат расидани ҳаракати тундрави Толибон ном бурда мешуд. Шаби 28 апрел дар минтақаи Тишори ноҳияи Шуғнон бо нирӯҳои силоҳбадасти аз Афғонистон воридшуда боз як задухӯрд сурат гирифт, ки дар он подполковник Комрон Раҷабзода, сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Хоруғ кушта шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button