ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

ЯК ЗАНИ ГИРИФТОРИ СПИД ДАР КОНИБОДОМ ДИДАЮ ДОНИСТА БО 11 МАРД АЛОҚАИ ҶИНСӢ КАРДААСТ (ВИДЕО)

Як зани 46-солаи сокини шаҳри Конибодом дар шимоли Тоҷикистон, ки бо вуҷуди гирифториаш ба бемории вируси норасоии масунияти бадан, ё СПИД ба танфурӯшӣ машғул буд, ба дидаю дониста зери хатари гирифторшавӣ ба ин бемории қаттол гузоштани 11 нафар аз муштариёнаш айбдор мешавад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд рӯзи 28 марти соли 2023 дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” хабар дод, ки ба зидди ин зани танфурӯши “собиқадор” дар шуъбаи милитсияи шаҳри Конибодом бар асоси моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин банди қонун барои дидаю дониста таҳти хатари сироят ба СПИД гузоштан ваё ба ин вирус қаттол гирифтор кардани шахсони дигар ҳамчун ҷазо аз маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 3 сол ва аз 2 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Худи зани дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи милитсия, ӯ бо вуҷуди онки ба вируси СПИД гирифтор буданашро медонист, давоми солҳои 2021 – 2022 дидаю дониста боз ҳам ба танфурӯшӣ идома дода, 11 тан аз муштариёнашро зери хафви сироят ба ин вирус қаттол қарор додааст.

Табиби сироятшинос Темур Шарифов мегӯяд, се роҳи гирифторшавӣ ба вируси норасоии масунияти бадан вуҷуд дорад: “1) тавассути алоқаи ҷинсӣ, 2) тазриқӣ ва 3) вақте аз модари бемор ба кӯдаки батни ӯ сироят мешавад. Ин беморӣ чунин аст, ки масунияти баданро дар муқобили бемориҳои дигар заиф мекунад ва батадриҷ ба марги инсон боис мешавад”.

Аз наздики ҳазор нафаре, ки ҳар сол дар Тоҷикистон гирифтори СПИД мешаванд, бино ба ҳисобҳо, қариб 80 фоизаш бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба ин вируси қаттол гирифтор мешаванд.

Бо афзоиши муҳоҷирати аҳолӣ, шумори онҳое, ки аз кишварҳои дигар ва асосан аз Русия ин бемориро бо худ меоранд ва ҳамсарони бехабари худро сироят мекунанд, низ дар афзоиш аст.

Ҷамъи гирифторшудагон ба СПИД аз соли 1991 ба ин тараф, бино ба омори миёнаи соли 2022,  беш аз 14,5 ҳазор нафарро ташкил дода, шумораи онҳое, ки аз ин беморӣ ҷон бохтаанд, ба 4 ҳазор нафар наздик мешавад.

Аммо нозирони умур мегӯянд, шумораи воқеии гирифторони СПИД дар кишвар метавонад хеле бештар аз ин омори расмӣ бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button