ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДОДГОҲИ РУСИЯ АЗ ПАДАРУ МОДАРИ ТОҶИК ТАЛАБ ДОРАД, КИ ФАРЗАНДАШОНРО БАРГАРДОНАНД

Додгоҳи  ноҳияи Качуги вилояти Иркутски Русия рӯзи 23 марти соли 2023 даъвои хонаводаи Бухашеевҳоро, ки соли 2017 Маша Ғайбуллоева, фарзанди муҳоҷирони тоҷикро ба фарзандӣ гирифта буд, баррасӣ кард. Дар тобистони соли 2022 додгоҳи шаҳри Иркутск қарори  фарзандхонии Ғайбуллоева Мария Азизовна, соли таваллудаш 2017-ро бекор карда, Машаро аз оилаи Бухашеевҳо гирифта, ба модари биологиаш шаҳрванди Тоҷикистон Аноргул Ғайбуллоева баргардонда буд. Аноргул Ғайбуллоева сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шавҳараш Азиз Асадов аз ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав чанд сол боз талош доштанд, ки фарзандашонро аз он оилаи бурятҳо пас гирифта, ба Тоҷикистон баранд, вале Бухашеевҳо аз ин қарори додгоҳ шикоят бурданд ва Машаро ба Тоҷикистон бурда натавонистанд.

Бухашеевҳо талаб доданд, ки қарори аз онҳо гирифтани кӯдакро бекор карда, Машаро аз падару модари биологиаш гирифта, ба онҳо баргардонанд. Додгоҳи ноҳияи Качуг ин талаби онҳоро қонеъ сохт ва ҳукми додгоҳи қаблиро бекор карда, қарор кард, ки кӯдакро ба Бухашеевҳо баргардонанд.

Дар ин бора рӯзи 30 март ба сомонаи маҳаллии ИРК.РУ адвокати Бухашеевҳо Алексей Гордилежа хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, ҳукми додгоҳ ҳанӯз қувваи қонун нагирифтааст ва падару модари биологии Маша Ғайбуллоева метавонанд дар зарфи як моҳ аз он шикоят баранд.

Гордилежа афзуд, ки макони будубоши кунунии кӯдак маълум нест ва ӯро таҳти ҷустуҷӯи федералӣ гузоштаанд.

Аз тобистони соли 2022, аз замоне ки волидони кӯдак ба сабаби шикояти Бухашеевҳо фарзанди худро ба Тоҷикистон бурда натавонистанд, Маша Ғайбуллоева бо падару модараш таҳти ҳимояти консулгарии умумии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск қарор доштанд. Консулгарии Тоҷикистон то кунун хабари қарори додгоҳ дар бораи ба Бухашеевҳо баргардондани Маша Ғайбуллоеваро шарҳ надодааст.

Михаил Бухашеев, падархонди Маша  он вақт гуфта буд, оилаи онҳо, ки аз бефарзандӣ ин тифли тоҷикро ба фарзандӣ гирифта буд, бо қарори додгоҳ розӣ нест ва бо ҷалби ҷомиа талош хоҳад кард, то Машаро ба онҳо бозпас бидиҳанд.

 “Мо аз ин қарор шикоят мекунем. Даъво мекунем, то охир меравем. Дилам хун мешавад аз фикри ин, ки ӯ дар онҷо чӣ ҳол дорад? Ман чӣ гуна ба ин кӯдак хиёнат кунам?  Ман чӣ, попӯшҳои ӯро бояд ба қуттии ахлот партояму фаромӯшаш кунам? Не, албатта. Ин кӯдак дар зери пӯсти худ ҳамеша ёди моро нигоҳ хоҳад дошт. Ӯ ҳамагӣ ду моҳ дошт, ки мо ӯро ба фарзандӣ хондем. Ӯ барои мо яктост…” – гуфтааст Михаил Бухашеев.

Аноргул Ғайбуллоева Машаро рӯзи 3 октябри соли 2017 дар яке аз таваллудхонаҳои Иркутск ба дунё овард, вале ӯро баъди таваллуд бо гумони доштани вируси бемории сил ба бемористони бемориҳои сил интиқол доданд ва кӯдакашро ба ӯ надоданд.

Татяна Плетан, муовини вазири рушди иҷтимоии вилояти Иркутск нақл карда буд, ки Маша як муддат баъди таваллудаш дар бемористони кӯдаконаи Ивано-Матрёнинская қарор дошт ва моҳи декабри соли 2017 ба оилаи Бухашеевҳо дода шуд. Бухашеевҳо моҳи феврали соли 2018 ба ҳайси васии Маша дониста шуда, барои нигоҳубини ӯ аз давлат кумаки пулӣ мегирифтанд.

Моҳи апрели соли 2018 падари Маша Азиз Асадов ба додгоҳи Иркутск даъво бурд, ки дар санадҳои Маша ӯро ҳамчун падар зикр кунанд ва фарзандашро баргардонанд. Талошҳои ӯ натиҷа надод ва моҳи октябри соли 2018 Бухашеевҳо Машаро расман ба фарзандӣ хонданд.

Падару модари биологии Машаро, вақте барои баргардондани фарзандашон даъвои зиёд карданд, ҳатто аз Русия ихроҷ карданд, вале онҳо ба даъвои худ идома доданд ва дар ниҳоят додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Иркуст қарори фарзандхонии Машаро бекор кард.

Дар ин байн баъди онки даъвоҳояш тавассути адвокат барои баргардондани Маша самар наовард, Аноргул Ғайбуллоева моҳи июли соли 2022 худаш шахсан ба Иркутск омад ва аз додгоҳ хост, ки фарзандашро ба ӯ баргардонанд. Додгоҳ низ ба ин далел, ки қонунгузорӣ наметавонад монеи ба волидони воқеияш баргардондани кӯдак шавад, Машаро ба Аноргул баргардонд.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки вилояти Иркутск Татяна Афанасева дар робита ба ин қазияи пурпечутоб гуфта буд: “Албатта, ин як ҳолати фоҷиаомез аст, вале тибқи тамоми қонунҳо, кӯдак ҳақ дорад, ки волидони худро бидонад ва ҳамроҳи онҳо зиндагӣ кунад. Давлат бошад муваззаф аст, ки ба кӯдак барои истифода аз чунин ҳаққаш шароит фароҳам биорад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳиҷрати мунтаззам аз Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммапури Ҳамадонӣ гуяд:

    Россия беш аз 100-ҳазор сарбози русро бо ду дасти адаб ба “мясорубка”-и Украина супорид, тоҷикон ҳанӯз ҳам дар фикри пулу молу шаҳрвандии россия ҳастанд, эй тоҷикон! на худатон на фарзандонатон барои россия ҳеч арзише надоред, замини худо васеъ аст, ягон ҷойи дигарро интихоб кунед!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button